Маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори онњо
Моддаи 45. Њуќуќ барои шикоят
Њар шахс њуќуќ дорад нисбати ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ё шахсони мансабдори онњо шикоят намояд, ба шарте ки бо чунин ќарор, амал (беамалї) ба аќидаи ин шахс, њуќуќу озодї ва манфиатњои ќонунии ў поймол карда ё барои амалї гаштани онњо монеањо эљод шуда ё ѓайриќонунї ба зиммаи ў ўњдадории нав гузошта шуда бошад.
Моддаи 46. Тартиби пешнињоди шикоят
1. Аз ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ё шахсони мансабдори онњо ба маќомоти гумрук, прокуратура ва (ё) суд шикоят кардан мумкин аст.
Пешнињоди шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахсони мансабдори онњо ба маќомоти гумрук имконияти њамзамон ё минбаъд ба прокуратура ё суд пешнињод намудани шикоятномаи дорои њамин мазмунро истисно наменамояд. Шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори онњо, ки ба маќомоти гумрук, прокуратура ё суд ирсол шудааст, аз љониби њамин маќомот баррасї мегардад.
2. Тартиби пешнињоди шикоят, тартиби баррасї ва тартиби њалли шикояти ба прокуратура ва суд фиристодашавандаро ќонунгузории Љумњурии Тољикистон муќаррар менамояд.
3. Тартиби пешнињоди шикоят, баррасї ва њалли шикояте, ки ба маќомоти гумрук нисбати ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ё шахсони мансабдори онњо ирсол шудааст, тибќи њамин боб муќаррар гардида, њангоми шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори он истифода бурда мешавад, ба истиснои ќарорњои маќомоти гумрук (шахсони мансабдори маќомоти гумрук) нисбати парвандањо оид ба њуќуќвайронкунињои маъмурї.
Моддаи 47. Тартиби пешнињоди шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахсони мансабдори он ба маќомоти болоии гумрук
1. Нисбати ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ба маќоми болоии гумрук шикоят карда мешавад.
Шикоят нисбати амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук ба маќоми гумрукие, ки ин шахс хизматро адо мекунад (вазифаи давлатиро ишѓол менамояд) ва агар нисбати ќарори амали (беамалии) сардори маќоми гумрук бошад, ба маќоми болоии гумрук арз карда мешавад.
Шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад мустаќиман ба маќоми болоии гумрук, инчунин тавассути маќоми гумруке, ки нисбати ќарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешнињод шудааст, дода шавад.
2. Маќоми гумрук, ки нисбати ќарор, амали (беамалии) он ё сардори он шикоят пешнињод шудааст, онро бо маводи тасдиќкунанда ба маќоми болоии гумрук дар давоми 5 рўзи ворид шуданаш ирсол менамояд.
Агар маќоми гумруке, ки нисбати ќарор, амали (беамалии) маќомоти гумрук ва шахсони мансабдори онњо шикоят гирифтааст, њуќуќи баррасиро надошта бошад, вазифадор аст дар мўњлати 5 рўз онро ба маќоми гумруке фиристад, ки бояд мувофиќи њамин модда шикоятро баррасї намояд ва дар ин бора шахси шикоятнамударо ба таври хаттї огоњ созад.
Моддаи 48. Мўњлати пешнињоди шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он
Шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он метавонад дар мўњлати як моњ, вале њангоми пешнињоди шикоят нисбати ќарор оид ба андешидани љазои маъмурї дар њолатњои зерин дар давоми дањ рўз пешнињод карда шавад:
1) аз рўзе, ки шахс дар бораи поймол гардидани њуќуќ, озодї ё манфиатњои ќонунї, гузоштани мањдудият љињати амалї намудани онњо ё ѓайриќонунї ба зиммаи вай гузоштани ўњдадорињо огоњ шудааст ё бояд огоњ мегардид;
2) аз рўзи гузаштани мўњлати муќарраршуда барои ќабули ќарор ё иљрои амал аз љониби маќоми гумрук ё шахси мансабдори он, ки ќабул ва иљрои амал мувофиќи њамин Кодекс пешбинї шудааст.
Моддаи 49. Барќарор намудани мўњлати пешнињоди шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахси мансабдори он
1. Њангоми гузаронидани мўњлати пешнињоди шикоят бо сабабњои узрнок он метавонад тибќи аризаи шахси нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят мурољиатнамуда аз љониби маќоми гумруки ваколатдори баррасии чунин шикоят барќарор карда шавад.
2. Мўњлати гузаронидашудаи шикоят њангоми воќеан барои баррасї ќабул намудани шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахсони мансабдори он барќароршуда њисоб меёбад.
Моддаи 50. Шакл ва мазмуни шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахсони мансабдори он
1. Шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахси мансабдори он дар шакли хаттї супорида мешавад ва бояд аз љониби аризадињанда имзо карда шавад.
2. Шахсе, ки бо шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахси мансабдори он мурољиат намудааст, метавонад њуљљатњои тасдиќкунандаи њолатњои дар шикоят зикршударо пешкаш нанамояд. Агар пешнињоди чунин њуљљатњо барои баррасии шикояти мазкур дорои ањамияти калон бошад ва ин њуљљатњо дар маќоми гумруке, ки нисбати ќарор, амали (беамалии) он ва шахси мансабдори он шикоят шудааст, мављуд набошад, маќоми гумруки баррасикунандаи шикояти мазкур њуќуќ дорад онњоро аз шахси шикоятнамуда талаб кунад. Дар ин њолат мўњлати баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахси мансабдори он то пешнињоди њуљљатњои талабнамудаи маќоми гумрук, вале на бештар аз 3 моњ боздошта мешавад. Њангоми аз љониби шахс пешнињод нашудани њуљљатњои талабнамудаи маќоми гумрук ќарор нисбати шикояти мазкур бе назардошти далелњое, ки барои тасдиќи онњо њуљљатњо пешнињод нашудаанд, ќабул карда мешавад.
Моддаи 51. Оќибати пешнињоди шикоят нисбати ќарор, амали маќоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Пешнињоди шикоят нисбати ќарор, амали маќоми гумрук ва шахси мансабдори он иљрои ќарор ва амали тањти шикоят ќарордоштаро бознамедорад.
2. Њангоми мављуд будани асосњои кофї барои гумони он, ки шикоят нисбати ќарор ё амал мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон нест, инчунин дар њолате ки агар бознадоштани иљрои ќарор, амал метавонад хусусияти бебозгашт дошта бошад, маќоми гумруки баррасикунандаи шикоят њуќуќ дорад иљрои ќарор ва (ё) амали шикоятшавандаро то ќабули ќарор вобаста ба моњияти шикоят пурра ё ќисман боздорад.
Моддаи 52. Асосњо барои моњиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахси мансабдори он
1. Агар мўњлати муќарраргардидаи пешнињоди шикоят риоя нашуда бошад ва шахс дар бораи барќарор намудани мўњлати гузаронидаи пешнињоди шикоят бо ариза мурољиат накарда бошад ё худ аризаи барќароркунии мўњлати гузашта барои шикоят рад карда шуда бошад, маќоми гумрук метавонад баррасии шикоятро нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва ё шахси мансабдори он моњиятан рад намояд.
2. Ќарор њангоми моњиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахси мансабдори он бояд дар давоми 3 рўзи воридшавии шикояти мазкур ќабул карда шавад.
3. Оид ба ќарори маќомоти гумрук дар бораи моњиятан рад намудани баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ва шахси мансабдори он ба маќоми болоии гумрук ё суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 53. Бозхонди шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Шахсе, ки нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он бо шикоят мурољиат кардааст, метавонад то ќабули ќарор оид ба шикоят дар њама њолат шикояти худро бозхонад.
2. Шикояти такрорї оид ба њамин масъала метавонад дар доираи мўњлати муќаррарнамудаи моддаи 48 њамин Кодекс пешнињод карда шавад.
Моддаи 54. Маќоми гумруке, ки шикоятро нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он баррасї менамояд
1. Шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук аз љониби маќоми болоии гумрук баррасї карда мешавад.
2. Шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук аз љониби маќоми гумруке, ки ин шахс дар он хизмат менамояд (вазифаи давлатиро ишѓол менамояд) ва шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) сардори маќоми гумрук аз љониби маќоми болоии гумрук баррасї карда мешавад.
3. Аз номи маќоми гумрук ќарор дар бораи шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори онро сардори њамин маќоми гумрук ё шахси мансабдори аз љониби он ваколатдоршуда ќабул менамояд. Њамзамон шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он наметавонад аз љониби шахси мансабдоре, ки ќарори тањти шикоят ќарордоштаро ќабул кардааст, амали (беамалии) тањти шикоят ќарордоштаро анљом додааст ё шахсе, ки нисбат ба мансаби ишѓолнамудаи он поёнтар ќарор дорад, баррасї гардад.
Моддаи 55. Мўњлати баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он
Шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он бояд аз љониби маќоми гумрук дар давоми як моњ аз рўзи воридшавї ва дар њолатњое, ки омўзиш ва тафтиши иловагї талаб карда намешавад - дар давоми на зиёда аз 15 рўз баррасї гардад.
Агар барои баррасии шикоят гузаронидани тафтиши махсус, дархости њуљљатњои иловагї ё худ ќабули дигар чорањо таќозо гардад, сардори маќоми гумруки баррасикунандаи шикоят метавонад мўњлати њалли шикоятро на бештар аз як моњ тамдид намояд ва дар ин бора ба аризадињанда хаттї, бо зикри сабаби тамдид хабар дињад. Мўњлати умумии баррасии шикоят набояд аз ду моњ зиёд бошад.
Моддаи 56. Ќарори маќомоти гумрук оид ба шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он
1. Амал љињати татбиќи ќарори маќоми гумрук дар бораи ќонеъ намудани шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук, шахси мансабдори он бояд аз љониби маќомоти гумрук, ки ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук, шахси мансабдори он ѓайриќонунї дониста шудааст, дар давоми 5 рўзи корї аз рўзи ворид шудани ин ќарор ба ин маќомот анљом дода шавад, агар дар ќарори мазкур мўњлати дигаре муайян нашуда бошад.
Зараре, ки ба аризадињанда дар натиљаи сари ваќт иљро накардани ќарор расонида шудааст, мувофиќи моддаи 472 њамин Кодекс љуброн карда мешавад.
2. Шахси мансабдори маќоми гумрук, ки шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори онро аз номи маќоми гумрук баррасї менамояд, њангоми ошкор намудани нишонањои гуноњи шахси мансабдори маќомоти гумрук ё иљрои номатлуби вазифањои ба зиммаи шахси мансабдори маќоми гумрук гузошташуда барои љалби ин шахси мансабдор ба љавобгарии интизомї тибќи тартиби муќарраргардида тадбирњо меандешад.
3. Нусхаи ќароре, ки оид ба баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он ќабул гардидааст, ба шахси бо шикоят мурољиаткарда дар доираи мўњлатњои муќаррарнамудаи моддаи 55 њамин Кодекс фиристода мешавад.
4. Оид ба ќарори маќоми гумрук нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он ба маќоми болоии гумрук ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 57. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук
1. Тибќи тартиби соддагардонидашуда нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ё дидбонгоњи гумрукї вобаста ба интиќоли мол аз сарњади гумрукї, ки арзиши он аз 400 маоши њадди аќал бештар намебошад, шикоят кардан мумкин аст.
2. Тартиби соддагардонидашудаи шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук аз шикояти шифоњии шахс мувофиќан ба шахси мансабдори маќоми болоии гумрук ё дидбонгоњи гумрукї ва дар сурати шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) сардори дидбонгоњи гумрук - ба сардори гумрук, ки дар минтаќаи фаъолияти он чунин дидбонгоњи гумрук ќарор дорад, иборат мебошад.
3. Баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори гумрук ба тартиби соддагардонидашуда бетаъхир анљом дода шуда, ќарор нисбати он фавран ќабул карда мешавад.
4. Њангоми шикоят тибќи тартиби соддагардонидашуда бо хоњиши шахси нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук бо шикоят мурољиатнамуда шахси мансабдори маќоми гумрук, ки ин шикоятро баррасї менамояд, дар бораи баррасии шикоят тибќи тартиби соддагардонидашуда акт тањия менамояд, ки он дар бораи шахси мансабдори баррасикунандаи шикоят, шахси бо шикоят мурољиатнамуда, мазмуни мухтасари шикоят ва ќарори ќабулшуда маълумотро дар бар мегирад. Њангоми рад кардани баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук тибќи тартиби соддагардонидашуда дар њамин акт сабабњои чунин рад нишон дода мешавад. Шакли актро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян менамояд. Акти баррасии шикоятро нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук бо тартиби соддагардонидашуда шахси мансабдори маќоми гумрук, ки шикоятро баррасї намудааст ва шахсе, ки бо шикоят мурољиат кардааст, имзо мегузоранд. Нусхаи акт дар бораи баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук тибќи тартиби соддагардонидашуда ба шахси бо шикоят мурољиатнамуда супорида мешавад.
5. Баррасии шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) шахси мансабдори маќоми гумрук тибќи тартиби соддагардонидашуда ва ќабули ќарор барои шикоят нисбати ќарор, амали (беамалии) маќоми гумрук ё шахси мансабдори он тибќи тартиби умумї монеъ шуда наметавонад.