Фасли 1v. назорати гумрукї
Боби 49. ЌОИДАЊОИ УМУМИЕ, КИ БА НАЗОРАТИ
ГУМРУКЇ ТААЛЛУЌ ДОРАНД
Моддаи 399. Усулњои гузаронидани назорати гумрукї
1. Њангоми назорати гумрукї маќомоти гумрук усулњои интихобиро асос мекунанд ва одатан танњо бо њамон навъи назорати гумрукї мањдуд мешаванд, ки барои таъмини риояи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон кифоя аст.
2. Њангоми интихоби навъи назорати гумрукї усули идора намудани таваккал (риск) истифода мешавад. Дар ин њолат тањти мафњуми таваккал эњтимоли риоя нагардидани ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон фањмида мешавад.
Усули идора намудани таваккал ба истифодаи самараноки захирањои маќомоти гумрук барои пешгирии вайрон кардани ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон асос меёбад, ки:
1) хусусияти устувор дорад;
2) бо саркашї аз супоридани бољњои гумрукию андозњо дар њаљми нињоят калон алоќаманд аст;
3) раќобатпазирии молистењсолкунандагони ватаниро халалдор мекунад;
4) ба дигар манфиатњои барои давлат муњим, ки риояаш ба зиммаи маќомоти гумрук гузошта шудааст, дахолат мекунад.
3. Маќомоти гумрук усулњои тањлили таваккалиро барои муайян кардани молњо, воситањои наќлиёт, њуљљатњо ва шахсон, ки ба тафтиш, муоина ва дараљаи чунин тафтиш ва муоина дахл доранд, истифода мебаранд.
4. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї стратегияи назорати гумрукиро вобаста ба системаи арзёбии таваккал муайян мекунад.
5. Бо маќсади такмил додани назорати гумрукї маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо маќомоти гумруки давлатњои њориљї њамкорї мекунад, бо онњо оид ба ёрии байнињамдигарї созишномањо мебандад.
6. Назорати гумрукиро танњо маќомоти гумрук мутобиќи њамин Кодекс амалї менамоянд.
Моддаи 400. Мўњлати тафтиши декларатсияи гумрукї, дигар њуљљатњо ва мол њангоми барасмиятдарории гумрукї
1. Њангоми барасмиятдарории гумрукии мол тафтиши декларатсияи гумрукї ва дигар њуљљатњои ба маќоми гумрук пешнињодшаванда, инчунин тафтиши мол бо маќсади муќаррар кардани мувофиќати маълумоти дар декларатсияи гумрукї дарљгардида, дигар њуљљатњо, ном, кишвари истењсол, миќдор ва нархи мол бояд дар давоми на дертар аз ду рўзи кории баъди декларатсияи гумрукиро ќабул намудани маќомоти гумрук, нишон додани мол ва пешнињоди њуљљатњо, ба истиснои њолатњое, ки њамин Кодекс мўњлатњои аз ин кўтоњро муќаррар кардааст, анљом дода шавад.
2. Маќоми гумрук њуќуќ дорад мўњлати тафтиши молро дароз намояд, агар моли барои тафтиш пешнињодшуда ба љойњои борпечонї барои намунањои алоњида ва (ё) номгўи молњо ва (ё) маълумот оид ба борљома ва маркировкаи њуљљатњои тиљоратї ва (ё) наќлиётии мол таќсим карда нашуда бошад. Мўњлати тафтиши мол бо шарте дароз карда мешавад, ки вазъияти зикршуда ба маќомоти гумрук иљрои амалиётро барои муќаррар кардани мувофиќати мол ва маълумот дар бораи он имкон намедињад. Мўњлати тафтиши мол ба мўњлате, ки ба шахси нисбати мол ваколатдор барои партияи молро ба молњои алоњида људо кардан зарур аст, тамдид карда мешавад.
Моддаи 401. Молу воситањои наќлиёте, ки тањти назорати гумрукї ќарор доранд
1. Молу воситањои наќлиёти ба ќаламрави Љумњурии Тољикистон воридгардида аз ваќти убури сарњади гумрукї њангоми ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид шуданашон то лањзањои зерин тањти назорати гумрукї ба њисоб мераванд:
1) иљозат барои муомилоти озод;
2) нобудкунї;
3) даст кашидан ба манфиати давлат;
4) гузаронидани мол ба моликияти давлатї ё ихтиёрдории онњо бо дигар усул мутобиќи фасли VI њамин Кодекс;
5) воќеан содир кардани мол ва воситањои наќлиёт аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон.
Истифода ва ихтиёрдории моли воридгардида ва воситањои наќлиёти тањти назорати гумрукї ќарордошта тибќи тартиб ва шартњои дар њамин Кодекс муайяншуда ба љо оварда мешавад.
2. Молу воситањои наќлиёти ватанї њангоми аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон баровардани онњо аз лањзаи ќабули декларатсияи гумрукї ё иљрои амали бевоситаи баровардани мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ва то убури сарњади гумрукї тањти назорати гумрукї ба њисоб мераванд.
3. Маќомоти гумрук назорати иљрои ўњдадории шахсонро љињати воридоти бозпаси молу воситањои наќлиёти ватанї ё мањсули коркарди онњоро мувофиќи шартњои низоми гумрукї, тибќи тартиби пешбининамудаи њамин фасл анљом медињанд, агар чунин мол (мањсули коркард), ки пештар аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бароварда шуда буданд, мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон њатман бозпас оварда шавад.
Моддаи 402. Тафтиши дурустии маълумот баъди иљозати мол ва (ё) воситањои наќлиёт
1. Баъди иљозати мол ва (ё) воситањои наќлиёт маќомоти гумрук њуќуќ доранд тафтиши сањењии маълумоти њангоми барасмиятдарории гумрукї пешнињодшударо мутобиќи боби 50 њамин Кодекс иљро намоянд.
2. Маќомоти гумрук баъди иљозати мол ва (ё) воситањои наќлиёт дар муддати як сол аз рўзи статуси худро гум кардани моли тањти назорати гумрукї тафтиши сањењии молро анљом дода метавонанд.
3. Тибќи њолатњо ва тартиби пешбининамудаи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон маќомоти гумрук њангоми муомилоти моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида, тафтиши маълумоти тасдиќкунандаи иљозати чунин молро мутобиќи талаботу шартњои дар њамин Кодекс муќарраршуда, инчунин бо роњи тафтиши маркировкаи мол ва дигар аломатњои њаммонандсозї, ки расман ворид намудани молро ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон тасдиќ мекунанд, анљом медињанд.
Моддаи 403. Минтаќањои назорати гумрукї
1. Минтаќањои назорати гумрукї бо маќсади назорати гумрукї дар шакли азназаргузаронї ва муоинаи гумрукии молу воситањои наќлиёт, нигањдошт ва интиќол тањти назорати гумрукї ташкил карда мешаванд.
Минтаќањои назорати гумрукї ќад-ќади сарњади гумрукї, дар мањалњои барасмиятдарории гумрукї, мањалњои батанзимдарорї ва амалиёти гумрукї, дар мањалњои борбардорию борфарорї азназаргузаронї ва муоинаи онњо, дар мањалњои нигоњдории муваќќатї, истгоњи васоити наќлиёте, ки бори тањти назорати гумрукї бударо мекашонанд ва мањалњои дигари мутобиќи њамин Кодекс муайяншуда, ташкил карда мешаванд.
2. Дар сурати мунтазам љойгиршавии моли тањти назорати гумрукї минтаќањои назорати гумрукї муваќќатан ё доимї буда метавонанд. Минтаќањои назорати гумрукии муваќќатї дар асоси шартњои зерин ташкил карда мешаванд:
1) барои барасмиятдарории молу воситањои наќлиёт берун аз мањали иљрои амалиёти гумрукї (моддаи 465) - агар иљрои чунин амалиёт муайян кардани минтаќањои назорати гумрукиро вобаста ба зарурати таъмини бемамониати фаъолияти маќомоти гумрук талаб намояд;
2) њангоми зарурати иљрои азназаргузаронї ва муоинаи молу воситањои наќлиёте, ки маќомоти гумрук берун аз минтаќаи доимии назорати гумрукї ошкор кардаанд;
Ќарор дар бораи ташкили минтаќањои назорати гумрукии муваќќатї аз тарафи сардори маќомоти гумрук ё шахси ивазкунандаи ў дар шакли хаттї ќабул карда мешавад.
3. Тартиби ташкил ва аломатгузории минтаќањои назорати гумрукї, инчунин талабот ба онњо, ба истиснои ташкили минтаќаи назорати гумрукї ќад - ќади сарњади гумрукї, аз тарафи маќоми салоњиятдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад. Минтаќањои назорати гумрукии ќад - ќади сарњади гумрукї тибќи тартиби муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон муайян карда мешаванд.
Тартиби ташкил ва аломатгузории минтаќањои назорати гумрукї, инчунин талабот ба онњо, дар сурати сохтани онњо дар минтаќаи нуќтаи гузаргоњ аз сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон аз тарафи маќоми салоњиятдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад.
4. Фаъолияти истењсолї ва фаъолияти дигари тиљоратї, интиќоли молу воситањои наќлиёт, шахсон, аз љумла шахсони мансабдори маќомоти дигари давлатї аз сарњади минтаќањои назорати гумрукї ва дар њудуди онњо танњо бо иљозати маќомоти гумрук ва тањти назорати онњо мумкин аст, ба истиснои њолатњое, ки дар њамин Кодекс ва дигар ќонунњои Љумњурии Тољикистон пешбинї гардидаанд. Дар чунин њолатњо ба минтаќањои назорати гумрукї бо роњи ќаблан огоњ намудани маќомоти гумрук дохил шудан мумкин аст.
Дар нуќтаи гузаргоњи Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон мањдудиятњои зикргардида нисбати иљрои амалиёти интиќоли молу воситањои наќлиёт ва шахсон аз сарњади минтаќаи назорати гумрукї танњо дар доираи низоми муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амал мекунанд.
5. Мол танњо дар минтаќањои назорати гумрукї тафтиш карда мешавад.
Моддаи 404. Пешнињоди њуљљатњо ва маълумоте, ки барои назорати гумрукї заруранд
1. Шахсоне, ки молу воситањои наќлиётро аз сарњади гумрукї интиќол медињанд, брокерњои гумрук (намояндањо), соњибони анборњои нигоњдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї ва боркашонњои гумрукї вазифадоранд ба маќомоти гумрук њуљљату маълумотеро пешнињод намоянд, ки мутобиќи њамин Кодекс барои назорати гумрукї заруранд.
2. Маќоми гумрук њуљљату маълумотеро, ки барои назорати гумрукї заруранд, ба таври хаттї талаб менамояд ва мўњлати пешнињоди онњоро вобаста ба мўњлате, ки барои назорати гумрукї кифоя аст, муќаррар менамояд. Бо мурољиати асосноки шахс ин мўњлат аз тарафи маќоми гумрук ба мўњлати барои пешнињоди њуљљату маълумоти зарурї дароз карда мешавад.
3. Барои назорати гумрукї маќомоти гумрук њуќуќ доранд аз бонк ва дигар ташкилотњои ќарздињанда оид ба алоќамандии амалиёти шахсон бо фаъолияти иќтисодии берунї ва пардохти бољи гумрукї ва андозњо, ки дар моддаи 15 њамин Кодекс зикр гардидааст, инчунин оид ба амалиёти брокерњои гумрукї, соњибони анборњои нигоњдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї ва боркашонњои гумрукї низ мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон маълумот гиранд.
4. Бо маќсади тафтиши дурустии маълумот баъди иљозати мол барои муомилот, маќомоти гумрук њуќуќ доранд њуљљатњои тиљоратї, њисобу китоби бухгалтерї ва дигар маълумот, аз љумла њуљљатњои электрониро, ки ба амалиёти иќтисодии хориљии ин мол тааллуќ доранд ва ин маълумот дар бораи моли ба минтаќаи гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида бошад - инчунин барои амалиёти дигар нисбати ин мол аз декларант ё дигар шахсоне, ки ба ин мол муносибат доранд, талаб карда гиранд.
5. Маќомоти гумрук њуќуќ доранд барои назорати гумрукї аз маќомоте, ки шахсони њуќуќиро ба ќайд мегиранд ва аз дигар маќомот маълумот талаб намоянд.
6. Њуљљатњои барои назорати гумрукї зарурї бояд аз тарафи шахсон баъди соле, ки мол статуси тањти низоми гумрукї буданашро гум мекунад, дар давоми се соли таќвимї нигоњ дошта шаванд. Брокерњои гумрук (намояндањо), соњибони анборњои нигоњдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї ва боркашонњои гумрукї баъди соле, ки амалиёти гумрукї гузаронида шудааст, бояд се соли таќвимї њуљљатњоро нигоњ доранд.
Моддаи 405. Пешнињоди њисобот бо маќсади назорати гумрукї
Брокерњои гумрукї (намояндањо), соњибони анборњои нигоњдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї, соњибони маѓозањои савдои бебољ, боркашонњои гумрукї, шахсони тартиби соддагардонидашудаи махсусро истифодабаранда (моддаи 68), инчунин шахсони дорои моли шартан иљозатшуда ва (ё) онро истифода мебаранд, бо талаби маќомоти гумрук вазифадоранд дар бораи моли нигоњдошташаванда, интиќолшаванда, фурўхташаванда, коркардашаванда ва (ё) истифодашаванда тибќи намунаи муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї маълумот пешнињод намоянд.
Моддаи 406. Норавоии расонидани зарари ѓайриќонунї дар ваќти назорати гумрукї
1. Њангоми назорати гумрукї ба боркашонњо, декларант, намояндагони онњо, соњибони анборњои нигоњдории муваќќатї, соњибони анборњои гумрукї, соњибони маѓозањои савдои бебољ ва дигар шахсони манфиатдор, инчунин ба молу воситањои наќлиёт набояд зарар расонида шавад.
2. Зараре, ки аз ќарорњои ѓайриќонунии маќомоти гумрук ё шахсони мансабдори он њангоми назорати гумрукї расидааст, аз љумла манфиати аз даст рафта (даромади ногирифта) бояд пурра љуброн карда шавад.
3. Барои зараре, ки ба шахс расидааст, маќомоти гумрук ё шахсони мансабдори он мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон љавобгар мебошанд.
4. Зараре, ки ба шахс дар натиљаи ќабули ќарори ќонунї ва амали шахсони мансабдори маќомоти гумрук расидааст, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, љуброн карда намешавад.