Боби 32. минтаќаи озоди гумрукї

Моддаи 264. Таъиноти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї

1. Минтаќаи озоди гумрукї низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он моли хориљї дар ќаламрави сарњади дахлдор дар минтаќањои озоди иќтисодї, бо роњи пурра ё ќисман озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз, инчунин бе истифодаи мамнўият ва мањдудияти дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон љойгир ва истифода бурда мешаванд.

2. Минтаќаи озоди гумрукї њамчун ќаламраве, ки дар он низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї амал мекунад, мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ташкил карда мешавад.

Моддаи 265. Моле, ки барои љойгир намудан тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї иљозат дода мешавад

1. Дар њудуди минтаќаи озоди гумрукї тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї моле иљозат дода мешавад, ки барои ташкил намудани минтаќаи озоди иќтисодї зарур аст, ба истиснои њолатњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон.

2. Номгўи молњои барои ташкили минтаќаи озоди иќтисодї зарурї тибќи Низомномаи минтаќаи озоди гумрукї, ки мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон тасдиќ мегардад, муќаррар карда мешавад.

Моддаи 266. Амалиёте, ки нисбати моли тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї љойгиршуда анљом дода мешавад

1. Дар минтаќаи озоди гумрукї иљрои амалиёти истењсолї ва амали дигари тиљоратї бо мол, ба истиснои фурўши чаканаи онњо, бо шарти риояи талаботи муќаррарнамудаи њамин Кодекс ва санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон иљозат дода мешавад.

2. Мутобиќи риояи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нисбати молњои алоњида барои иљрои амалиёт бо онњо дар минтаќањои озоди гумрукї метавонад мамнўият ва мањдудияти алоњида љорї карда шавад. Маќомоти гумрук метавонанд ба шахсони алоњида дар минтаќањои озоди гумрукї иљрои амалиёт бо молро дар сурати риоя накардани муќаррароти њамин Кодекс ва санадњои дигари меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон манъ кунанд ё барои ворид шудани ин шахсон ба минтаќаи озоди гумрукї иљозат надињанд.

3. Мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон намудњои алоњидаи молњо барои ворид намудан ба минтаќаи озоди гумрукї метавонанд мањдуд ва манъ карда шаванд.

Моддаи 267. Мўњлати љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї

1. Мол метавонад тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї бе мањдудияти мўњлат љойгир карда шавад, ба шарте агар минтаќаи озоди гумрукї фаъолият намояд.

2. Њангоми барњам додани минтаќаи озоди гумрукї моли ќаблан тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї љойгиршуда бояд дар мўњлати анљом додани расмиёти барњамдињии минтаќаи озоди гумрукї, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар намудаанд, тањти низоми дигари гумрукї арз карда шавад.

Моддаи 268. Тадбирњо оид ба таъмини риояи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон дар минтаќањои озоди гумрукї

1. Бо маќсади таъмини назорати гумрукї њудуде, ки барои ташкили минтаќаи озоди гумрукї пешбинї шудааст, бояд ба таври дахлдор таљњизонида шавад.

2. Роњбари маъмурияти минтаќаи озоди гумрукї вазифадор аст:

1) имконияти интиќоли молу воситањои наќлиётро аз њудуди озоди гумрукї бидуни назорати гумрукї истисно намояд;

2) ба маќомоти гумрук љињати фаъолият оид ба назорати гумрукии воридоту содироти мол ва воситањои наќлиёт аз сарњади минтаќаи озоди гумрукї шароити зарурї фароњам орад;

3) талаботи маќомоти гумрукро оид ба риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон дар соњаи фаъолияти гумрукї иљро намояд.

Моддаи 269. Бањисобгирии моле, ки дар минтаќањои озоди гумрукї мављуд аст

1. Шахсоне, ки дар минтаќањои озоди гумрукї нисбати мол амалиётро анљом медињанд, моли воридотї, содиротї, нигањдоришаванда, истењсол, коркард, харидашаванда ва фурўхташавандаро ба њисоб мегиранд ва ба маќомоти гумрук тибќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми давлатии ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти тиљорати хориљї нисбати ин мол њисобот пешнињод менамоянд.

2. Њама гуна таѓйироте, ки дар минтаќаи озоди гумрукї бо мол рух додааст, дар њуљљатњои бањисобгирї бояд инъикос карда шавад.

Моддаи 270. Ситонидани бољњои гумрукї, андозњо ва истифодаи тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодї

1. Њангоми љойгиронии моли воридотии хориљї тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї озодкунии пурра ва ё ќисман аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз амалї гардида, вале тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон татбиќ намешаванд. Њангоми содироти ин мол аз минтаќаи озоди иќтисодї ба минтаќањои дигари гумрукии Љумњурии Тољикистон бољњои гумрукї ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон мутобиќи шартњои арзшудаи низоми гумрукї татбиќ карда мешаванд.

2. Моли хориљие, ки тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї дар њамин минтаќа љойгир карда мешавад, барои маќсадњои пардохти бољњои гумрукї ва андоз њамчун моли берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ќарордошта дониста мешавад.

3. Далели истењсоли мол дар ќаламрави минтаќаи озоди гумрукї бо сертификати истењсоли мол тасдиќ карда мешавад. Њангоми набудани сертификати мазкур мол ба таври зайл баррасї карда мешавад:

1) њангоми содироти мол берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо маќсади ситонидани бољњои гумрукии содиротї ва ќабули тадбири мамнўият ва мањдудиятњо, ки мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидаанд, њамчун молњои ватанї;

2) њангоми воридоти мол ба ќисми дигари ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо маќсади ситонидани бољњои гумрукии воридотї ва ќабули тадбири мамнўият ва мањдудиятњо, ки мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидаанд, њамчун молњои хориљї.

Моддаи 271. Хусусиятњои барасмиятдарории гумрукии мол тањти низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї

1. Моле, ки ба ќаламрави минтаќаи озоди гумрукї ворид мешавад ва тањти низоми минтаќаи озоди гумрукї ќарор мегирад, инчунин моле, ки нисбати он низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї таѓйир меёбад, бояд мувофиќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо мувофиќаи маќоми ваколатдори давлатї оид ба масъалањои фаъолияти тиљорати хориљї ба расмият дароварда шавад.

2. Њангоми таѓйир додани низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї ба низоми дигари гумрукї барасмиятдарории гумрукии моли хориљї, истифодаи тадбирњои мамнўият ва мањдудият, ки мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидаанд, бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи шарт ва талаботи низоми гумрукии интихобгардида пардохта мешаванд. Њамзамон арзиши гумрукии мол нисбати моли истифодашаванда бо назардошти меъёрњои амортизатсионї њангоми истифода (ба кор бурдан) тибќи низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї, ки мувофиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон муќаррар гардидааст, муайян карда мешавад.

Моддаи 272. Анљоми низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї

Низоми гумрукии минтаќаи озоди гумрукї њангоми барасмиятдарории мол тањти низоми дигари гумрукї анљом меёбад.

Боби 33. АНБОРИ ОЗОД

Моддаи 273. Таъиноти низоми гумрукии анбори озод

1. Анбори озод низоми гумрукие мебошад, ки њангоми он мол дар биноњои (мањалњои) дахлдори ба сифати анбори озод истифодашаванда бидуни ситонидани бољњои гумрукї, андозњо, татбиќи мамнўияту мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, љойгир ва истифода бурда мешаванд.

2. Анбори озод дар асоси пешнињоди маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ва маќоми давлатии ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти тиљорати хориљї бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон таъсис дода мешавад (минбаъд дар њамин боб - пешнињод).

Моддаи 274. Моле, ки барои љойгир кардан дар анбори озод иљозат дода мешавад

Дар низоми гумрукии анбори озод љойгиркунии моле иљозат дода мешавад, ки барои коркард таъин гардидааст, инчунин моле, ки бо кўмаки он амалиёти коркард анљом дода мешавад, ба истиснои моли манъшудае, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пешбинї кардааст.

Моддаи 275. Амалиёте, ки бо мол дар анбори озод анљом дода мешавад

1. Дар анбори озод иљрои амалиёти зерин иљозат дода мешавад:

1) Барои таъмини нигањдории ин мол – поккорї, шамолдињї, хушккунї (аз љумла ташкили гармидињї), ташкили низоми њарорати мўътадили нигањдорї (хунуккунї, яхкунонї, гармкунї,) љойгиронї дар бастабандњои муњофизатї, молидани равѓанњои муњофизатї ва консервантњо, молидани маводи зидди занг, дохил кардани маводи пешгирикунанда;

2) оид ба омодасозии мол барои фурўш ва интиќол - таќсим ба партияњо, ташкили ирсол, навъбандї, бастабандї, бастабандии нав, маркировка, боркунї, борфарорї, аз нав бор кардан, амалиёти маъмулии марбут ба такмил ё омода сохтан ба њолати корї, љойивазкунии мол дар њудуди анбор бо маќсади љойгиронии судманд, љойгиронии мол барои овезањои намоишї, тест;

3) оид ба коркард - истењсоли (коркарди мол), аз љумла насб ва мутобиќгардонї, ки њангоми он моли воридшуда хусусияти асосии худро нигоњ медорад, коркарди худи мол, ки њангоми он моли хориљї хусусияти хоси худро аз даст дода, дар мањсули коркард таснифоти худро нигоњ медорад ва имкон медињад моли воридотї бо мањсули коркард њаммонанд карда шавад ва њаммонандсозї шарти муњими коркард, таъмири мол, аз љумла барќарорсозї ва истифодаи баъзе молњое мебошад, ки барои осон гардонидани истењсоли мањсули коркард аз истеъмоли пурра ё ќисмани онњо дар љараёни коркард таъин гардидаанд;

4) барои истифодаи мол ба сифати таљњизоти технологї ва ќисмњои эњтиётии онњо, техникањои борбардорию борфарорї ва дигар воситањои дар анбори озод истифодашаванда.

2. Амалиёт бо моли дар анборњои озод љойгиршуда, ки дар бандњои 1 ва 2 ќисми 1 њамин модда зикр шудаанд, бо огоњонидани маќомоти гумрук сурат гирифта, набояд коди молро мувофиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї таѓйир дињанд.

Бо моле, ки дар анбори озод тањти нигањдории муваќќатї ќарор доранд, метавонад амалиёти пешбининамудаи банди 1 ќисми 1 њамин модда анљом дода шавад.

Њангоми бо моли хориљии дар анбори озод љойгиршуда анљом додани амалиёт бо маќсади истењсоли мањсули коркард истифодаи моли ватанї ба сифати маводи иловагї ва унсурњои иловагї иљозат дода мешавад.

3. Бо маќсади таъмини риояи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон ва татбиќи назорати гумрукї Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад барои иљрои амалиёт бо моли дар анборњои озод нигањдоришаванда мамнўият ва мањдудиятњои алоњидаро муќаррар намояд.

Моддаи 276. Мўњлати нигањдории мол дар анборњои озод

Мол дар анбори озод метавонад бе мањдуд намудани мўњлат нигоњ дошта шавад, ба шарте, агар анбори озод фаъолият намояд.

Моддаи 277. Назорати гумрукї ва барасмиятдарории гумрукии моли тањти низоми гумрукии анбори озод љойгиршаванда

Назорати гумрукї ва барасмиятдарории гумрукии моли тањти низоми гумрукии анбори озод љойгиршаванда, инчунин аз анборњои озод содиршаванда тибќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї анљом дода мешавад.

Моддаи 278. Бањисобгирии моли дар анборњои озод љойгиршуда

1. Соњибони анборњои озод бањисобгирии моли дар анбори озод љойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол иљрошударо анљом дода, ба маќомоти гумрук мувофиќи тартиби муайяннамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї њисобот пешнињод менамоянд.

2. Барои бањисобгирии моли дар анбори озод љойгиршуда, инчунин амалиёти бо ин мол иљрошуда, метавонанд њуљљатњои барои пешбурди фаъолияти њисобдорї ва њисоботдињї тибќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон таъиншуда истифода гарданд, ба шарте агар дар ин њуљљатњо номгў ва аломатњои њаммонандсозии мол, теъдод, маълумот дар бораи љойгир намудани онњо дар њудуди анбори озод, њама гуна таѓйироти дар анборњо бо онњо суратгирифта инъикос гарданд.

Моддаи 279. Вазифањои соњиби анбори озод

Соњиби анбори озод вазифадор аст:

1) мутобиќати анбори озодро бо талаботи муќарраршуда дар давоми мўњлати фаъолияти анбори озод таъмин намояд;

2) муњофизати мол ва мувофиќати амалиёти бо онњо гузаронидашавандаро тибќи ќонунгузории гумруки Љумњурии Тољикистон таъмин намояд;

3) ба назорати гумрукї мусоидат намояд;

4) бидуни назорати гумрукї гирифтани моли дар анбори озод нигањдоришавандаро истисно намояд;

5) шартњои таъсис ва фаъолияти анбори озодро риоя кунад, инчунин талаботи маќомоти гумрук, аз љумла таъмини дастрас будани молро иљро намояд;

6) барои татбиќи назорати гумрукї ва барасмиятдарории гумрукї ба маќомоти гумрук тибќи тартиби муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон бино, таљњизот ва воситањои алоќаро дар анбори озод фароњам орад;

7) бањисобгирии моли дар анборњои озод љойгиршударо анљом дода, ба маќомоти гумрук дар бораи амалиёти бо он гузаронидашуда тибќи тартиби муќаррарнамудаи моддаи 278 њамин Кодекс њисобот пешнињод кунад.

Моддаи 280. Ситонидани бољњои гумрукї, андоз ва татбиќи тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон

1. Њангоми љойгир намудани моли ватанї ва хориљї дар анборњои озод бољњои гумрукї ва андоз ситонида намешаванд ва тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, ба истиснои талабот оид ба амнияти мол, татбиќ намегарданд. Њангоми аз анборњои озод ба ќисми дигари ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон баровардани мол бољњои гумрукї ва андоз ситонида мешаванд ва тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон дар асоси шартњои арзшудаи низоми гумрукї, ба истиснои воридоти моли ватанї, татбиќ мегарданд.

2. Њангоми содироти мол аз анборњои озод берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бољњои гумрукї ва тадбирњои ба мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон нисбати моли зайл татбиќ намегарданд:

1) моли хориљї;

2) дар анборњои озод истењсолшуда;

3) дар анборњои озод коркардшуда.

3.Истењсоли мол дар анборњои озод бо сертификати истењсоли мол тасдиќ карда мешавад. Њангоми мављуд набудани сертификати мазкур мол чунин баррасї карда мешавад:

1) њангоми содироти мол берун аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо маќсади ситонидани бољњои гумрукии содиротї ва ќабули тадбири мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, њамчун моли ватанї;

2) њангоми воридоти мол ба ќисми дигари ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо маќсади ситонидани бољњои гумрукии воридотї, андозњо ва татбиќи тадбирњои мамнўият ва мањдудиятњои муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон, њамчун моли хориљї.

Моддаи 281. Талабот нисбати фаъолияти анбори озод1. Биное, ки барои таъсис ва фаъолияти анбори озод пешбинї шудааст, бояд љавобгўи талаботи зерин бошад:

1) тањти моликияти шахсии соњиби анбор бошад ё ба мўњлати на камтар аз 3 сол аз лањзаи додани ариза барои гирифтани рухсатнома ба иљора гирифта шуда бошад;

2) андозаи (периметри) он муайян ва ињота карда шуда бошад;

3) дар њудуди анбори озод бино ва иншооте, ки марбути анбор нестанд,бояд вуљуд надошта бошанд;

4) дорои љое бошад, ки барои азназаргузаронии мол зарур аст;

5) барои амалиёти коркарди мол обод ва муљањњаз бошад.

2. Анборњои озод бояд дар тамоми давраи фаъолияти худ љавобгўи талаботи муќарраргардида бошанд.

Моддаи 282. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод

1. Анбори озод дар асоси ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ва баъди гирифтани рухсатнома аз маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї љињати фаъолият ба сифати соњиби анбори озод таъсис дода мешавад.

2. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод ба шахси њуќуќї ё соњибкори инфиродие дода мешавад, ки соњиби майдончаи барои таъсиси анбори озод таъингардида мебошад ё онро тибќи њуќуќи пешбурди хољагидорї ё идораи фаврї ихтиёрдорї мекунад, ба шарте, ки пардохти бољњои гумрукї ва андозро мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс таъмин карда бошад.

3. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбори гумрукї ба њар як бинои њудудан алоњида, ки ба сифати анбори озод истифода мегардад, дода мешавад. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод инњоро дар бар мегирад:

1) номи маќоми гумрук;

2) номгўй ва шакли ташкилию њуќуќї;

3) номгўи навъи фаъолият;

4) маълумот дар бораи њуќуќи ихтиёрдории бино, ки ба сифати анбори озод истифода бурда мешавад;

5) маълумот дар бораи таъмини супоридани пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

6) зикри мањали љойгиршавии анбори озод;

7) раќам ва санаи ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон;

8) раќами мушаххаси андозсупоранда;

9) раќами баќайдгирї ва санаи додани рухсатнома;

4. Мўњлати амали рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод мањдуд карда намешавад.

5. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбор ба шахси дигар дода намешавад.

Моддаи 283. Ариза барои иљрои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод

1. Пешнињод барои ќабули ќарор љињати иљрои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод дар асоси аризаи шахс сурат мегирад. Ариза барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод бояд инњоро дар бар гирад:

1) мурољиат бо хоњиши баррасии њуљљатњо барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод;

2) маълумот дар бораи номгўй, шакли ташкилию њуќуќї, мањали љойгиршавї, суратњисобњои кушодашудаи бонкї, инчунин андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

3) маълумот дар бораи биноњо, ки дар ихтиёри аризадињанда ќарор дошта, барои истифода ба сифати анбори озод таъин гардидаанд, мањали љойгиршавї, ободонї, таљњизонї ва таъминоти моддию техникии онњо;

4) маълумот дар бораи таъмини пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

5) маълумот дар бораи шартномаи (шартномањои) суѓуртаи хавфи масъулияти шањрвандии аризадињанда.

2. Ба ариза барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод њуљљатњои зерине, ки тасдиќкунандаи маълумоти пешнињодшуда мебошанд, замима мегарданд:

1) њуљљатњои таъсисотї ва њуљљати тасдиќкунандаи воќеияти баќайдгирии шахси њуќуќї дар Реестри ягонаи давлатии шахсони њуќуќї;

2) шањодатнома дар бораи баќайдгирии давлатии шахси њуќуќї;

3) шањодатнома дар бораи баќайдгирии аризадињанда дар маќоми андоз;

4) њуљљатњои тасдиќкунандаи њуќуќи соњибии биноњо, ки барои истифода њамчун анбори нигањдории муваќќатї таъин шудаанд;

5) тарњу наќшањои биноњо, ки барои истифода њамчун анбори нигањдории муваќќатї таъин шудаанд;

6) њуљљатњои тасдиќкунандаи андозаи сармояи оинномавии (љамъшавандаи) пурра ташаккулёфта, фонди оинномавї ё аъзоњаќќии аризадињанда;

7) њуљљатњои тасдиќкунандаи таъмини пардохтњои гумрукї мутобиќи моддаи 384 њамин Кодекс;

8) тасдиќномаи бонкњо дар бораи кушодани суратњисобњо дар онњо.

3. Њангоми таѓйир ёфтани маълумоти дар ариза ва њуљљатњо дарљшуда соњиби анбори озод бояд маќоми гумрукро на дертар аз 30 рўзи таќвимї аз санаи ворид намудани таѓйирот огоњ намояд.

Моддаи 284. Боздоштани амали рухсатнома љињати фаъолият ба сифати соњиби анбори озод

1. Њангоми аз љониби соњиби анбор риоя нашудани талабот ва ўњдадорињои муќаррарнамудаи њамин Кодекс амали рухсатнома метавонад бо ќарори маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо зикри сабабњои боздоштани он, ба мўњлати 6 моњ боздошта шавад.

2. Ќарор дар бораи боздоштани амали рухсатнома бо фармони роњбари маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо зикри сабаби бозхонди он ќабул карда мешавад.

3. Амали рухсатнома аз рўзи интишори фармони дахлдор боздошта мешавад. Њангоми боздоштани амали рухсатнома љойгир намудани мол дар анбори озод манъ аст. Моле, ки то боздоштани амали иљозатнома дар анбори озод љойгир шуда буд, бояд аз љониби соњиби анбори озод бетаѓйир нигоњ дошта шавад.

4. Амали рухсатнома баъди бартараф намудани сабабњои боздоштани амали он ва интишори фармони дахлдори маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї барќарор мегардад.

Моддаи 285. Бозхондани рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озод

1. Рухсатнома барои фаъолият ба сифати соњиби анбори озодро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар њолатњои зерин метавонад бозхонад:

1) дидаю дониста пешнињод намудани маълумоти бардурўѓ;

2) аз љониби соњиби анбори озод иљро нашудани талаботи дар рухсатнома мављуда;

3) бартараф нанамудани сабабњое, ки ќаблан боиси боздоштани амали рухсатнома гардидаанд;

4) аз љониби суд ба соњиби анбори озод манъ кардани фаъолият оид ба хизматрасонии анбори озод

5) ќатъи фаъолият ба сифати соњиби анбори озод бо ќарори Њукумати Љумњурии Тољикистон ;

6) агар соњиби анбори озод чандин маротиба барои вайрон кардани ќонунгузории маъмурї дар соњаи фаъолияти гумрукї ба љавобгарии маъмурї љалб шуда бошад;

7) азнавташкилдињї ё барњам додани анбори озод мувофиќи санади меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон.

2. Ќарор дар бораи бозхондани рухсатнома бо фармони маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, бо асосноксозии чунин ќарор ба расмият дароварда мешавад.

3. Бозхондани рухсатнома аз рўзи ќабули фармон амалї мегардад.

4. Њангоми бозхондани рухсатнома соњиби анбори озод вазифадор аст дар давоми 15 рўзи таќвимии баъди гирифтани ќарор дар бораи бозхондани рухсатнома онро ба маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї баргардонад.

5. Аризаи такрорї дар бораи додани рухсатнома љињати фаъолият ба сифати соњиби анбори озод метавонад баъди ду сол аз рўзи интишори фармон дар бораи бозхондани рухсатнома, дар сурати бартараф намудани сабабњое, ки боиси ќабули ќарор гардида буданд, баррасї карда шавад.

6. Њангоми ќатъи фаъолияти анбори озод моли тањти низоми гумрукии анбори озод љойгиршуда метавонад тањти дигар низоми гумрукї арз карда шавад ё нисбати ин мол амали низоми гумрукии анбори озод дар давоми сї рўзи таќвимї аз рўзи ќабули ќарор дар бораи ќатъи амали рухсатнома бояд анљом дода шавад.

Дар њолатњои дар анбори озод мављуд будани моли тањти амалиёти коркард ќарордошта маќоми гумрук шахсеро, ки молро дар анбори гумрукї љой додааст, дар бораи барњам хўрдани анбори озод огоњ менамояд. Дар ин њолат амали низоми гумрукии анбори озод нисбати ин мол то анљоми охирин амали коркард нигоњ дошта мешавад.

Наши рекомендации