Боби 23. коркард берун аз ќаламрави гумрукї
Моддаи 197. Мазмуни низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї
1. Коркард берун аз ќаламрави гумрукї низоми гумрукие мебошад, ки мувофиќи он моли ватанї аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо маќсади иљрои амалиёти коркард дар мўњлати муайяншуда (мўњлати коркард) бароварда шуда, минбаъд мањсули коркарди он бо ќисман ё пурра озод намудан аз бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ворид карда мешавад.
2. Мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон мувофиќи низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї бо шартан пурра озод намудан аз бољњои содиротї бароварда мешавад. Нисбати моли содиршаванда мамнўият ва мањдудиятњои дорои хусусияти иќтисодии муќаррарнамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон истифода бурда намешаванд.
3. Њангоми содироти мол мувофиќи низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї он аз пардохти андозњои дохилї озод карда намешавад ва инчунин андозњои дохилї баргардонида ё љуброн карда намешаванд.
Моддаи 198. Шартњои љойгир намудани мол тањти низоми гумрук коркард берун аз ќаламрави гумрукї
1. Коркард берун аз ќаламрави гумрукї бо рухсатномаи маќоми гумрук иљозат дода мешавад (моддаи 203).
2. Агар маќоми гумрук моли содиршударо бо мањсули коркардшуда њаммонанд карда тавонад (моддаи 199), коркард берун аз ќаламрави гумрукї иљозат дода мешавад, ба истиснои њолатњое ки иваз кардани мањсули коркард ба моли хориљї мувофиќи моддаи 206 њамин Кодекс амалї карда шуда бошад.
3. Барои љойгиронии мол тањти низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї мол барои маќсадњои гумрукї бояд дорои статуси иљозат ба муомилоти озод ё дар Љумњурии Тољикистон истењсол шуда бошад. Тањти низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї ќарор додани моле иљозат дода мешавад, ки нисбати он имтиёз оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз, мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон фароњам оварда шудааст, агар ин амалиёт оид ба коркарди мол аз таъмир иборат бошад.
4. Њукумати Љумњурии Тољикистон њуќуќ дорад њолатњоеро муайян намояд, ки коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї нисбати баъзе намудњои муайяни мол манъ карда шавад, инчунин нисбати иљозати мол барои амалиёти коркард берун аз ќаламрави гумрукї, бо назардошти њимояи манфиати истењсолкунандагони ватанї мањдудиятњои арзишї ё миќдориро муќаррар намояд. Ин мамнўият ва мањдудиятњо мутобиќи моддаи 4 њамин Кодекс дар амал татбиќ мегарданд.
Моддаи 199. Њаммонандсозии мол бо мањсули коркард
1. Барои њаммонандсозии моли содиротї ва мањсули коркарди он усулњои зайл истифода мешаванд, агар ин усулњо бо назардошти хусусияти мол ва амалиёти вобаста ба коркарди он ќобили ќабул бошанд:
1) аз љониби аризадињанда ё шахси мансабдори маќоми гумрук гузоштани мўњр, штамп, маркировкаи раќамї ва ѓайра ба мањсулоти содиротї;
2) тавсифи пурраи моли содиротї, суратгирї ва тасвири он дар масштаб;
3) муќоисаи натиљаи тањќиќи пешакии чошнї ва намунаи моли овардашуда ва мањсули коркарди он;
4) истифодаи раќамњои силсилавї ё дигар тамѓањои истењсолкунандаи моли содиршуда;
5) тасдиќи далелноки он, ки моли содиротї тањти амалиёти коркард ќарор гирифтааст;
6) усулњои дигари њаммонандсозии мол, ки истифодаи технологияи замонавиро дар назар дорад.
2. Ќобили ќабул будани усули арзшудаи њаммонандсозии мањсули моли барои коркарди берун аз ќаламрави гумрукї содиршударо маќоми гумрук бо назардошти хусусияти мол ва анљом додани амалиёти коркарди он муќаррар менамояд.
3. Бо дархости аризадињанда ва розигии маќоми гумрук њаммонандсозии зикршуда барои маќсадњои гумрукї бо роњи тањќиќи маълумоти муфассали пешнињодшуда оид ба ашё, мавод ва ќисмњои такмилие, ки дар истењсолот истифода мешаванд, инчунин технологияи истењсоли мањсули коркард таъмин карда мешавад.
Моддаи 200. Амалиёт доир ба коркарди мол
Амалиёт доир ба коркарди мол њангоми низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї амали зайлро дар бар мегирад:
1) коркард ва такмили худи мол;
2) истењсоли моли нав, аз љумла насб, васл ё ба ќисмњо људо кардани он;
3) таъмири мол, аз љумла барќарорсозї, иваз кардани ќисмњои таркибї ва барќарорсозии хусусияти истеъмолии он;
Моддаи 201. Мўњлати коркарди мол
1. Мўњлати коркарди мол бо розигии маќоми гумрук аз љониби декларант муќаррар карда мешавад ва наметавонад аз ду сол бештар бошад.
2. Мўњлати коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї бо назардошти давомнокии љараёни коркарди мол, мўњлате, ки барои интиќоли мањсули коркард зарур аст, дар доираи мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда муайян карда мешавад.
3. Бо аризаи асосноки шахси барои коркарди мол иљозатгирифта мўњлати ибтидоии коркард дар доираи мўњлати муќаррарнамудаи ќисми 1 њамин модда дароз карда мешавад.
4. Мўњлати коркарди мол аз рўзи љойгир намудани он тањти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї ва дар сурати бо партия содир намудани мол аз рўзи љойгир намудани партияи аввали он оѓоз мегардад.
Моддаи 202. Меъёри мањсули коркард бо маќсади гумрукї
1. Меъёри баромади мањсули коркард (миќдор ё таркиби фоизии мањсули коркард, ки дар натиљаи коркарди миќдори муайяни моли содиршуда њосил гардидааст) аз љониби декларант бо розигии маќоми гумрук, бо назардошти шароите, ки коркарди мол сурат мегирад, ба истиснои њолатњои дар ќисми 4 њамин модда пешбинишуда муайян мегардад, агар ин барои маќсади назорати гумрукї зарур бошад. Меъёри мањсули коркард то ворид намудани мањсули коркард ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон муайян карда мешавад.
2. Меъёри мувофиќашудаи миќдори мањсули коркарди молро маќоми гумрук дар асоси њуљљатњои пешнињоднамудаи декларант, ки дорои маълумот оид ба љараёни технологии коркард мебошад, амалї менамояд. Њангоми мувофиќаи мањсули коркард маќомоти гумрук хулосаи ташкилотњои экспертиро (аз љумла лабораторияњои гумрукї), ки ба љараёни мушаххаси технологии коркард асос ёфтаанд, ба инобат мегирад.
3. Тавсиф, сифат ва миќдори мањсули коркард баъди мувофиќаи мањсули коркард пурра муайян карда мешавад.
4. Агар амалиёт нисбати моле, ки аслан дорои хусусияти доимї мебошад, маъмулан мувофиќи шартњои муайяни техникї иљро шавад ва боиси истењсоли мањсули коркарди сифатан бетаѓйир гардад, дар ин њолат маќоми ваколатдор барои маќсади гумрукї меъёри стандартии баромади мањсули коркардро муќаррар мекунад.
Њангоми истифодаи меъёрњои стандартии мањсули коркард ба маќсади гумрукї воридоти мол ба миќдори зиёда аз меъёри муќарраршудаи мањсули моли коркардшуда бо пурра ё ќисман озод намудан аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз иљозат дода намешавад.
Моддаи 203. Рухсатнома барои коркарди мол
1. Содироти мол барои коркард берун аз ќаламрави гумрукї њангоми мављуд будани рухсатномаи коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї иљозат дода мешавад.
2. Рухсатномаи коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї аз љониби маќоми гумрук ба декларант дода мешавад.
3. Дар рухсатнома инњо зикр мешаванд:
1) тавсиф, сифат ва миќдори моли барои коркард таъингардида ва мањсули коркарди он;
2) амалиёт нисбати коркарди мол ва тарзи иљрои он;
3) меъёри мањсули коркард, агар он муайян карда шуда бошад (ќисми 4 моддаи 202) ё дар рўзи додани рухсатнома мувофиќа шуда бошад;
4) усулњои њаммонандсозии мањсули моли содиротии коркард;
5) мўњлати коркарди мол;
6) дигар маълумоте, ки аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муайян карда мешавад ва барои маќсади гумрукї зарур аст.
Намунаи рухсатномаро барои коркарди мол маќоми ваколатдор оид ба масъалањои гумрукї муќаррар менамояд.
4. Рухсатнома барои коркарди мол дар мўњлати муайяншудаи коркард амал мекунад.
5. Мутобиќи ќисми 2 моддаи 350 њамин Кодекс шахсе, ки барои коркарди мол рухсатнома гирифтааст, барои пардохти бољњои гумрукї ва андоз масъул мебошад.
Моддаи 204. Тартиби додани рухсатномаи коркарди мол
1. Барои гирифтани рухсатномаи коркарди мол ба маќоми гумрук аризаи дорои чунин маълумот пешнињод карда мешавад:
1) дар бораи аризадињанда;
2) дар бораи шахсе (шахсоне), ки мустаќиман амалиёти коркарди молро иљро менамояд, ва мањали љойгиршавии он (онњо);
3) дар бораи моли мавриди коркард;
4) дар бораи амалиёт оид ба коркарди мол, усул ва мўњлати иљрои он;
5) дар бораи меъёри мањсули коркард, агар он муќаррар шуда бошад (ќисми 4 моддаи 202) ё агар дар рўзи пешнињоди ариза ин меъёр аз љониби декларант муайян шуда бошад;
6) дар бораи моли коркардшаванда ва миќдори эњтимолии он;
7) дар бораи усулњои њаммонандсозии мањсули моли содиротии коркардшуда бо мањсули коркард;
8) дар бораи иваз намудани мањсули коркард ба моли хориљї;
9) дар бораи мўњлати коркарди мол.
2. Намунаи ариза ва тарзи пешнињоди маълумотро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар менамояд.
Ба ариза њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти пешнињодшуда замима мегардад.
3. Маќоми гумрук ариза ва њуљљатњои ба он замимагардидаро дар давоми 30 рўзи ќабул карда гирифтани он баррасї менамояд. Дар давоми ин мўњлат маќоми гумрук маълумоти дар ариза зикршударо санљида, инчунин оид ба мувофиќаи меъёри арзшудаи мањсули коркард ва мўњлати коркарди он ќарор ќабул мекунад.
Маќоми гумрук њуќуќ дорад аз шахсони сеюм, инчунин аз маќомоти давлатї њуљљатњои тасдиќкунандаи маълумоти арзшударо талаб намояд. Њамзамон маќоми гумрук њуќуќ дорад мўњлати баррасии аризаро ба мўњлати на бештар аз ду моњ аз рўзи ќабул дароз намояд.
Рухсатномаи коркарди мол ва њуљљатњои ба он замимашуда аз љониби маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї ба ќайд гирифта мешаванд. Дар сурати риоя накардани талабот ва шартњои муќарраргардида маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї метавонад додани рухсатномаи коркарди молро рад намояд.
4. Ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукї барои моле, ки тањти низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї содир мегардад, истифода мешавад, ба шарте агар мол бо як партия содир шавад ва дар њолатњое, ки:
1) агар маќсади тањти низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї ќарор додани мол аз таъмири он иборат бошад, аз љумла музднок иљрошаванда;
2) агар арзишии гумрукии моле, ки тањти низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї ќарор дорад, бояд аз њаљми 2000 - каратаи маоши њадди аќали муќарраршуда зиёд набошад.
5. Агар ба сифати ариза барои коркарди мол декларатсияи гумрукї истифода шавад, мўњлати баррасии он бояд аз мўњлати тафтиши декларатсияи гумрукї, ки ќисми 1 моддаи 400 њамин Кодекс муќаррар кардааст, зиёд набошад. Дар ин њолат мањсули коркард њангоми баровардани он бояд аз љониби њамон маќоми гумрукие декларатсия карда шавад, ки барои коркард рухсатнома додааст.
6. Маќоми гумрук танњо дар њолате, ки агар њангоми додани ариза аризадињанда талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин бобро иљро накунад, инчунин њангоми аз љониби маќоми гумрук ќабул намудани ќарор дар бораи мувофиќа накардани маълумоти арзшудаи мањсули коркард ва мўњлати коркарди он додани рухсатномаро рад менамояд.
Надодани рухсатнома барои коркарди мол аз љониби маќоми гумрук бояд асоснок карда шуда, сабаби он зикр гардад. Оид ба надодани рухсатнома аризадињанда хаттї огоњ карда мешавад.
Моддаи 205. Бозхондани рухсатнома барои коркарди мол
1. Рухсатномаи барои коркарди мол додашуда аз љониби маќоми гумрук бозхонда мешавад, агар дар асоси ќисми 4 моддаи 198 њамин Кодекс мутобиќи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон ба љойгир кардани мол тањти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї иљозат дода нашавад.
2. Ќарор дар бораи бозхонди рухсатнома аз рўзи эътибори ќонунї пайдо кардани санадњои дахлдори меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон амал мекунад.
3. Њангоми бозхонди рухсатномаи коркарди мол ба љойгир кардани мол тањти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї мувофиќи рухсатномаи бозхондшуда коркарди он иљозат дода намешавад, вале нисбати моле, ки то боз хондани рухсатнома тањти низоми гумрукии коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї љойгир карда шудааст, иљозат дода мешавад, ки низоми гумрукї мутобиќи њамин боб анљом дода шавад.
4. Намунаи бозхондани рухсатномаи коркарди молро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар менамояд.
Моддаи 206. Иваз намудани мањсули коркард ба моли хориљї
1. Мувофиќи дархости асосноки декларант ва иљозати маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї иваз намудани мањсули моли коркардшудаи хориљї иљозат дода мешавад, агар:
1) он вобаста ба тавсиф, миќдор, арзиш, сифат ва хусусиятњои техникї ба мањсули коркард мувофиќат намояд;
2) коди моли хориљї тибќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї бо коди мањсули коркард тибќи ин Номгўй дар сатњи чор раќами аввал мувофиќат намояд.
2. Дар њолатњои дигар ивази мањсулоти коркарди моли хориљї бо роњи азнавбарасмиятдарории рухсатномаи коркарди мол бо тартиби муќаррарнамудаи моддаи 204 њамин Кодекс иљозат дода мешавад.
Моддаи 207. Истифодаи ќисман ё пурра озод намудани мањсули коркард аз пардохти бољњои гумрукї ва андоз
1. Агар маќсади коркард таъмири кафолатноки (ройгони) моли баровардашуда бошад, мањсули коркарди он аз бољњои гумрукї ва андоз пурра озод карда мешавад.
Нисбати моле, ки ќаблан дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ба муомилоти озод иљозат дода шудааст, агар њангоми иљозати он ба муомилоти озод мављудияти норасої, ки боиси таъмир гардидааст, ба инобат гирифта шуда бошад, озодкунии пурра аз бољњои гумрукї ва андоз иљозат дода намешавад.
2. Дар њолатњои дигар барои моли мањсули коркард, ба истиснои аксизњо ќисман озодкунии он аз бољњои гумрукї ва андоз иљозат дода мешавад, ки ин бо тартиби зайл амалї мегардад:
1) андозаи маблаѓи пардохтшавандаи бољњои гумрукї њамчун фарќияти маблаѓи бољи гумрукии воридотї, ки нисбати мањсули коркардшаванда истифода мегардад ва маблаѓи бољњои гумрукии воридотие, ки метавонист нисбати моли содиршаванда истифода бурда шавад, муайян мегардад, чуноне, ки агар он ба муомилоти озод иљозат дода шавад ва агар ба мањсули коркард ставкањои махсуси бољњои гумрукї истифода шавад ва амалиёти коркард таъмири кафолатнок (ройгон) набошад ё бо назардошти арзиши амалиёти коркард, ки њангоми набудани њуљљатњои тасдиќкунандаи арзиши ин амалиёт метавонад њамчун фарќияти байни арзиши гумрукї, њаљми умумии мањсулоти истењсолшавандаи мањсули коркард ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад;
2) андозаи маблаѓи пардохтшавандаи андоз аз арзиши иловашуда бо назардошти арзиши амалиёти коркард муайян карда мешавад, ки дар сурати набудани њуљљатњои тасдиќкунандаи ин амалиёт метавонад њамчун фарќияти байни арзиши гумрукии њаљми умумии мањсули коркарди ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридгардида ва арзиши гумрукии моли барои коркард содиршуда муайян карда шавад.
3. Аксизњо нисбати мањсули коркард пурра супорида мешаванд, ба истиснои њолатњое, ки маќсади амалиёти коркарди мол аз таъмири кафолатноки (ройгони) моли содиршуда иборат бошад.
4. Њангоми воридоти мањсули коркард бо гузашти мўњлати коркард (моддаи 201), инчунин њангоми риоя нанамудани дигар талабот ва шартњои њамин боб ё тасдиќи онњо ба таври номатлуб, низоми пурра ва ќисман озодкунии онњо аз бољњои гумрукї ва андоз фароњам оварда намешавад.
Моддаи 208. Анљоми низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї
1. Низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї бо ворид намудани мањсули коркард ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ё тавассути усули дигари пешбининамудаи њамин модда анљом меёбад.
2. Агар мањсули коркард ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон бо якчанд партия ворид шавад, муќоисаи нињоии миќдори мањсули коркарди дар рухсатномаи коркарди мол (моддаи 203) зикршуда метавонад давра ба давра, баъди воридоти мањсули коркард, вале на бештар аз як маротиба дар се моњ ва дар давоми 30 рўзи баъди ворид намудани партияи охирини мањсули коркард гузаронида шавад. Агар дар натиљаи чунин муќоиса шахсе, ки рухсатномаи коркардро дар ќаламрави гумрукї гирифтааст, бояд бољњои гумрукї ва андоз супорад, аз чунин маблаѓи пардохти бољњои гумрукї ва андоз фоиз ситонида намешавад, ба шарте агар пардохт дар давоми 10 рўзи кории ба таври хаттї ќабул шудани ќарори маќоми гумрук оид ба зарурати пардохти зикршуда анљом дода шавад. Маќоми гумрук дар рўзи дигари баъди ќабули ќарор ба декларант оид ба зарурати пардохти бољњои гумрукї ва андоз огоњинома мефиристад.
3. Низоми гумрукии коркарди мол берун аз ќаламрави гумрукї метавонад бо воридоти бозпаси моли (реимпорт) аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон содиршуда ё љойгир намудани мол тањти низоми гумрукии нисбати моли содиротї истифодашаванда, бо риояи талабот ва шартњои муќаррарнамудаи њамин Кодекс анљом дода шавад. Таѓйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї ба низоми гумрукии содирот иљозат дода намешавад, агар мувофиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон баргашта овардани моли барои коркард содиршуда ва мањсули онњо њатмї бошанд. Таѓйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї ба низоми гумрукие, ки нисбати моли содиротї истифода мешаванд, бе пешнињоди воќеии мол ба маќоми гумрук иљозат дода мешавад.
Њангоми таѓйир додани низоми гумрукии коркард берун аз ќаламрави гумрукї ба низоми гумрукии содирот нисбати моли баровардашуда бояд маблаѓи бољњои гумрукии содиротї, агар онњо муќаррар шуда бошанд, инчунин фоизи маблаѓи мазкур пардохта шавад, ба монанди он, ки дар рўзи ќабули декларатсияи гумрукї барои содирот батаъхирандозии пардохти бољи гумрукии содиротї фароњам оварда шудааст.
4. Агар мањсули коркард тањти низоми гумрукие ќарор гирад, ки иљозати молро ба муомилоти озод пешбинї намекунад, маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз нисбати ин мол наметавонад аз маблаѓи мувофиќи бандњои 2 ва 3 моддаи 207 њамин Кодекс њисобшаванда, бе њисоби фоизњо, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 5 њамин модда, зиёд бошад.
5. Агар мањсули коркарди моле оварда шавад, ки то содирот нисбати он оид ба пардохти бољњои гумрукї ва андоз имтиёзњо фароњам оварда шудаанд (ќисми 3 моддаи 198), њангоми иљозати чунин мол ба муомилоти озод њамзамон бо маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи моддаи 207 њамин Кодекс муќарраршуда бояд бољњои гумрукии воридотї ва андоз, ки нисбати мол то содирот барои коркард фароњам оварда шудаанд, пардохта шаванд.