Дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.

Мухтасар

Дар илми динии зарурӣ

(ба забони тоҷикӣ)

l;

Нашри саввум

ш. Киев / 2010 с.

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

Пешгуфтор

Ҳамду сано ва сипос Парвардигори оламиёнро, ки бисёр бахшанда ва меҳрубон аст. Дуруду салом бар ҳазрати Муҳаммади амин, ки роҳнамои роҳи саъодат аст ва салому дуруд бар аҳли хонадон ва ёрони поктарину беҳтарини эшон, ки чароғи роҳнамои ин умматанд.

Хонандаи гиромӣ! масъулияти бародарӣ водор кард, ки рисолаеро таҳти унвони “Мухтасар дар илми динии зарурӣ” пешкаш гардонем, то аз дину оин ва фарҳанги аҷдодии худ бархурдор бошем...

Ҳадафи асосӣ дар интишори чунин рисола, огоҳонидани хонандаи гиромӣ аз ақоиди саҳеҳи динӣ ва аҳкоми зарурии шаръӣ мебошад.

Шахси мусалмон ҳар ҷое ки набошад, набояд аз дину диёнат ва фарҳанги миллии худ канор ҷўяд ва тақлиди беҷо аз миллатҳои ғайри мусалмонро намояд. Набояд гузорад, ки фарзандони вай тобеъ ва пайрави равиши ғайримусалмониро ба худ касб намоянд, зеро ҳар сарпараст (падару модар) масъул ва посбони фарзандони худ аст ва аз онҳо пурсида хоҳад шуд. Чунончи дар ҳадисе омадааст : “Ҳар яке аз шумо посбонед ва аз зердастони худ пурсида хоҳед шуд...”

Пас ин рисола ба таври мухтасар шомили масоили ақидаи аҳли суннат ва ҷамоъат ва масоили аҳкоми ибодот ва муомилот ва анвоъи гуноҳон мебошад, ки дар шинохтан ва дар амал татбиқ намудани масоили зарурии динӣ ҳар як мусалмон масъул ва маъмур аст. Бахусус ҷавонон ва наврасон бояд аз фармудаҳои шариъати мусалмонӣ огоҳ бошанд, то мутобиқи онҳо амал намоянд ва аз корҳои манъшуда дар шариъат низ бархурдор бошанд, то аз ҳалокати маънавӣ худро наҷот намоянд.

Умедворам, ки ин хидмати оҷизона бесамар нахоҳад монд ва барои ҳар як хонандаи он чизи нофеъ ва нафис хоҳад шуд.

Худо мададгор аст.

Барои дуруст талаффуз кардани баъзе ҳарфҳои арабӣ, ки дар ин рисола ворид шудааст, бо ҳуруфи махтути зерин баён карда шудаст.

Ҳарфи а, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - ع мекунад.

Ҳарфи з, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - ض мекунад.

Ҳарфи с, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - ص мекунад.

Ҳарфи ҳ, ки дар таҳт хат дорад, далолат ба ҳарфи - حмекунад.

بِسْمِ اللهِ الرَّحْمنِ الرَّحِيمِ

{ Ба номи Худованди Бахшояндаи Меҳрубон}

Фасл

дар баёни ақоиди зарурӣ

Бар ҳар шахси мукаллаф (яъне инсони соҳиби ақли солим ва ба синни балоғат расида) зарур аст, ки побанди дини илоҳӣ, яъне дини Ислом бошад ва ҳамеша бар он устувор буда, амрҳои илоҳиро ба ҷо орад ва аз корҳои манъкардааш боз истад. Ва бояд бидонад ва эътиқод дошта бошад, ки Худованд ягона аст ва Муҳаммад расули барҳақ аст.

Агар шахси ғайри мусалмон бошад, бо гуфтани калимаи “шаҳодат” ва бовар доштани маънои он, мусалмон мешавад, ки калимаи шаҳодат чунин аст:

أشْهَدُ أن لا إلهَ إلاّ الله وَأشْهَدُ أنَّ مُحَمَّداً رَسولُ الله

«Ашҳаду ан ло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан расулуллоҳ».

Яъне: “Гувоҳӣ медиҳам, ки ҳеҷ чизе лоиқи ибодат кардан, ғайр аз Худои ягона нест. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад (алайҳиссалом) Расули барҳақ аст”.

Маънои муфассали калимаи шаҳодат:

Мазмуни ин калимаи муборака: бояд банда бидонанд ва эътиқод дошта бошад ва эътироф намояд, ки ҳеҷ маъбуде (ибодатшавандае) ба ҷуз Худои ягона сазовори ибодат намудан нест.

Он Худое, ки Яккаву Ягона аст (ибтидову аввал надорад) ва ҳамеша зинда аст (на бо ҷону рўҳ, ки охиру фано надорад), Офарандаи (ҳамаи чиз аст, ки офаридаи касе нест), Ризқдиҳандаи (ҳамаи олам аст, ки мўҳтоҷи касе нест), Олим ва доно бар ҳама чиз аст (бо илми азалии худ, ки чизе аз вай махфӣ нест), Қоим ба зоти бечуну бечарои худ аст, ки мўҳтоҷи чизе нест. Тавоно аст, бо қудрати комилаи худ ва хоҳанда аст, бо иродаи азалии худ.

ما شاء الله كان وما لم يشاء لم يكن الذى لا حول ولا قوة الا به

Ҳар чӣ Худо хоста мешавад ва ҳар чӣ нахост, намешавад. Ва ҳеҷ қуввае барои анҷоми тоъат, ғайр аз кўмаку тавфиқи Ў нест ва ҳеҷ нигоҳдорандае аз гуноҳ, ғайр аз нигоҳдоштани Ў нест.

Он Худое, ки ҳамаи сифатҳояш лоиқ ва сазовори ўянд ва аз ҳамаи нуқсон ва сифатҳои башарӣ поку бениёз аст. Чунончи дар Қуръони маҷид мефармояд:

}§øŠs9 ¾ÏmÎ=÷WÏJx. Öäï†x« ( uqèdur ßìŠÏJ¡¡9$# 玍ÅÁt7ø9$# ÇÊÊÈ

Яъне: “Ҳеҷ чизе монанди Ў нест ва Ў шунаво аст(на ба гўш)ва бино аст (на бо чашм)[1]”. (сураи Шўро, ояти 11).

Зоти бениёзи Худованд азалӣ аст (аввал надорад) ва ғайри Ў ҳама эҷодшуда ва пайдошудаанд, ки аввалу ибтидо доранд ва Ў офаранда аст ва дигар ҳама офаридаи ўянд.

Пас ҳар чизе, ки дар олам ба вуҷуд омадааст, монанди шаклу ҷисм ва кору ҳаракат, аз камтарин ҷузъи он, ки зарра аст, то бузургтарини ҷузъи он, ки Арш аст - ҳама махлуқ ва офаридаи Худованди Холиқ аст. Ҳаракату оромии инсон ва нияту хотирҳои вай, бо хост ва офаридани Худо ба вуҷуд меоянд, ки касе тавони эҷод ва офаридани инҳоро надорад, ба ҷуз Ў Таъоло. Бинобарин, на табиъат ва на иллат ва на сабаб офарандаи чизе нестанд. Балки ҳама бо хосту қудрати азалии Парвардигор ба вуҷуд омада, ки ҳамаро дар азал бо илм ва хости худ тақдиру андоза кардааст, чунончи мефармояд:

t,n=yzur ¨@à2 &äóÓx« ¼çnu‘£‰s)sù #\ƒÏ‰ø)s? ÇËÈ

Яъне: «Ва ҳамаи чизро Ў офарида ва ҳамаро андоза ва тақдир кардааст». (сураи Фурқон, ояти 2).

Худованд ҳама чизро аз нестӣ ба ҳастӣ овардааст, бинобарин ғайри Ў дигар ҳеҷ офарандае нест, чунончи дар ҷои дигар мефармояд:

ö@yd ô`ÏB @,Î=»yz çŽöxî «!$#

Яъне: “Бешак, ба ҷуз Худованд ҳеҷ офарандае нест”. (сураи Фотир, ояти 3).

Имом Насафӣ (р) дар ин маврид мефармоянд: «Агар шахсе шишаеро бо санг бизанад ва онро бишканад, пас зарба ва шикастани он ва пора шудани он, ҳама бо хост ва офаридани Худо аст, ки инсон чизеро намеофарад, ғайри он ки кореро иҷро мекунад ва иҷро кардани кори вайро касб меноманд...». Чунончи дар Қуръони азим омадааст:

$ygs9 $tB ôMt6|¡x. $pköŽn=tãur $tB ôMt6|¡tFø.$# 3 ÇËÑÏÈ

Яъне: “Барои ҳар шахс подоше аст, аз ончи ки аз некӣ касб кардааст ва бар ҳар шахс сазои он аст, аз ончи ки аз бадӣ касб кардааст”. (сураи Бақара, ояти 286). Пас, офаридан (яъне пайдо кардани чизе аз нестӣ ба ҳастӣ) хоси Худовандӣ аст.

Каломи (сухани) Худованд, ки сифати азалии Ўст қадим аст, яъне аввал ва охир надорад, (аз ҳарфу садо ва луғату забон иборат нест). Инчунин дигар сифатҳои Худованд азалӣ ва абадӣ ва бемислу бемонанданд. Зеро Худованд дар зоту сифат ва афъолу кирдукории худ ба чизе монанд нест ва Худо поку мубарро аст, аз ончи ки мушрикону гумроҳон ба Ў нисбат медиҳанд.

Акнун маълум мешавад, ки бар шахси мусалмон маърифат ва донистан ва эътиқод намудани сифатҳои бечуну бечаро ва азалии Худованд лозим аст. Бинобарин, баъзе Уламо донистани даҳ ва ё сездаҳ аз сифатҳои илоҳиро бар шахси мусалмон воҷиб фармудаанд, (яъне эътиқод кардан ва шинохтани онҳо бар мусалмон лозим аст). Ва зикри ин сифатҳои илоҳӣ, чи ба тариқи лафз ва чи ба тариқи мазмун, дар Қуръони маҷид ва дигар китобҳои мўътабар бисёр омадааст.

الوجود - الوحدانية – القدم – البقاء – القيوم - القدرة – الارادة - العلم - السمع –البصر – الحياة - الكلام - وانه منزه عن المشابهة للحادث

1) الوجود –Алвуҷуд, яъне Худованд мавҷуд аст ва будани Ў воҷиб ва ҳатмӣ аст, ба чизе мутааллиқ нест ва ба чизе мўҳтоҷ нест.

2) الوحدانية – Алваҳдоният (ё Алвоҳид, Алаҳад), яъне Худованд ягона аст ва ягонагии Ў ба маънои адад нест, балки Ўро шарик ва монанде нест.

3) القدم – Алқидам (ё Алқадим), яъне Худованд азалӣ ва беаввал аст, ки барои Ў вақт ва замон ҷорӣ намешавад.

4) البقاء – Албақо (Албоқӣ), яъне Худованд абадӣ аст, ки вуҷуди Ў охир ва нестшавӣ надорад.

5) القيوم – Алқаюм (алқоиму бинафсиҳӣ), яъне Худованд қоим ба зоти худаш аст, ки ба касе ва ба чизе эҳтиёҷ надорад.

6) القدرة – Алқудрат (Алқодир), яъне Худованд тавоно аст, на бо дасту бозў ва на бо олату аъзо, балки бо сифати қудрати худ, ки ба ҳама чизҳои вуҷудаш мумкин, қодиру тавоно аст.

7) الارادة – Алирода (Алмурид), яъне Худованд хоҳанда аст, на бо хоҳиши дил ва фикр, балки бо хости азалии худ, ки хости Ўро монеъ ва боздорандае нест.

8) العلم – Алилм (Алолим), яъне Худованд доно аст, на бо хондану омўхтан, балки бо илми азалии худ, ки илми Ў тағйир ва дигаргун намешавад ва ҳеҷ чизе аз илми вай махфӣ нест.

9) السمع –Ассамъ (Ассамиъ), яъне Худованд шунаво аст, на бо гўшу олати шунавоӣ, балки бо сифати самъи худ, ки мўҳтоҷи олат ва садову масофае нест.

10) البصر –Албасар (Албасир), яъне Худованд бино аст, на бо чашму олати биноӣ, балки бо сифати басари худ, ки чизе аз вай пўшида нест.

11) الحياة –Алҳаёт (Алҳай), яъне Худованд зинда аст, на бо ҷону тан ва на бо рўҳу нафасгирӣ, балки бо сифати ҳаёти худ, ки ҳаёти вай азалӣ ва абадӣ аст ва ба чизе вобаста нест.

12) الكلام– Алкалом (Алмутакаллим), яъне Худованд гўё аст, на ба кому забон ва олату садо ва ҳарфу овоз, балки бо сифати каломи худ, ки сухани азалии Ў мисли сухани бандагон нест.

13) Чунончи мазкур шуд, сифатҳои Худованд ба ҳеҷ як аз сифатҳои инсонӣ ва дигар махлуқот монанд ва шабеҳ нест, пас Худованд аз ҳамаи сифатҳои башарӣ поку бениёз аст.

Чун сифатҳои Худованд азалӣ ва абадӣ ва бемислу бемонанд бошанд, пас зоти поки илоҳӣ низ азаливу абадӣ ва бемислу бемонанд аст. Зеро чизе, ки дорои сифат ва аломати дигаргунӣ ва тағйирпазирӣ бошад, пас зоти вай низ тағйирёбанда аст, ки ин аломати пайдоиш аст ва ин ҳама сифати махлуқ аст. Аммо Холиқи ягона аз ҳамаи сифатҳои махлуқӣ, поку мубарро аст.

Ҳазрати Имом Абўҳанифа (раҳматуллоҳи алайҳи) мефармоянд: “Аммо сифатҳои феълии Ў Таъоло инҳоянд: Тахлиқ, иншоъ, ва ибдоъ, ва сунъ ва ғайраи дигар... (ин сифатҳо ба маънои офаридан аст). Ва Аллоҳ Таъоло ҳамеша офаранда буд, бо сифати тахлиқи (офаридани) худ ва тахлиқ сифати азалии Ўст. Вафоил (созанда) аст, бо феъли худ ва феъл сифати азалии Ўст, пас Худованд офаранда буд, пеш аз он ки чизеро биёфарад ва ризқдиҳанда буд, пеш аз он ки бар касе ризқ диҳад ва феъли вай сифати азалии Ўст. Ва фоил (созандаву офаранда) Худованд аст, вале мафъул (офаридашуда) махлуқи Ўст”. (Фиқҳи Акбар).

Маънои муфассали калимаи дуввум:

وَأشْهَدُ أنَّ مُحَمَّداً رَسولُ الله

“Ашҳаду анна Муҳаммадан Расулуллоҳ”

Яъне: медонам ва эътиқоди бешак дорам ва тасдиқ мекунам, ки ҳазрати Муҳаммад ибни Абдуллоҳ ибни Абдулмутталиб ибни Ҳошим ибни Абдуманофи Қурашӣ, банда ва расули Худо - анд, ки фиристодашуда буданд бар ҳамаи мардуми олам. Он ҳазрат алайҳиссалом дар шаҳри Маккаи мукаррама ба дунё омада ва онҷо ба пайғамбарӣ баргузидашуда ва даъвату таблиғи дини илоҳиро аз онҷо шурўъ намуда буданд. Сипас, баъд аз сездаҳ соли иқомат дар онҷо, бо изни Худованд ба шаҳри Мадинаи таййиба ҳиҷрат намуданд ва то охири ҳаёти мубораки худ дар онҷо мардумро ба дини ҳақ ва яктопарастӣ даъват намуданд. Ва дар ҳамонҷо аз олам даргузаштанд, ки қабри мубораки эшон дар онҷо воқеъ аст. Бояд донист, ки паёмбари Худо ҳар чизе, ки барои мардум гуфтанду расониданд, ҳама аз тариқи ваҳйи Парвардигор буд, ки чизеро аз пеши худ наоварда ва дар расонидани дини илоҳӣ дар чизе кўтоҳӣ ва нуқсоне накардаанд.

Аз ҷумлаи он чизҳое, ки он ҳазрат ба мо хабар додаанд:

Даҳшат ва азоби қабр бар кофирону баъзе аз гунаҳкорони ин уммат ва роҳату осоиштагии қабр барои мўъминони накўкор аст. Пурсидани ду фаришта маййитро дар қабр, ки номи яке Мункар ва дигаре Накир, ҳақ аст. Зинда гардонидани мурдагон дар охират ва ҳашр (ҷамъ) намудани мардум дар он рўз дар майдони қиёмат ва ҳисоб намудани аъмоли бандагон бо тарозуе, ки дар он рўз гузошта мешавад, (ҳақиқату чигунагии он тарозуро Худо медонад) ҳамаи ин ҳақ аст.

Инчунин барои мўъминони накўкор савобу подоши нек дода мешавад ва барои шахсони беимон ва гунаҳкор ҷазову подоши бад дода мешавад. Гузаштани тамоми мардум аз болои пули Сирот, ки як ҷониби он дар майдони маҳшар ва ҷониби дигараш сўи Ҷаннат аст, ҳақ мебошад. азобҳои Дўзах, ки бар кофирону гунаҳкорон омода шудааст ва он бадтарин ҷойгоҳ аст, ҳама ҳақ ва собит аст.

Воқеъ будани ҳавзи кавсар дар даромадгоҳи Биҳишт, ки аз оби он ҳама мўъминон хоҳанд нўшид ва пас аз он ҳаргиз ташнаву гурусна намегарданд, ҳақ аст. Шафоъат хостани Паёмбарон ва авлиёву бузургон дар он рўз барои мўъмини гунаҳкор ҳақ аст. Инчунин воқеъ будани Ҷаннат, ки барои мўъминон омода шудааст ва онҷо макони неъмат ва осоиштагии ҳамешагӣ аст, ҳамаи ин ҳақ ва рост аст.

Калонтарин ҷисме, ки дар ин олам офаридашудааст, Арш аст ва масоҳати он аз ҳамаи коиноти ин чаҳон бузург аст ва зери он Курсӣ (номи мавзеъе дар осмон) офаридааст ва Қаламро (албатта на монанди қалами ин чаҳон) офаридааст, ки тамоми тақдироти оламро бо фармони илоҳӣ, дар Лавҳи маҳфуз нависта ва сабт кардааст. (Лавҳи маҳфуз макони хосе аст, ки дар олами болоӣ қарор дорад ва онҷо тақдироти ҳама олам сабт шудааст).

Дидори бечуну бечарои Парвардигор дар қиёмат барои мўъминон ҳақ аст. Аҳли Ҷаннат парвардигорашонро дар Биҳишт бо чашми худ, бемислу бемонанд ва бе ҷиҳату бемасофа ва бечигунагиву бемакон хоҳанд дид.

Инчунин ҳамаи он аломатҳои охири замонро, ки Паёмбари акрам алайҳиссалом ба мо хабар додаанд, ҳама рост аст. Чуноне ки баъзеи он шудааст (мисли: беҳурматии ҷавонон нисбати волидайн, кам шудани маърифати илми дин, интишори зулм ва қатли ноҳақ ва ғайра...) ва баъзеи он хоҳад шуд, монанди: баромадани Даҷҷол (шахси кофир ва фиребгар, ки худро Худо эълон мекунад ва мардумро ба гумроҳӣ мебарад). Ва баромадани Доббатул арз (як навъ ҳайвони заминӣ, ки бо мардум сухан мегўяд ва шакли аҷибе дорад) ва баромадани ду қавми вайронкор ва тороҷгар, ки Яъҷуҷ ва Маъҷуҷ ном доранд. Инчунин фаромадани ҳазрати Исои пайғамбар аз осмон, дар охири замон, ки мардуми бединро ба дини ҳақ даъват мекунанд ва худи эшон пайравии шариъати Муҳаммадиро менамоянд, ҳақ ва собит аст. Ва дар охири замон тулўъ кардани офтоб аз ҷониби мағриб, ки баъди он дигар имон ва тавбаи касе қабул намегардад, ҳамаи ин хабарҳо ҳақ буда, дар осору ахбор ворид шудааст.

Инчунин шахси мусалмон бояд ба: фариштагони илоҳӣ ва ба пайғамбарони Ў ва ба китобҳои осмонӣ ва ба тақдири некӣ ва бадӣ, ки ҳама бо ирода ва хости илоҳӣ аст, имон дошта бошад. Ва инчунин имон ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом, ки охирини паёмбарон ва беҳтарини тамоми фарзандони одамӣ ҳастанд, аз аркони имондорӣ аст.

Сифати Пайғамбарон

Пайғамбарон яке аз бандагони илоҳӣ буда, Худованд эшонро аз байни худи мардум баргузида, интихоб кардааст, бинобарин паёмбарӣ бо сабаби тоъатҳои зиёд ва касби ибодот ба даст намеояд. Худованд барои расонидани дин ва аҳкоми шариъат паёмбаронро чун воситаву расонандаи дини худ гардонидааст, ки барои ин амри бузург, барояшон сифатҳои хосе бахшидааст ва эшон соҳиби сифатҳои аълои инсонӣ ва мақоми шарифе буданд.

Бинобарин, шахси мўъмин бояд манзалати эшонро шиносад ва чизҳое, ки бар онҳо нисбат додан раво набошад, онро роҳ надиҳад. Пас, ҳамаи пайғамбарони илоҳӣ пеш аз паёмбарӣ ва баъд аз он, дорои сифатҳои аъло ва писандида буданд, монанди: ростқавлӣ ва росткорӣ, зиракӣ ва идроки беназир ва дар расонидани паёми илоҳӣ содиқ ва амин буданд, ки чизеро аз пеши худ ё аз фикри худ дар ҳукми илоҳӣ илова накарда ва дар расонидани аҳкоми дин хатогиву иштибоҳе накардаанд. Ҳамаи пайғамбарон инсонҳои комил хубсурат ва хушрафтор ва хушовозу зебоманзар буданд.

Паёмбарони илоҳӣ, ҳама аз дурўғгўӣ, хиёнаткорӣ, хасисӣ, кўтоҳандешӣ, камхирадӣ ва бадахлоқӣ поку мубарро буданд. Худованд онҳоро аз куфру гуноҳҳои калону хурд ва аз тарсончакиву бесуботӣ нигоҳ доштааст. Бинобарин, ба ҳеҷ як пайғамбар, сифатҳои бад ва амалҳои нописанд ва бемориҳои нафратовар нисбат додан раво нест. Монанди девонагӣ, камхирадӣ, беморие чун песӣ, гунгӣ ва нобиноии модарзод ё фалаҷ ё бемории нафратоваре мисли кирм кардан, буйи бад гирифтан ва монанди инҳо, ки ҳамаи онҳо аз чунин иллатҳо пок буданд.

Аммо пайғамбарон, ки аз ҷумлаи одамӣ буданд, аз иштибоҳ ва хатогии башарӣ дар амри дунё, холӣ набуданд. (Монанди хатогии ҳазрати Одам алайҳиссалом, ки донаи гандуми манъшударо дар Ҷаннат тановул карда буданд ва фавран баъд аз он тавба намуданд ва Худованд эшонро бахшид).

Бинобарин, барои бародарони ҳазрати Юсуф алайҳиссалом пайғамбарӣ муносиб ва раво нагардид, зеро ки онҳо нисбати ҳазрати Юсуф алайҳиссалом ҷафо карда буданд, аммо аз насли онҳо, ки Асбот гўянд, паёмбарону бузургон баргузида шуда буд.

Ҳеҷ як пайғамбаре мардумро ба ибодати ғайри Худо (чун насроният яҳудият ва оташпарастӣ) даъват накардааст. Ҳамаи паёмбарон дар ақидаву асли дин, ки яктопарастӣ аст, як буданд ва дини эшон ягона аст ва он бо номи Ислом машҳур аст.

Мўъҷиза

Мўъҷиза кори ғайри одатиест, ки бо хости Худованд ва офаридани Ў ва бо даъвои пайғамбар ба вуқўъ меояд ва касе наметавонад мисли он, чизеро эҷод кунад. Яъне амре, ки одатан воқеъ шуданаш номумкин аст, монанди ба сухан даромадани дарахт, насўхтани оташ ва ғайраи дигар аз кори ғайри одатие, ки бо офаридани Парвардигор ва бо дасти пайғамбар воқеъ мешавад, онро мўъҷиза меноманд.

Аммо чунин кор бо дасти валие аз авлиё ба вуҷуд ояд, онро каромат меноманд, ки он ҳам мўъҷизаи пайғамбаре аст, ки ин валӣ аз уммати он пайғамбар бошад.

Вале он чизҳое, ки аз шахсони золим ва фиребгар (мисли Шайтон ва Даҷҷол) ба вуқўъ меояд, онро мўъҷиза намегўянд, балки онро истидроҷ гўянд, ки Худованд ба сабаби он амали фиребанда, соҳиби онро азоби бештар хоҳад кард.

$$$

Афзалтарини бандагон

Чунончи маълум шуд, беҳтарини бандагон пайғамбаронанд, ки онҳо аз пайғамбари фаришта низ беҳтаранд. Аз беҳтарини пайғамбарон, ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом мебошанд. Ва пайғамбари фаришта аз авлиёи тамоми одамӣ беҳтар аст ва тамоми авлиёи одамӣ аз тамоми фариштагони омӣ беҳтар аст. Ва як пайғамбар аз тамоми авлиё бартар аст.

Аз афзалтарин саҳобагон, ҳазрати Абўбакри сиддиқанд ва пас Умар ибни Хаттоб ва пас Усмон ибни Аффон ва пас Алӣ ибни Абутолиб риздвонуллоҳи алайҳим. Баъд аз эшон даҳ ёри биҳиштианд, ки номҳои эшонро чунин овардаанд:

Даҳ ёри Биҳиштианд қатъӣ медон,
Бўбакру, Умар, Алию, Усмон,
Саъд асту Саъиду Буубайда,
Талҳа - сту Зубайру Абдурраҳмон

Пас аз эшон аҳли Бадр мебошанд ва пас аҳли шаҳидони Уҳуд ва пас аҳли Байъатирриздвон, ки дар макони Ҳудайбия бо Расули акрам паймон карда буданд. Ба ҳамин тартиб мо асҳоби Пайғамбарро мешиносем ва эшонро дўст медорем.

❁❁❁

Дар баёни баъзе аз аҳволи мубораки Пайғамбар алайҳиссалом

Паёмбари акрам Муҳаммад алайҳиссалом, ки номи падарашон Абдуллоҳ ва номи модарашон Омина буданд‚ дар шаҳри Маккаи мукаррама дар нимҷазираи араб (Арабистони Саъудии ҳозира) тақрибан дар соли 571– и румӣ, 12-уми моҳи Рабиъ-ул-аввал (яъне мутобиқи моҳи апрел) ба дунё омадаанд. Пайғамбар алайҳиссалом дар хурдсолияшон аз падар ва сипас аз модар ятим мондаанд. Баъди 6-солагӣ дар хонаи бобояшон Абдулмутталиб ба воя мерасиданд. Он ҳазрат аз хурдсолӣ соҳиби ахлоқи хуб ва ростқавлӣ буданд, бинобар ин, дар миёни мардуми араб бо лақаби Муҳаммади-амин‚ яъне «ростқавлу росткор» машҳур гаштанд. Баъд аз синни 13 солагӣ, бобояшон низ аз дунё меравад ва он ҳазрат дар таҳти сарпарастии амаки худ Абутолиб, зиндагӣ карданд. Дар синни 25 солагӣ бо зани сарватманд ва солиҳае бо номи Хадиҷа издивоҷ намуданд, ки аз эшон ҳамаи фарзандони он ҳазрат, ғайри Иброҳим ба дунё омадаанд.

Дар замони Пайғамбар аксари қабилаҳои араб будпарастӣ мекарданд, ки бештар дар зулму ситам зиндагӣ доштанд. Аммо ҳазрати Пайғамбари мо алайҳиссалом, ки дар байни ин мардум зиндагӣ мекарданд, ҳаргиз гуноҳу бадкорӣ накардаанд. Ҳазрати Пайғамбари мо алайҳиссалом бештари вақти худро дар ғоре, ки ба наздикии шаҳри Макка ҷойгир буд, дар ибодати Худои Ягона мегузарониданд. Баъди чанд муддат, дар синни 40-солагияшон аз Худои Таъоло барояшон бо воситаи фариштаи бузург Ҷабраил алайҳиссалом, пайғамбарӣ даррасид. Баъди он ки ба эшон паёми илоҳӣ расид, бо амру фармони Худои Таъоло мардумро ба ибодати Худои Ягона даъват мекарданд. Ҳазрати Муҳаммади Мустафо баъди пайғамбарӣ, дар шаҳри Макка 13- сол зиндагӣ карда, мардуми онҷоро ба дини ҳақ даъват карданд. Сипас, бо изну фармони Худованди Таъоло ба шаҳри Мадинаи мунаввара ҳиҷрат карданд (яъне кӯчиданд). Мардуми шаҳри Мадинаи мунаввара, ки онҳоро пас “ансориён” гуфтанд, ҳазрати Пайғамбарро бо ҳамроҳии саҳобагонашон, ки онҳо “муҳоҷирон” буданд, бо хурсандии зиёде пешвоз гирифтанд. Сипас, он ҳазрат даъвату баёни дини исломро дар шаҳри Мадинаи Мунаввара пурра ба камол расониданд. Ҳазрати Пайғамбар алайҳиссалом дар шаҳри Мадина 10-сол зиндагӣ карда, дар ҳамонҷо дар синни 63-солагияшон аз дунё гузаштанд. Қабри мубораки он ҳазрат дар ҳамон шаҳр мавҷуд аст.

Аллоҳ Таъоло бо раҳмати худ ҳазрати Пайғамбарро ба олам фиристодааст, ки мо мусалмонон аз умматони он ҳазрат мебошем. Барои мусалмон лозим аст, ки пайравии Пайғамбар алайҳиссаломро намояд. Ҳазрати пайғамбари мо беҳтарини пайғамбарон ва охирини онҳо мебошанд, ки баъди он ҳазрат пайғамбари дигар намеояд. Мусалмон бояд дар дилаш муҳаббати Аллоҳ Таъоло ва муҳаббати пайғамбари Ў Муҳаммад алайҳиссаломро дошта бошад.

❁❁❁

Фасл

дар баёни ҳолатҳое, ки шахсро аз имон хориҷ мекунад.

Ҳар шахси мўъминро лозим ва зарур аст, ки имон ва исломи худро то даме ки дар ҳаёт аст, нигоҳ дорад. Ва аз нобуд шудан ва рафтани имон битарсад, ки рафтани онро риддат меноманд. Ва риддат аз бадтарин навъи куфр аст, чунончи имом Нававӣ (р.) ва дигар Уламо фармудаанд: “Риддат аз бадтарин анвоъи куфр аст”.

Дар замони имрўз, ки мардум дар талаби илми дин кўтоҳӣ меварзанд ва ҳангоми сухан гуфтан мутаваҷҷеҳи мазмуни он намебошанд. Гоҳе суханонеро содир мекунанд, ки аз ҳукми он огоҳ нестанд ва дар натиҷа на танҳо дар гуноҳ, балки дар риддат низ меафтанд (паноҳ ба Худо).

Бинобарин, шахси мўъмин бояд ҳамеша муроқиб ва идоракунандаи забони худ ва рафтори худ бошад. Дар ҳадиси Имом Тирмизӣ ворид шудааст, ки Пайғамбари акрам фармудаанд:

pإنَّ العَبْدَ لَيَتَكَلَّمُ بِالْكَلِمَةِ لا يَرَى بِهَا بَأساً يَهْوي بِهَا في النَّارِ سَبْعِينَ خَرِيفًا i

Яъне:«Ба таҳқиқ инсон гоҳе сухан мегўяд (яъне сухани куфреро), ки дар он боке намебинад (ва дар натиҷа ба сабаби он аз имон хориҷ мешавад ва дар охират) ба Дўзах меафтад, ки пастии он ҳафтодсола роҳ аст».(Ин макон хос барои куффор мебошад). (Наъузу биллоҳ). (р. Тирмизӣ ва дар ҳадиси Имом Бухориву Муслим низ ба ҳамин маъно ворид шудааст).

Дар ин ҳадис баён шуда, ки бо гуфтани сухани куфр инсон аз воқеъ шудани он халос намешавад, агар чи онро дар ҳоли ғазаб, ё ҳазл, ё бехабар аз ҳукми он, ки аз илми динии зарурӣ аст, гуфта бошад. Ва инчунин эътиқод намудан бар маънии лафзи куфр, гўяндаашро аз воқеъ шудан дар он халос намесозад.

Уламои киром анвоъи риддатро ба се навъ тақсим намудаанд, чуноне, ки муаллифи китоби «Ҷавориҳул фиқҳ» - Ибни Рашид ва соҳиби «Ал-Муҳит» (ва дигар китобҳои фатво, чун фатвои “Ҳиндия”, “Баҳрул-роиқ” ва ғайра...) мисолҳои онро зикр кардаанд.

1. Навъи аввали риддат ба имон ва эътиқодот вобаста аст, ки онро куфри эътиқодӣ низ мегўянд.

Мисли: шак овардан ё инкор кардани вуҷуди Худои Таъоло (наъузу биллоҳ) ва ё пайғамбарии (яке аз пайғамбарон, ки пайғамбарии ў бо иттифоқи Уламо собит шуда бошад). Инчунин инкор кардани рўзи қиёмат, ё Ҷаннат, ё Дўзах, ё савоб, ё азоб ва монанди инҳо, ки бо иттифоқ ва иҷмоъи мусалмонон собит ва машҳур бошад, куфр аст.

Касе ки ин оламро (хоҳ ҷинси онро ё ҷузъи онро) азалӣ ва беаввал эътиқод кунад, кофир мешавад (зеро чунин эътиқод далолат ба инкори Офарандаи якто ё ба ширк овардан ба Парвардигори беҳамто мекунад). Инчунин эътиқод доштан ба ин ки (гўё) “инсон аз маймун ба вуҷуд омада бошад”- куфр аст.

Касе, ки сифате аз сифатҳои илоҳиро инкор намояд, монанди сифати Илм (яъне Худо доно аст ва чизе аз ў пўшида нест) ва ё қудрат, ки Ў бо кудрати азалии худ ба ҳар чиз қудраташ мерасад ва ё ғайраи дигар аз сифатҳои илоҳӣ, ки дар каломи маҷид мазкур буда, назди мусалмонон маъруф бошад, инкораш куфр аст. Инчунин муртад мешавад касе, ки бар Худованд нуқс ва сифати махлуқотро нисбат диҳад.

Ба Худованд маконро нисбат додан раво нест, масалан агар касе гўяд, ки: аз Худо ҳеҷ макон холӣ нест бо ин гуна сухан хориҷ аз дин мешавад (чунки бо ин қавл ба Ў Таъоло маконро нисбат додааст). Инчунин ба Парвардигор ситам ва зулмро нисбат додан, ё сифати одамиро нисбат додан куфр аст, (мисли нодонӣ, нотавонӣ, ё ба Худованд фарзанд, зан, ё духтарро нисбат додан куфр аст).

Баъзе уламо ҳатто номбурдани баъзе сифатҳои Худоро ба забони форсӣ манъ кардаанд, (агар дар зоҳир аъзову андоме аз он фаҳмида шавад, мисли яд, айн, ваҷҳ, нафс... чунки тарҷумаи зоҳириаш: даст, чашм, рўй, тан ва... мебошад). (ниг. Фатовои Ҳиндия, ҷ. 2. “Китобуссияр - боби аҳкоми муртад”).

Ҳалол донистани ҳароми қатъӣ, ки ҳаром буданаш бо иҷмоъ маълум буда, аз илми зарурии динӣ бошад, куфр аст. Мисли зино кардан, ё ливота (наздики ба мард) кардан, ё биноҳақ куштани касе, ё дуздӣ кардан, ё рибо хўрдан... Ва инчунин ҳаром донистани ҳалоли ошкор низ куфр аст, мисли ақди никоҳи шаръӣ ва ё хариду фурўши ҳалол. Ва инкор кардани фарзи муттафақ, мисли намозҳои фаризаи панҷвақта, ё закоти мол додан, ё рўзаи моҳи Рамазон ва адои ҳаҷҷи фарзӣ, ё таҳоратро аз барои намоз, ҳамин ҳукмро дорад, ки инкоркунандаи ҳар яке аз инҳо хориҷ аз дини Худо мегардад (наъузу биллоҳ).

Инчунин касе, ки қасд ва орзуи куфр намояд, дар ҳол кофир мегардад (мисол бо нияти аз дин хориҷ шудан гўяд, ки: “агар фалон моли ман нобуд шавад, пас ман аз дин рўй гардонида кофир шавам...”) бо ин қавлаш дар ҳол муртад мешавад, зеро таманно, орзу ва ризои куфр, куфр аст, чунончи агар ғайри дине мусалмон шавад ва ў гўяд, ки “эй кош мусалмон намешудӣ”, пас гўянда худ аз дин мебарояд.

Касе, ки саҳоба будани ҳазрати Абўбакри Сиддиқро инкор кунад аз дин хориҷ мешавад, зеро бо иҷмоъи уламо саҳобагии ҳазрати Абўбакр бо далили Қуръонӣ собит шудааст. (Албатта саҳоба будани ҳамаи хулафои рошидин – чорёри Паёмбар - низ байни мусалмонон собит ва машҳур аст).

Ва инчунин муртад мегардад касе, ки инкор кунад ё дурўғ донад пайғамбарии яке аз пайғамбарони барҳақро, ки рисолати онҳо (назди мўъминон) маъруф бошад. Ва ё ҳарферо аз Қуръон инкор кунад, ки ба иҷмоъ собит шудааст, ё ҳарферо, ки аз Қуръон нест, қасдан дар он ворид намояд, муртад мегардад.

Таҳқир ва дурўғ пиндоштани пайғамбаре аз пайғамбарони Худо, ки паёмбарияшон бо иҷмоъ собит шудааст, куфр аст. Касе, ки баъд аз пайғамбари охирин, ҳазрати Муҳаммад алайҳиссалом худро пайғамбар эълон кунад ва ё ба касе пайғамбариро баъди он ҳазрат, раво ва ҷоиз донад, муртад мегардад. Ноумед будан аз раҳмати Худо ва эмин будан аз азоби илоҳӣ куфр аст. (Яъне гумон бурдан, ки Худованд шахси мусалмони гунаҳкорро ҳаргиз намебахшад, агар чи тавба намояд ё гумон доштан, ки мўъминро ҳеҷ гоҳ гуноҳаш зарар намекунад ва ўро ба сабаби он азобе намебошад – хилофи дин аст).

2. Навъи дуввуми риддат дар дар афъол ва аъмол аст, монанди: саҷда кардан барои бут, ё офтоб, ё моҳтоб, ё шайтон, ки ин аз куфри феълӣ аст. Инчунин барои инсон саҷда кардан ба нияти ибодат чунин ҳукмро дорад, зеро ин ибодати ғайри Худо кардан аст. Аммо дар пеши инсон саҷда кардан ё монанди рукўъ сар хам кардан бо ният ва қасди салом ҳаром аст. (Аммо дар баъзе шариъатҳои гузашта ин амр раво будааст, чунончи фариштагон бо қасди салом ба Одам алайҳиссалом саҷда карда буданд).

Инчунин андохтани китоби Қуръон ё варақе аз он дар макони палид ва партоваҳо (ё бо пой задани он) аз куфри феълӣ аст, агар чи бо нияти таҳқир ва тамасхур ҳам набошад, зеро ин амал худ далолат ба таҳқир мекунад. Ҳамчунин аст ҳукми варақае, ки дар он исми Худо, ё ояти Қуръонӣ, ё фармудаҳои набавӣ сабтшуда бошад. Навиштани оятҳои Қуръон бо наҷосат (монанди пешоб) ҳамин ҳукмро дорад, агар чи ба қасди муолиҷа нависта бошад.

Ба худ овезон кардан ё пўшидани аломат ва шиори куфр (мисли салиб) бо қасди таъзим ва писандкардани он, аз куфри феълӣ аст. (Уламои киром ҳатто пўшидани зуннори насрониҳоро дар ин ҳукм ворид намудаанд).

3. Навъи саввуми риддат дар алфоз ва ақвол аст, ки инро куфри лафзӣ мегўянд. Ин навъи риддат бисёр аст, ки баъзе аз мисолҳои онро меорем: Касе, ки номе аз номҳои Худоро масхара намояд, ё ба ваъдаҳои илоҳӣ (чун: Биҳишт ва савоб) ё бар ваъиди ў (чун: Дўзах ва азоб) тамасхур кунад, кофир мешавад. Инчунин агар ба қасди масхара гўяд, ки: «Агар чизеро Худо бар ман амр кунад, ман онро нахоҳам кард» ва ё агар гўяд, ки: «Агар қибла (каъба) ба дигар тараф гардонида шавад, ман сўи он намоз намехонам (агар бо нияти масхара кардани каъба бошад, куфр аст), ё агар таҳқиромезона гўяд, ки “Агар Биҳиштро ба ман диҳанд, ман онҷо намедароям (яъне ин қавл монанди ин аст, ки мегўяд: “ман ниёз ба он надорам”). Агар бигўяд, ки: “Агар манро Худо аз сабаби бемориам, ки тарки намоз кардаам азоб кунад, пас ў золим аст» (наъузу биллоҳ, зеро ба Худованд зулмро нисбат додааст, ки пас) кофир мешавад. Ва инчунин ба коре, ки ҳосил шудааст, чун гўяд ки: “...ин ҳама бе хост ва тақдири Худо шудааст”, (зеро бо ин сухан тақдиротро инкор кардааст), ё гўяд, ки: “агар ба ман пайғамбарон, ё фариштагон, ё тамоми мусалмонон ба чизе гувоҳӣ диҳанд, ман онро қабул намекунам (зеро ки бо ин сухан паёмбарон ва фариштагону мусалмононро дар хиёнат ва дурўғгўӣ муттаҳам кардааст). Ё бо қасди масхара ва таҳқир дар суннати Расули акрам, гўяд ки “...ман ин корро намекунам, агар чи суннат бошад”, ё бо ҳамин қасд гўяд, ки “агар фалон пайғамбар (имрўз) мебуд, ман ба вай бовар намекардам (ё пайрави вай намешудам...)”, ё вақте, ки ҷавоби як фатво дар масъалае аз олиме шунид ва бо таҳқиру эътироз гўяд, ки: “ин чигуна шариъат аст!?”. Ва агар касе гўяд, ки: «Лаънати Худо бар ҳамаи уламои Ислом (яъне, муллоҳо) бод», муртад мешавад, зеро ин қавл тамоми донишмандони Исломро дарбар мегирад ва дашноми уламои дин дар маҷмўъ куфр аст, чунки уламои боамалро Худованд дар Қуръон ситоиш ва таъриф кардааст. Вале агар бо чунин сухан баъзе уламои замони худро дар назар дошта бошад, (ба сабаби беамал ва вайронкории онҳо) пас кофир намешавад, агар чи дашноми мусалмон худ гуноҳ аст. Агар касе гўяд, ки “Ман аз Худо, ё аз фариштагон, ё аз пайғамбарон, ё аз шариъат, ё аз ислом безорам...” (паноҳ ба Худо) дар ин ҳол низ кофир мегардад.

Агар касе дар яке аз оятҳои Қуръонӣ масхара намояд, масалан вақти обро дар зарфе рехтан ин оятро бо тамасхур хонад, ки:

$U™ù(x.ur $]%$ydÏŠ ÇÌÍÈ

“Ва каъсан диҳақо” - яъне дар ин оят аз васфи шаробҳои лазизи Ҷаннат хабар омадааст, (албатта, агар мазмуни ин оятро бидонад ва бо қасди масхара дар ин ҳолат онро тиловат кард, муртад мешавад, вагарна риддат нест). Ё дар вақти рехтани оби зарф ин ояти зеринро ба қасди масхара бо донистани маънояш бихонад, ки:

ôMtR%s3sù $¹/#uŽ| ÇËÉÈ

“Фа конат сароба” - яъне, дар ин оят пора шуда, пош хўрдани кўҳҳо дар рўзи қиёматро хабар додааст.

Инчунин ҳангоми вазн кардани чизе дар тарозу ин оятро ба қасди масхара ва бо дониши маънояш бихонад, ки:

#sŒÎ)ur öNèdqä9$x. rr& öNèdqçRy—¨r tbrçŽÅ£øƒä† ÇÌÈ

“Ва иза калуҳум ав вазануҳум юхсирун” - яъне, дар ин оят тоҷирони мардумфиреро, ки аз тарозу нуқс мекунанд, мазаммат карда шудааст.

Бинобарин, касе, ки дар яке аз оятҳои қуръонӣ масхара ва таҳқир кунад, муртад мешавад.

Касе, ки пайғамбаре ё фариштаеро дашном бидиҳад муртад мегардад ва инчунин агар бо қасди таҳқир гўяд, ки: “агар ман намоз хонам, мисли фоҳишагарон мебошам”, ё гўяд, ки: “...аз рўзе, ки намозхон шудаам, ҳеҷ хубие надидаам” бо қасди таҳқир ва гумони он ки гўё намоз чизи наҳс бошад (паноҳ бар Худо), ё гўяд, ки: “намоз гузоридан барои ман айб аст”. Ё касе барои мусалмоне бигўяд, ки: “ман душмани ту ва душмани пайғамбари туам (яъне агар Муҳаммад алайҳиссаломро дар назар дошта бошад), ё барои шахси сайидзодае (аз авлоди пайғамбар алайҳиссалом) гўяд, ки: “ман душмани ту ва душмани бобоят” (инҷо низ агар пайғамбарро дар назар дошта бошад), дар ҳамаи чунин аҳвол муртад мегардад. Инчунин писанд кардани куфр ва тарк кардани дини Ислом ва пайрави аз дигар дин (ғайри Ислом) кардан, куфр ва риддат аст. (паноҳ бар Худо).

Хулоса: Ҳар як эътиқод, феъл ё сухане, ки далолат бар таҳқир ва пастшуморидани бузургии Худованд, ё китобҳои Ў, ё пайғамбарони Ў, ё шиорҳои ислом, ё аҳкоми шаръӣ, ё ваъдаҳо ва ваъиди илоҳӣ бошад, куфр аст. Бинобарин, барои шахси оқил лозим аст, ки эътиқод ва забон ва кирдори худро идора ва муроқибат намояд ва имон ба саломат барад.

ФАСЛ

Наши рекомендации