Боби 4. иттилоъдињї ва мушовара
Моддаи 22. Гирифтани иттилоот оид ба сабабњои ќабули ќарор, амали (беамалии) содиршуда
1. Шахсе, ки нисбати вай аз љониби маќоми гумрук ё шахси мансабдор ќарор ќабул гардидааст ё амале анљом дода шудааст, инчунин шахсе, ки то гузашти мўњлати муайян нисбати вай ќарор ќабул нашудааст ё ки бояд иљро гардад, вале иљро нашудааст, њуќуќ дорад ба ин маќоми гумрук оид ба сабаб ва асосњои ќабул шудани ќарор ё амали иљрошуда ё сабабњои ќабул нашудани ќарор ё анљом надодани амали дахлдор мурољиат намояд, агар ин мустаќиман ё ба таври инфиродї ба њуќуќ ва манфиатњои шахси номбаршуда дахл дошта бошад.
2. Дархост бояд дар давоми шаш моњи ќабули ќарор, иљрои амал (беамалї) ё ба анљом расидани мўњлати ќабули онњо ё иљрои амал ё аз рўзе, ки ин шахс оид ба ќабули ќарор ё анљом додани амал (беамалї) огоњ гардидааст, пешнињод карда шавад.
3. Шахси манфиатдор барои пешнињоди маълумоти зарурї метавонад њам хаттї ва њам шифоњї бо дархост мурољиат намояд. Дархости шифоњї бояд аз љониби маќоми гумрук дар рўзи ќабули дархост баррасї карда шавад. Њангоми додани дархости хаттї ба он бояд дар давоми 10 рўзи гирифтани дархостнома хаттї љавоб дода шавад.
Моддаи 23. Иттилоот дар бораи санадњои меъёрии њуќуќии соњаи фаъолияти гумрукї
1. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ва дигар маќомоти гумрук дастрасии ройгони иттилоотро вобаста ба санади њуќуќии амалкунандаи соњаи фаъолияти гумрукї, аз љумла бо истифодаи технологияњои иттилоотї таъмин менамоянд.
2. Маќомоти гумрук дар хусуси санади њуќуќии тањияшаванда, инчунин оид ба таѓйиру иловањо ба санади њуќуќии эътибори ќонунї пайдонакарда дар соњаи фаъолияти гумрукї, аз љумла бо истифодаи технологияњои иттилоотї дастрасии иттилоотро таъмин менамоянд, ба истиснои њолатњое, ки огоњсозии ќаблї оид ба тањияи санадњои њуќуќї барои гузаронидани назорати гумрукї монеа мешавад ё ба паст гардидани самаранокии онњо мусоидат менамояд.
3. Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои гумрукї дар нашрияњои расмии худ чопи санадњои њуќуќиеро, ки њамин маќомот ќабул кардаанд, инчунин санадњои ќонунгузории гумрукї ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистонро дар соњаи фаъолияти гумрукї таъмин менамояд.
Моддаи 24. Машварат оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ва дигар масъалањое, ки тањти салоњияти маќомоти гумрук ќарор доранд
1. Маќомоти гумрук ба шахсони манфиатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї, ки тањти салоњияти ин маќомот ќарор доранд, машварат медињанд. Сардори маќоми гумрук (шахси ивазкунандаи вай) шахсони мансабдори маќомоти гумрукро, ки ба гузаронидани машварат ваколатдоранд, муайян менамояд. Иттилоот оид ба дархости шахси манфиатдор дар мўњлати кўтоњтарин, вале на дертар аз як моњи гирифтани чунин дархост пешнињод карда мешавад.
2. Машварат аз љониби маќомоти гумрук њам шифоњї ва њам хаттї ройгон дода мешавад. Бо талаби шахси манфиатдор маќоми гумрук вазифадор аст иттилоотро дар шакли хаттї пешнињод намояд, ки он барои ќабули ќарор ё иљрои амал (беамалї) аз љониби маќомоти гумрук њангоми анљом додани амалиёти гумрукї нисбати мол ва воситањои наќлиёт асос шуда наметавонад.
3. Маќомоти гумрук барои зараре, ки дар натиљаи тањрифи матни санади њуќуќии бе огоњонї ва назорати онњо интишоршуда расонида шудааст, инчунин барои зараре, ки дар натиљаи машварати ѓайритахассусии шахсони барои гузаронидани чунин машварат салоњиятнадошта расонида шудааст, масъул намебошанд.
Боби 5. ОМОРИ ГУМРУКЇ
Моддаи 25. Омори гумрукии тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон
1. Ба маќсади тањлили вазъи тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон, назорати воридоти пардохтњои гумрукї ба буљети давлатї, назорати асъор, тањлили њолат, афзоиш ва рушди тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон, баланси савдою пардохт ва дар маљмўъ иќтисодиёт маќомоти гумрук љамъоварї ва коркарди маълумотро оид ба интиќоли мол аз сарњади гумрукї анљом дода, маълумоти омори тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистонро ба Њукумати Љумњурии Тољикистон ва дигар маќомоте, ки ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муайян менамояд, пешнињод мекунанд.
Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї маълумоти омори гумрукиро оид ба тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон ба ташкилотњои байналмилалї тибќи санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон ва ќонунгузории Љумњурии Тољикистон пешнињод менамояд.
Маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї маълумоти омори маќомоти гумрукро оид ба тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон мувофиќи тартиб ва мўњлати муќаррарнамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон интишор менамояд.
2. Омори гумрукии тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон тибќи њамин Кодекс ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон пеш бурда мешавад.
3. Омори гумрукии тиљорати хориљии Љумњурии Тољикистон тибќи методологияе, ки муќоисаи маълумотро оид ба тиљорати Љумњурии Тољикистон ва њамкорони тиљорати хориљии он таъмин менамояд, пеш бурда мешавад.
Моддаи 26. Омори гумрукии махсус
1. Маќомоти гумрук бо маќсади иљрои вазифањои ба зиммаашон гузошташуда омори гумрукии махсусро мувофиќи тартиби муќаррарнамудаи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои гумрук ба роњ мемонанд.
2. Маълумоти омори гумрукии махсус аз љониби маќомоти гумрук танњо барои маќсадњои гумрукї истифода бурда мешавад.
Моддаи 27. Њуљљатњо ва маълумоте, ки барои маќсадњои оморї истифода мешаванд
1. Барои маќсадњои омор њуљљатњо ва маълумоте, ки шахсон тибќи муќаррароти њамин Кодекс пешнињод мекунанд, истифода бурда мешаванд.
2. Нисбати иттилооте, ки барои маќсадњои омор истифода мешавад, муќаррароти пешбининамудаи моддаи 9 њамин Кодекс татбиќ мегардад.