Ба моликияти давлатї гузаронидашуда
Моддаи 453. Тартиби ихтиёрдории мол ва воситањои наќлиёти ба моликияти давлатї гузаронидашуда
Ихтиёрдории молу воситањои наќлиёти ба моликияти давлатї гузаронидашуда мувофиќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амалї карда мешавад.
Моддаи 454. Ихтиёрдории моле, ки мўњлати нигањдории муваќќатии он ё мўњлати нигањдориаш дар анбори гумрукї гузаштааст
Моле, ки мўњлати нигањдории муваќќатї ё мўњлати нигањдориаш дар анбори гумрукї гузаштааст, дар асоси акти тибќи намунаи муайянкардаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї тањиянамудаи маќомоти гумрук, ки гузаштани мўњлати нигањдории муваќќатї ё мўњлати нигањдорї дар анбори гумрукиро ба ќайд мегирад, ихтиёрдорї карда мешавад. Нусхаи дуюми ин акт бояд ба соњиби ќонунии мол супорида шавад, ба шарте, ки ин шахс аз тарафи маќоми гумрук муайян карда шуда бошад . Нусхаи акт ба соњиби анбори нигањдории муваќќатї ё соњиби анбори гумрукї супорида мешавад.
Моддаи 455. Ихтиёрдории мол ва воситањои наќлиёте, ки далели шайъии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурианд
1. Маќомоти гумрук метавонанд молу воситањои наќлиётро, ки далели шайъии парвандањои њуќуќвайронкунии маъмурианд, њангоми мављуд набудани шароитњои нигањдории онњо ва њангоми аз арзиши мол зиёд будани харољоти воќеии нигањдории онњо, инчунин дар њолатњои дигари муайянкардаи Кодекси Љумњурии Тољикистон дар бораи њуќуќвайронкунии маъмурї ва ќонунњои дигари Љумњурии Тољикистон ихтиёрдорї намоянд.
2. Агар њангоми баррасии парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї дар бораи мусодираи молу воситањои наќлиёти дар ќисми 1 њамин модда зикрёфта ќарор ќабул карда шавад, маблаѓи аз фурўши ин молу воситаи наќлиёт бадастомада ба њисоби буљети давлатї гузаронида мешавад.
3. Молу воситањои наќлиёте, ки далели шайъии парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї буда, нисбати онњо љињати баргардонидан ба соњиби ќонуниашон ќарор ќабул карда шудааст, вале соњибашон дар давоми як моњи эътибори ќонунї пайдо кардани ќарор оид ба парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурї онњоро талаб карда нагирифтааст, мувофиќи њамин боб ихтиёрдорї карда мешавад, ба шарте, ки агар нигањдории ин молу воситањои наќлиёт аз тарафи маќомоти гумрук ё тањти назорати онњо анљом дода шуда бошад.
Молу воситањои наќлиёт дар асоси акти маќомоти гумрук, ки гузаштани мўњлати дархости онњоро сабт менамояд ва тибќи намунаи тасдиќнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои гумрукї тањия гардидааст, ихтиёрдорї карда мешавад.
Моддаи 456. Тартиб ва усулњои ихтиёрдории молу воситањои наќлиёт
1. Молу воситањои наќлиёт аз љониби ташкилоте, ки Њукумати Љумњурии Тољикистон ваколатдор намудааст, бо роњи фурўш, нобуд сохтан ё партов гардонидан тибќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон ихтиёрдорї карда мешавад.
2. Маќоми гумрук пештар, вале дар мўњлати на дертар аз 15 рўз соњиби ќонунї ё шахси дар моддаи 15 њамин Кодекс зикршударо (ба шарте, ки ин шахсон аз тарафи маќоми гумрук муайян карда шуда бошанд) дар бораи ба ихтиёри ташкилоти ваколатдор додани молу воситањои наќлиёт хабардор менамояд.
3. Молу воситањои наќлиёт тибќи нархи муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон фурўхта мешавад.
4. Молу воситањои наќлиёти ба фурўш гузошташударо шахсони мансабдори маќомоти гумрук, кормандони ташкилотњои ваколатдор, њамчунин аъзои оилаи онњо харидорї карда наметавонанд.
5. Агар дар санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон, дар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад, молу воситањои наќлиёте, ки муомилоташон дар Љумњурии Тољикистон манъ аст, инчунин моле, ки нархи нигањдорї ва фурўши он аз арзишаш зиёд аст ё мувофиќи ќонунњои Љумњурии Тољикистон ва санадњои меъёрии њуќуќии дигари Љумњурии Тољикистон бояд несту нобуд карда ва ё партов гардонида шаванд.
6. Молу воситањои наќлиёт аз њисоби шахси дар моддаи 15 њамин Кодекс зикршуда ва агар ин шахс муайян карда нашуда бошад, аз њисоби соњиби ќонунї ва агар соњиби ќонунї њузур надошта бошад аз њисоби буљети давлатї несту нобуд карда мешавад, ба шарте агар тибќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нисбати намудњои алоњидаи мол тартиби дигаре пешбинї нашуда бошад.
Моддаи 457. Ихтиёрдории маблаѓи аз фурўши молу воситањои наќлиёт бадастомада
1. Маблаѓи аз фурўши молу воситањои наќлиёт бадастомадае, ки ба моликияти давлатї гузаронида нашуданд, ба соњибони ќонунї тибќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон дар давоми 3 сол аз фурўши онњо пардохта мешавад. Аз ин маблаѓ бољњои гумрукии воридотї, андоз нисбати моли хориљї, ба мисли оне, ки њангоми иљозат ба муомилоти озод супорида мешуд, инчунин харољоти њамлу наќл (интиќол), нигоњдорї ва фурўши он, аз љумла, харољоти экспертиза ва нархгузорї, ки маќомоти гумрук ва шахсони дигар масраф намудаанд, ситонида мешаванд.
2. Агар маблаѓи аз фурўши молу воситањои наќлиёт бадастомада барои пардохти бољњои гумрукї, андоз ва љуброни тамоми харољоти маќомоти гумрук ва шахсони дигаре, ки мувофиќи ќонунгузории граждании Љумњурии Тољикистон њуќуќи аз њисоби ин маблаѓ љуброн шудани харољоти худро доранд, кофї набошад, он тибќи навбати зайл таќсим карда мешавад:
1) дар навбати аввал ба буљети давлатї маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз гузаронида мешавад;
2) дар навбати дуввум харољоти њамлу наќл (интиќол), нигоњдорї ва фурўши мол љуброн карда мешавад.
3. Харољот, инчунин њисоби чунин харољот тибќи тартиби навбати таќвимии ворид гардидани њуљљатњое, ки њуќуќи љуброни харољотро мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунанд, анљом дода мешавад.
4. Баъди гузаштани мўњлати дар ќисми 1 њамин модда пешбинишуда, маблаѓи аз фурўши молу воситањои наќлиёт бадастомада ба буљети давлатї гузаронида мешавад.
5. Маблаѓњои аз фурўши молу воситањои наќлиёт бадастомадае, ки ба моликияти давлатї гузаронида шудаанд, ба истиснои харољоти њамлу наќл (интиќол), нигањдорї ва фурўш, ки дар ќисми 1 њамин модда пешбинї гардидааст, ба буљети давлатї гузаронида мешаванд.
Моддаи 458. Њуќуќи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї љињати ройгон додани моле, ки ба моликияти давлат гузаронида шудааст
Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мувофиќи тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад доруворї, озуќаи зудвайроншаванда, ѓизои кўдакон, њамчунин либос, пойафзол ва маводи дигари зарурии рўзѓорро, ки ба моликияти давлат гузаронида шудаанд, ба муассисањои таъминоти иљтимої, нигоњдории тандурустї, маориф, муассисањои бачагона, маќомоти њифзи иљтимоии ањолї, маводи таърихї, объектњои илмї ва асарњои санъатро, ки арзиши фарњангї надоранд, ба осорхонањо, ашёи олами њайвонот ва набототро ба боѓи њайвонот, мамнўъгоњњо, осорхонањо, маводи ибодатиро ба ташкилотњои динї супорад.
Моддаи 459. Хусусияти ихтиёрдории намудњои алоњидаи мол
Металњои ќиматбањо, сангњои ќиматбањо ва маснуоти онњо, арзишњои фарњангї, моли тамѓагузоришаванда ва дигар моле, ки муомилоти он дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон мањдуд карда шудааст, тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ихтиёрдорї карда мешаванд.