Боби 42. муайян намудани арзиши гумрукии мол
Моддаи 352. Арзиши гумрукии мол
Арзиши гумрукии мол арзиши молест, ки аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќол ёфта, мутобиќи њамин боб муайян мегардад ва ба маќсадњои зерин истифода бурда мешавад:
1) тањти пардохтњо ва хирољњои гумрукї ќарор додани мол;
2) ба кор бурдани тадбирњои дигари танзими давлатии фаъолияти иќтисодии хориљии Љумњурии Тољикистон.
Моддаи 353. Муайян кардани арзиши гумрукии моли содиротї
1. Арзиши гумрукии моле, ки аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон содир мешавад, дар асоси нархи муомилотие, ки воќеан пардохта шудааст ва ё њангоми фурўши он барои содирот бояд пардохта шавад, муайян карда мешавад.
2. Њангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол харољоти зерин ба нархи муомилот дохил карда мешавад, ба шарте агар он ќаблан дохил карда нашуда бошад:
1) харољоти расондани мол то фурўдгоњ, бандар ё мањали дигари содироти мол аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон:
- арзиши њамлу наќл;
- харољоти борбардорї ва борфарорї, аз нав бор кардан ва аз љое ба љое кашондани мол;
2) арзиши суѓурта;
3) харољоти фурўшанда:
- музди комиссионї ва брокерї;
- арзиши контейнер ё зарфњои дигари серистифода, ба шарте, агар мутобиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї он њамчун воњиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасї гардад;
- арзиши бастабандї, аз љумла арзиши масолењи бастабандї ва корњои вобаста ба бастабандї;
4) роялти ва хирољи додани иљозатнома барои моли арзёбишавандае, ки бояд фурўшанда мустаќиман ва ё ѓайримустаќим њамчун шарти фурўши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте, агар чунин роялти ва хирољ ба нархе, ки воќеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
5) ќисми даромад аз фурўши минбаъда, ки мустаќиман ва ё ѓайримустаќим фурўшанда мегирад;
6) андозњое, ки дар ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ситонида мешаванд, ба шарте ки мутобиќи ќонунгузории андози Љумњурии Тољикистон ё санадњои њуќуќии байналмилалии эътирофнамудаи Љумњурии Тољикистон онњо ба фурўшанда вобаста ба баровардани мол аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон љуброн карда намешаванд.
3. Њангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол аз нархи муомилотї пардохту харољоти зерин хориљ карда мешаванд, ба шарте агар онњо ќаблан ба нархи муомила дохил шуда, бо њуљљат тасдиќ карда шуда бошанд:
1) харољоти насб, васл, танзими таљњизот ё расонидани кўмаки техникии баъди содир кардани чунин таљњизот аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон;
2) харољоти расондани мол баъди содир кардани он аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон;
3) арзиши суѓуртаи расондани мол баъди содироти он аз ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон;
4) бољњои гумрукї ва андозе, ки дар давлати воридкунанда пардохта мешаванд.
4. Дар сурати вуљуд надоштани нархи муомилотї арзиши гумрукии моли содиротї дар асоси нусхаи њуљљати муњосибавии фурўшандаи содиркунанда дар бораи харољоти вобаста ба истењсол ё харид, нигоњдорї ва интиќоли моли содиротї, ки аз тарафи декларант пешнињод мешавад, муайян карда мешавад. Дар баробари ин харољоти дар ќисми 2 њамин модда зикршуда низ ба њисоб гирифта мешавад.
5. Дар сурати мављуд набудани маълумоти тасдиќкунандаи арзиши гумрукии арзшудаи моли содиротї арзиши гумрукии чунин мол тибќи маълумот дар бораи моли шабењ ва ё њамљинс, ки маќоми гумрук дар ихтиёр дорад, аз љумла тибќи маълумоте, ки бо истифода аз натиљаи экспертизаи мустаќил пешнињод шудаааст, муайян мегардад.
Моддаи 354. Усулњои муайян кардани арзиши гумрукии моли воридотї
1. Арзиши гумрукии моле, ки ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон ворид карда мешавад, бо истифодаи усулњои зерин муайян карда мешавад:
1) тибќи нархи муомилоти моли воридшаванда;
2) тибќи нархи муомилоти моли шабењ;
3) тибќи нархи муомилоти моли њамљинс;
4) тарњи арзиш;
5) љамъ кардани арзиш;
6) усули эњтиётї.
2. Усули асосии муайян кардани арзиши гумрукии мол усулест, ки ба нархи муомилотии моли воридотї асос ёфтааст.
3. Дар сурати имконнопазирии истифодаи усули асосї паёпай усулњои номбаршуда ба кор бурда мешаванд. Зимнан кадом усули минбаъда баъди он истифода мешавад, ки арзиши гумрукии молро бо истифода аз усули ќаблї муайян кардан имконнопазир бошад. Дар асоси аризаи декларант усулњои тарњ ва љамъ кардани арзиш бо тартиби баръакс анљом дода мешавад.
4. Маълумот барои муайян кардани арзиши гумрукии мол бо яке аз усулњои дар ќисми 1 њамин модда пешбинигардида бояд мутобиќи принсипњои њисоби муњосибавии Љумњурии Тољикистон пешнињод карда шавад.
Моддаи 355. Усули муайян кардани арзиши гумрукї тибќи нархи муомилотии моли воридотї
1. Арзиши гумрукии моли ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон воридшаванда нархест, ки воќеан пардохт шудааст ё бояд њангоми фурўши он барои содирот ба Љумњурии Тољикистон пардохта шавад.
2. Њангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол харољоти зерин ба нархи муомила илова карда мешавад, ба шарте агар он ќаблан дохил карда нашуда бошад:
1) харољоти расонидани мол ба фурўдгоњ, бандар ё мањали дигари ворид кардани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон:
- арзиши интиќол;
- харољоти борбардорї, борфарорї, аз нав бор кардан ва аз љое ба љое кашондани мол;
2) арзиши суѓурта;
3) харољоти харидор;
- музди комиссионї ва брокерї, ба истиснои музди комиссионии хариди мол;
- арзиши контейнер ё зарфњои дигари серистифода, ба шарте агар мутобиќи Номгўи молњои фаъолияти иќтисодии хориљї он њамчун воњиди тому ягона бо моли арзёбишаванда баррасї гардад;
- арзиши бастабанд, аз љумла арзиши масолењи бастабандї ва корњои вобаста ба бастабандї;
4) ќисми дахлдори арзиши зерини моле (кору хизматрасоние), ки мустаќиман ё ѓайримустаќим аз тарафи харидор ба фурўшанда ройгон ё бо нархи арзон барои истифода вобаста ба истењсол ё фурўши моли арзёбишавандаи содиротї пешнињод шуда буд:
- ашёи хом, ќисмњо, моли нимтайёр ва мањсулоти дигари такмилї, ки ќисми таркибии моли арзёбишаванда ба шумор меравад;
- асбобу анљом, штампу ќолабњо ва ашёи шабењи дигаре, ки њангоми истењсоли моли арзёбишаванда ба кор бурда шудаанд;
- масолење, ки дар истењсоли моли арзёбишаванда харљ шудааст (равѓанњои молиданї, сўзишворї ва ѓайра);
- тадќиќоти муњандисї, корњои конструкторию таљрибавї, дизайн, ороиши бадеї, нигораву наќшањое, ки берун аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон иљро шуда, бевосита барои истењсоли моли арзёбишаванда заруранд;
5) роялти ва хирољ барои додани иљозатнома ба моли арзёбишавандае, ки бояд харидор мустаќиман ё ѓайримустаќим њамчун шарти фурўши моли арзёбишаванда супорад, ба шарте агар чунин роялти ва хирољ ба нархе, ки воќеан супурда шудааст ё бояд супорида шавад, дохил нашуда бошад;
6) њаљми ќисми даромади мустаќим ё ѓайримустаќими фурўшанда аз њама гуна фурўши минбаъда, супурдан ё истифодаи моли арзёбишаванда.
3. Дар сурати расондани як партия моли номгўи гуногун харољоте, ки бояд ба арзиши гумрукии њар яке аз моли воридотї дохил карда, барои тамоми партияи мол таъин гардидааст, мутаносибан тибќи њаљме, ки бо таносуби арзиши њар мол нисбати арзиши партияи мол муайян мегардад, муќаррар карда мешавад.
4. Њангоми муайян кардани арзиши гумрукии мол пардохтњо ва харољот бо шарте дохил карда намешаванд, ки онњо аз нархи барои моли воридотї воќеан пардохтшуда ё пардохтшаванда тарњ карда шуда бошанд:
1) харољоти насб, васл, танзими таљњизот ё расонидани ёрии техникї баъди ворид кардани чунин таљњизот ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон;
2) харољоти расонидан баъди ворид шудани мол ба ќаламрави гумрукии Љумњурии Тољикистон;
3) бољњои гумрукї ва андозе, ки дар давлати воридоти мол супурда мешаванд.
5. Усули вобаста ба нархи муомилоти моли воридотї барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда намешавад, агар:
1) нисбати њуќуќ барои ихтиёрдорї ё истифода мављуд будани мањдудият аз љониби харидори моли арзёбишаванда, ба истиснои:
- мањдудиятњое, ки санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар кардаанд;
- мањдудиятњои минтаќаи љуѓрофї, ки дар он мумкин аст мол бозфурўшї шавад;
- мањдудиятњое, ки ба арзиши мол таъсири љиддї намерасонанд;
2) ба Љумњурии Тољикистон мувофиќи муомилоте, ки нишонањои хариду фурўш надорад, мол чунин ворид карда шудааст:
- ройгон;
- бо шарти консигнатсия, ки молрасониро барои фурўш дар Љумњурии Тољикистон бе гузаштани њуќуќи моликият ба воридкунанда пешбинї менамояд;
- ба унвони филиалњои (намояндагињои) худ, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон ќарор доранд, аз тарафи шахси њуќуќии хориљї;
- мувофиќи ќарордоди иљораи молиявии молу мулк (лизинг);
- бо маќсади нигањдошти муваќќатї;
- њамчун партови истењсолот бо маќсади истифодабарии ѓайритиљории он;
- бо маќсади ивази кардани моли (маснуоти такмилї) дорои сифати номатлубе, ки барояш мўњлати кафолат муќаррар шудааст;
- тибќи дигар муомилот;
3) фурўш ё нархи муомилот ба риояи шартњое вобастагї дорад, ки бањисобгирии таъсири онњо имконнопазир аст ва аз ин сабаб арзиши муомилот барои муайян кардани арзиши гумрукї ќобили ќабул намебошад:
- шартномаи мубодила (мена);
- шартномањои пешбиникунандаи амалиёти толлингї;
- шартномањои контрактатсия;
- дигар намудњои шартномањо;
4) маълумоте, ки декларант њангоми арзи арзиши гумрукї истифода бурдааст, бо санадњо тасдиќ нашудааст ва ё миќдоран муайяншаванда ва эътимодбахш намебошанд;
5) иштирокчиёни муомила шахсони ба якдигар вобастаанд ва арзиши муомила барои муайян кардани арзиши гумрукї мутобиќи талаботи њамин модда њамчун асос ќобили ќабул намебошад. Зимнан мафњуми шахсони ба якдигар вобаста ба маънои шахсонест, ки яке аз нишонањои зеринро ќонеъ мекунанд:
- яке аз иштирокчиёни муомила ё шахси мансабдори яке аз иштирокчиёни муомила њамзамон шахси мансабдори иштирокчии дигари муомила мебошад;
- ширкаткунандагони муомила соњиби муштараки корхона њисоб мешаванд;
- иштирокчиёни муомила бо муносибатњои мењнатї алоќаманданд;
- яке аз шахсон мустаќиман ва ё ѓайримустаќим панљ ва ё бештар аз панљ фоизи сањмияњои овоздињандаи дар муомилаи њар яке аз иштирокчиёни муомила буда ё аъзоњаќии дар сармояи оинномавии њар кадоми иштирокчиёни муомиларо молик аст ё назорат менамояд;
- иштирокчиёни муомила тањти назорати мустаќим ва ё ѓайримустаќими шахси сеюм ќарор доранд;
- иштирокчиёни муомила муштаракан шахси сеюмро ба таври мустаќим ва ё ѓайримустаќим назорат менамоянд;
- яке аз иштирокчиёни муомила тањти назорати мустаќим ва ё ѓайримустаќими иштирокчии муомила ќарор дорад;
- иштирокчиёни муомила ё шахсони мансабдори онњо хешовандони наздиканд.
6. Вобастагии мутаќобилаи иштирокчиёни муомила барои ѓайри ќобили ќабул њисоб кардани нархи муомила асоси кофї буда наметавонад. Дар ин њолат маќоми гумрук бояд њолатњои иловагии муомиларо омўзад ва нархи онро, агар вобастагии мутаќобила ба нарх таъсир накарда бошад, мумкин аст барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода барад.
7. Агар маќоми гумрук далел ва асосе дошта бошад, ки вобастагии мутаќобилаи иштирокчиёни муомила ба нархи мол таъсир кардааст, ба декларант (бо хоњиши декларант ба шакли хаттї) дар хусуси имконияти пешнињоди маълумоти иловагї тавсия медињад, ки ба нархи мол таъсир нарасондани вобастагии мутаќобиларо тасдиќ менамояд.
8. Бо ташаббуси декларант мумкин аст арзиши муомила њамчун асоси муайян кардани арзиши гумрукии мол ќабул шавад, ба шарте агар декларант исбот намояд, ки ин арзиш ба яке аз арзишњои зерини таќрибан муќарраршуда наздик аст:
1) ба арзиши муомилотии моли шабењ ё њамљинс њангоми содир намудан ба Љумњурии Тољикистон байни иштирокчиёне, ки ба њамдигар вобастагї надоранд;
2) арзиши гумрукии моли шабењ ё њамљинсе, ки бо усули тарњ кардани арзиш муайян шудааст;
3) арзиши гумрукии моли шабењ ё њамљинс, ки бо усули љамъ кардани арзиш муайян шудааст.
9. Нархњое, ки декларант барои муќоиса пешнињод кардааст, бо назардошти тафовутњои зерин тасњењ карда мешаванд:
1) тафовут дар сатњи тиљоратї;
2) тафовут дар миќдор;
3) тафовут дар унсурњо (харољот), ки дар ќисми 2 њамин модда зикр шудаанд;
4) тафовут дар харољоти дигари фурўшанда, ки њангоми муомилаи шахсони ба њамдигар новобаста ба миён меояд, ба шарте ки фурўшанда њангоми муомила бо шахси вобаста чунин харољот накунад.
10. Нархи моли шабењ ё њамљинсе, ки декларант барои муќоиса пешнињод кардааст, наметавонад бар ивази нархи муомила барои муайян кардани арзиши гумрукии мол истифода бурда шавад.
Моддаи 356.Усули муайян кардани арзиши гумрукї тибќи нархи муомилоти моли шабењ
1. Њангоми истифодаи усули муайян кардани арзиши гумрукии нархи муомилоти моли шабењ њамчун асоси муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи муомилоти моли шабењ бо шарти риояи њолатњои дар њамин модда зикргардида истифода карда мешавад.
2. Тањти моли шабењ моле фањмида мешавад, ки бо моли арзишашон муайяншаванда тибќи хусусиятњои зерин шабењ аст:
1) хусусияти физикї;
2) сифат ва ќурб дар бозор.
3. Њангоми истифодаи усули арзиши гумрукї дар асоси њамин модда:
1) мол ба моли арзёбишаванда шабењ њисоб намеёбад, агар мол дар давлати истењсолшудаи моли арзишашон муайяншаванда истењсол нашуда бошад;
2) моле, ки онро на истењсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истењсол кардааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте, агар моли шабењи арзишаш муайяншавандаи шахси истењсолкарда мављуд набошад;
3) мол шабењ њисобида намешавад, агар корњои тарњрезї, таљрибавї, озмоишию конструкторї, ороиши бадеї, дизайн, ангора ё наќшањои он:
- ба харидор аз тарафи фурўшанда ройгон ё бо нархи арзон ба маќсади истифода дар истењсолот ва фурўш барои содирот ба Љумњурии Тољикистон дода шуда бошад;
- дар Љумњурии Тољикистон иљро карда шуда, аз њамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панљуми банди 4 ќисми 2 моддаи 355 њамин Кодекс њамроњ карда нашудааст.
4. Фарќияти ночиз дар намуди зоњирї барои баррасї нашудани ин мол њамчун моли шабењ асос шуда наметавонад, ба шарте агар ин гуна мол ба талаботи њамин модда љавобгў бошад.
5. Нархи муомилоти моли шабењ барои муайян намудани арзиши гумрукии онњо њамчун асос ќабул карда мешавад, ба шарте агар ин мол:
1) барои ворид намудан ба Љумњурии Тољикистон фурўхта шуда бошад;
2) њамзамон бо моли арзиши гумрукиаш муайяншаванда ё камаш то 90 рўзи таќвимї пеш аз воридоти моли арзишаш муайяншаванда ворид карда шуда бошад;
3) таќрибан ба њамон миќдор ва њамон сатњи тиљоратї ворид карда шуда бошанд.
6. Агар мол ба њамон миќдор ва сатњи тиљоратї (яклухт, чакана) ворид нашуда бошад, мумкин аст арзиши моли монанди ба миќдори дигар ва дараљаи тиљоратии дигар воридшуда (яклухт, чакана) бо тасњењи нарх, бо назардошти ин фарќиятњо истифода карда шавад.
7. Агар арзиши харољоте, ки дар бандњои 1 ва 2 ќисми 2 моддаи 355 њамин Кодекс зикр шуда барои моли шабењ ба сабаби фосилаи роњ ва навъи воситаи наќлиёт аз арзиши чунин харољоти моли арзишашон муайяншаванда бисёр фарќ кунад, арзиши гумрукї, ки тибќи муомилоти моли шабењ муайян карда мешавад, бояд ба таври дахлдор тасњењ карда шавад.
8. Молњои шабењ бояд мувофиќи талаботи пешбининамудаи ќисмњои 6 ва 7 њамин модда дар асоси маълумоти аниќ ва бо њуљљатњо тасдиќшуда тасњењ карда шаванд.
9. Агар дар натиљаи истифодаи усули мазкур зиёда аз як нархи муомилоти моли шабењ пайдо шавад, барои муайян намудани арзиши гумрукии моли воридотї нархи аз њама пасти онњо истифода карда мешавад.
Моддаи 357.Усули муайян намудани арзиши гумрукї тибќи нархи муомилоти моли њамљинс
1. Њангоми истифодаи усули муайян намудани арзиши мол тибќи нархи муомилоти моли њамљинс њамчун асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол бо риояи шартњои дар њамин модда нишондодашуда нархи муомилоти моле истифода мешавад, ки бо моли воридшаванда њамљинс мебошад.
2. Молњои њамљинс моли ба њам шабењ нест, вале хусусиятњои ба њам монанд дошта, аз унсурњои ба њам монанд иборат аст, ки ба онњо имконият медињад ба мисли моли арзишаш муайяншаванда вазифањои якхеларо иљро намояд ва дар доду гирифт якдигарро иваз карда тавонад.
3. Њангоми муайян намудани њамљинсии мол хусусиятњои зерини он ба инобат гирифта мешаванд:
1) сифат ва нишони молї;
2) ќурб дар бозор.
4. Њангоми истифодаи усули муайян намудани арзиши гумрукии мол тибќи нархи муомилоти моли њамљинс муќаррароти ќисмњои 4 - 9 моддаи 356 њамин Кодекс татбиќ карда мешавад.
5. Њангоми истифодаи усули мазкури муайян намудани арзиши гумрукї:
1) мол бо моли арзишаш муайяншаванда њамљинс њисоб карда намешавад, ба шарте агар он дар кишвари истењсолкардаи моли арзишаш муайяншаванда истењсол нашуда бошад;
2) моле, ки онро на истењсолкунандаи моли арзишаш муайяншаванда, балки шахси дигар истењсол намудааст, ба инобат гирифта мешавад, ба шарте агар моли њамљинси истењсолкардаи арзишаш муайяншавандаи њамон истењсолкунанда мављуд набошад;
3) мол њамљинс њисобида намешавад, ба шарте агар корњои тарњрезї, таљрибавї, озмоишию конструкторї, ороиши бадеї, дизайн, ангора ё наќшањои он:
- ба харидор аз тарафи фурўшанда ройгон дода ё бо нархи арзон љињати истифода дар истењсолот ва барои содир кардан ба Љумњурии Тољикистон фурўхта шуда бошад;
- дар Љумњурии Тољикистон иљро карда шуда, аз њамин сабаб арзиши он ба арзиши гумрукии мол дар асоси сархати панљуми банди 4 ќисми 2 моддаи 355 њамин Кодекс њамроњ карда нашуда бошад.
Моддаи 358. Усули муайян намудани арзиши гумрукї дар асоси тарњи арзиш
1. Арзиши гумрукии мол тибќи усули нархгузорї дар асоси тарњи арзиш дар он њолате муайян карда мешавад, ки моли нархгузоришавандаи шабењ ва њамљинс бе таѓйири њолати аввалиаш фурўхта шавад.
2. Њангоми истифодаи усули тарњи арзиш барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи воњиди моле чун асос ќабул карда мешавад, ки тибќи он моли шабењ ва њамљинс дар баробари воридоти моли нархгузоришаванда ба шахсони бо фурўшанда новобаста ба миќдори хеле зиёд яклухт фурўхта мешавад.
3. Дар баробари ин мол бояд њамзамон бо воридоти моли нархгузоришаванда дар як ваќт фурўхта шавад ва дар сурати дар ин муддат фурўхта нашуданаш бояд дар давраи наздиктари воридоти моли нархгузоришаванда, яъне дар муддати на дертар аз 90 рўзи таќвимии воридоти моли нархгузоришаванда фурўхта шавад.
4. Аз нархи воњиди мол харољоти зерин тарњ мешавад:
1) харољоти комиссионии пардохтшаванда ё мувофиќашудаи пардохт ё иловапулї бо маќсади гирифтани фоида ва пўшонидани тамоми харољоти марбути фурўши моли воридотии њамин навъ ё намуд дар Љумњурии Тољикистон;
2) маблаѓи бољњои воридотї, андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ба буљет, ки дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон њангоми воридот ё фурўши он супурда мешаванд;
3) харољоти дар Љумњурии Тољикистон пардохтшаванда барои борбарї, суѓурта, корњои борбардорї ва борфарории дар ќаламрави Љумњурии Тољикистон анљомдодашаванда.
5. Моли њамон як намуд ё гурўњ њамон молест, ки ба гурўњ ва дараљаи моли дар соњаи муайяни саноат истењсолшуда марбут аст, моли шабењ ё њамљинсро дар бар мегирад, вале танњо бо ин хусусиятњо мањдуд намешавад.
6. Њангоми дар фурўш набудани моли шабењ ё њамљинси нархгузоришаванда дар њамон њолате, ки њангоми воридот ќарор дошт, бо хоњиши декларант нархи моли коркардшуда бо тарњи арзиши иловашуда ва риояи талаботи ќисмњои 2 - 4 њамин модда истифода шуда метавонад.
Моддаи 359.Усули муайян намудани арзиши гумрукї дар асоси љамъи арзиш
Њангоми истифодаи усули бањодињї дар асоси љамъи арзиш асос барои муайян намудани арзиши гумрукии мол нархи мол бо роњи љамъ кардани арзишњои зерин истифода мешавад:
1) арзиши масолењ ва харољоти истењсолкунанда њангоми истењсоли моли нархгузоришаванда;
2) маблаѓи даромад ва харољоти умумии ба нарх њамроњшаванда њангоми фурўши моли њамин навъ ва намуд, мисли моли нархгузоришавандае, ки дар кишвари истењсолкунанда барои содирот ба Љумњурии Тољикистон истењсол шудааст;
3) арзиши харољоти дар бандњои 1 ва 2 ќисми 2 моддаи 355 њамин Кодекс зикргардида.
Моддаи 360. Усули эњтиётии муайян намудани арзиши гумрукї
1. Агар арзиши гумрукии мол бо роњи истифодаи пайдарњами усулњои дар моддањои 355 - 359 пешбинигардидаи њамин Кодекс муайян карда нашуда бошад, дар ин њолат усули эњтиётї истифода карда мешавад.
2. Њангоми татбиќи усули эњтиётї барои муайян кардани арзиши гумрукї истифода мешавад:
1) сарчашмањои иттилоотии муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон;
2) маълумоти оморї, андозањои аз тарафи умум ќабулшудаи музди комиссионї, гузашту фоидањо, тарифњои наќлиёт ва маълумоти дигар;
Дар айни њол тасњењи дахлдори маълумот бо назардошти сатњи тиљоратї (яклухт, чакана) ва (ё) миќдори моли нархгузоришаванда њатмї мебошад.
3. Њангоми татбиќи усули эњтиётии муайян кардани арзиши гумрукии мол њамчунин маълумоти дар ихтиёри маќомоти гумрук мављударо низ истифода бурдан мумкин аст.
4. Мувофиќи муќаррароти њамин модда арзиши гумрукї тибќи усули эњтиётї дар асоси инњо муайян карда намешавад:
1) нархи мол дар бозори дохилии кишвари содиркунанда;
2) системае, ки барои маќсадњои гумрукї истифода шудани арзишњои аз ду арзиши алтернативї болотарро пешбинї менамояд;
3) нархи моле, ки аз кишвари содиркунанда ба кишварњои сеюм тањвил мешавад;
4) нархи мол дар бозори дохилии Љумњурии Тољикистон барои моли истењсоли ватанї;
5) арзиши моли ихтиёран муќарраршуда ё аниќ тасдиќнашуда;
6) арзиши моли шабењ ё њамљинсе, ки дар асоси њисоби харољоти дар моддаи 359 њамин Кодекс пешбининашуда муайян карда мешавад;
7) арзиши њадди аќали гумрукї.
Моддаи 361. Пешнињоди њуљљатњо барои тасдиќи арзиши гумрукии арзшуда
1. Барои тасдиќи маълумоти арзшуда оид ба арзиши гумрукї декларант бояд њуљљатњои зеринро пешнињод намояд:
1) декларатсияи арзиши гумрукї, ба истиснои њолатњои пешбининамудаи ќисми 4 моддаи 362 њамин Кодекс;
2) шартнома ва созишномањои иловагї ба он, ки маълумоташон барои муайян намудани арзиши гумрукии мол таъсир мерасонад;
3) њисобнома-фактура (инвойс) ё њисобнома - проформа (барои муомилоти ѓайри хариду фурўш);
4) њуљљатњои пардохт, ки арзиши молро тасдиќ мекунанд, агар тибќи шарти пардохт оид ба муомилот дар рўзи пешнињоди декларатсияи гумрукї арзиши мол пурра ё ќисман пардохта шуда бошад;
5) њуљљатњои наќлиётї ва суѓуртавї, агар харољоти интиќол ва суѓуртаро тибќи шартњои молрасонї харидор пардохт намояд;
6) њисобнома барои интиќол ё гувоњномаи расман тасдиќшуда дар бораи харољоти наќлиётї дар њолатњое, ки харољоти наќлиётї ба њисобнома - фактура дохил карда нашуда, вале аз тарафи харидор пардохта шуда бошад;
7) нусхаи декларатсияи гумрукии кишвари фиристонандаи мол, агар декларант онро пешнињод карда тавонад.
2. Агар барои тасдиќи арзиши гумрукии арзгардида њуљљатњои дар ќисми якуми њамин модда зикршуда нокифоя бошанд, декларант метавонад њуљљатњои зерини иловагиро пешнињод намояд:
1) њуљљатњои таъсисотии шахси интиќолдињандаи бор;
2) ќарордодњо бо тарафи сеюм, ки ба муомила дахл доранд;
3) њисобномањои пардохтї ба шахсони сеюм ба фоидаи фурўшанда;
4) њисобномањои хизмати комиссионї ва миёнаравї (брокерї), ки ба муомилоти моли нархгузоришаванда дахл доранд;
5) нусхањо (иќтибос) аз њуљљатњои бухгалтерии харидор, ки арзиши молро тасдиќ мекунанд;
6) шартномањои иљозатномадињї ва муаллифї;
7) квитансияњои анборї;
8) фармоиш барои фиристодани мол;
9) каталогњо, спетсификатсияњо, нархномањои ширкатњои истењсолкунанда;
10) калкулятсияи ширкати истењсолкунанда љињати моли нархгузоришаванда;
11) њуљљатњои дигаре, ки барои тасдиќи маълумоти дар декларатсия арзгардидаи арзиши гумрукї истифода карда мешаванд.
3. Њуљљатњои аслии дар зербандњои 2 - 6 ќисми 1 ва дар бандњои 1 - 8 ќисми 2 њамин модда зикршуда бояд баъди иљозати муомилоти мол ба декларант баргардонида шаванд.
Дар айни њол ба маќсади барасмиятдарории гумрукї, дар баробари њуљљатњои зикршудаи асл нусхаи тасдиќшудаи њуљљатњо аз тарафи декларант бояд пешнињод карда шавад.
Моддаи 362. Шартњои арзи арзиши гумрукии мол
1. Арзиши гумрукии мол ба маќоми гумрук аз тарафи декларант њангоми декларатсиякунонии мол бо пур кардани декларатсияи арзиши гумрукї арз карда мешавад. Намунаи декларатсияи арзиши гумрукї ва тартиби пур кардани онро маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар менамояд.
2. Арзиши гумрукии арзнамудаи декларант ва маълумоти пешнињодкардаи ў, ки ба муайян кардани арзиши гумрукии мол дахл доранд, бояд ба маълумоти дурусти миќдоран аниќ ва бо њуљљатњо тасдиќшуда асос ёбанд.
3. Декларатсияи арзиши гумрукї ба њамаи молњои аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќолшаванда тибќи низоми гумрукии иљозати мол дар муомилоти озод ё содироти мол, ба истиснои њолатњои дар ќисми 4 њамин модда зикршуда, пур карда мешавад.
4. Декларатсияи арзиши гумрукї пур карда намешавад, агар:
1) арзиши гумрукии партияи моли воридотї аз маблаѓи баробар ба 400-каратаи маоши њадди аќал зиёд набошад, ба истиснои молрасонии чандинкарата тибќи як ќарордод, њамчунин молрасонии чандинкаратаи моли якхела аз тарафи як фиристонанда ба унвони як гиранда тибќи ќарордодњои мухталиф;
2) меъёру шартњои муќаррарнамудаи Љумњурии Тољикистон нисбати моле, ки шахсони воќеї аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон интиќол медињанд, риоя шаванд.
5. Дар њолатњои дар ќисми 4 њамин модда зикршуда арзиши гумрукї дар декларатсияи гумрукї арз карда мешавад.
Моддаи 363. Тасњењи арзиши гумрукии мол
1. Арзиши гумрукии мол дар њолатњои зерин тасњењ карда мешавад, агар:
1) дар рафти барасмиятдарории гумрукї ва назорати гумрукии арзиши гумрукї:
- номувофиќии усули муайян кардани арзиши гумрукии моли арзнамудаи декларант, миќдор ва (ё) сохтори арзиши гумрукии мол дар њуљљатњои барои тасдиќи онњо пешнињодшуда ошкор шуда бошад, ба истиснои њолатњои муќарраркардаи ќисми 3 њамин модда;
- дар декларатсияи арзиши гумрукї хатои техникї ошкор шудааст, ки ба андозаи арзиши гумрукии арзшуда таъсир расонидааст;
- мол мувофиќи моддаи 366 њамин Кодекс бо истифодаи маълумоти нархгузории дар ихтиёри маќомоти гумрук буда шартан ба муомилоти озод иљозат дода шуда, ба ихтиёри декларант вогузошта шуда бошад;
2) баъди иљозати мол:
- дар асоси маълумоти иловагии пешнињоднамудаи декларант њангоми муайян намудани арзиши пурраи (нињоии) гумрукии моли шартан иљозат додашуда ё њангоми нархгузории гумрукие, ки маќомоти гумрук нисбати моли шартан љавоб додашуда анљом додааст;
- сањви техникие, ки њангоми декларатсиякунонии мол ошкор гардида, ба андоза ва ё сохтори арзиши гумрукї таъсир расонидааст;
- мол нодуруст декларатсия карда шуда бошад, ки дар рафти тафтиши навбатї (њангоми тафтиши бастаи њуљљатњои назоратии дар маќомоти гумрук мањфузбуда ва њангоми тафтиши иштирокчиёни фаъолияти иќтисодии хориљї ва фаъолияти дигар) ошкор шуда бошад;
- номувофиќии арзиши гумрукии арзшуда дар рўзи баќайдгирии декларатсияи гумрукї бо арзиши њаќиќии мол, аз сабаби номувофиќии моли воридотї ё содиротї тибќи миќдор ва (ё) сифат бо шартњои ќарордоди (шартномаи) савдои хориљї;
3) нархи муомила бинобар назорати давлатии нархгузории трансфертї таѓйир ёфта бошад.
2. Њуљљатњои тасдиќкунандаи номувофиќии миќдори мол инњо мебошанд:
1) нисбати молњое, ки аз пардохтњои гумрукї озоданд, даъвосанади (санади ќабули) мувофиќашудаи содиркунанда (воридкунанда) оид ба миќдор бо иштироки намояндаи содиркунанда (воридкунанда) ва санади муоинаи маќоми гумрук мувофиќа шудааст;
2) нисбати моли дигар –хулосаи (акти) экспертизаи мустаќил ва санади муоинаи маќоми гумрук.
3. Њангоми ошкор намудани далели гум шудан, камомад, осеб дидани (вайрон шудани) мол то лањзаи арз намудани арзиши гумрукии он номувофиќии арзиши арзнамудаи декларант ба андозаи дар њисобнома – фактура зикршуда боиси тасњењи арзиши гумрукии мол намегардад, ба шарте агар арзиши арзгардида аз арзиши дар њисобнома – фактура зикршуда ба андозаи моли гумшуда, камомад, осебдида (вайроншуда) фарќ намояд. Њуљљатњои тасдиќкунандаи воќеияти гум шудан, камомад ва осеб дидани (вайрон шудани) мол хулосаи (акти) экспертизаи мустаќил ва акти муоинаи гумрукї мебошад.
Фарќият тибќи миќдор ва сифат, ки андозааш аз доираи маблаѓи франшизи дар шартнома мувофиќашуда намебарояд ё дар созишномаи нарх баён гардидааст, барои маќомоти гумрук барои пасту баланд кардани нарх асос шуда наметавонад.
4. Њангоми таѓйир ёфтани нарх вобаста ба назорати давлатии трансфертии нархгузорї, њуљљати тасдиќкунандаи тасњењи нархи муомилоти мол ќарори маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї дар бораи њисоби маблаѓи бољњои гумрукї ва андоз мебошад.
5. Њангоми тасњењи нарх баъди барасмиятдарории гумрукии мол дар низоми гумрукии содирот ё иљозат барои муомилоти озод бо њисоб намудани бољњои гумрукї ва андози пардохтшаванда (њамчунин бо ташаббуси декларант то давраи фаро расидани тафтиши молиявї) ба фарќияти байни њисобшуда ва воќеан пардохтгардидаи бољњои гумрукї ва андоз барои њар рўзи таъхири пардохт ба миќдори фоизи муќаррарнамудаи Кодекси андози Љумњурии Тољикистон љарима њисоб карда мешавад. Фоиз аз рўзи баќайдгирии декларатсияи гумрукї љињати барасмиятдарории гумрукї њисоб карда мешавад.
6. Намунаи вараќањои тасњењи арзиши гумрукї танњо барои моле пур карда мешавад, ки арзиши гумрукии он ва (ё) пардохтњои гумрукї ва (ё) андозњо тасњењ карда мешаванд. Намунаи вараќаи тасњењи арзиши гумрукї ва тартиби пур кардани он аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї муќаррар карда мешавад. Намунањои мазкури тасњењи арзиши гумрукї ќисми таркибии декларатсияи гумрукї мебошад.
7. Баъд аз ќабули њуљљатњо барои барасмиятдарории гумрукї њамаи тасњењоти арзиши гумрукии анљомдодаи маќоми гумрук, ки аз љониби декларант арз шудаанд, њамчун арзиши гумрукии мол њисоб шуда, декларант метавонад нисбати онњо тибќи тартиби муќарраршуда шикоят намояд.
Моддаи 364. Њуќуќу вазифањои декларант њангоми муайян намудани арзиши гумрукии мол
1. Декларант њуќуќ дорад:
1) дурустии маълумоти пешнињоднамудаашро оид ба муайян намудани арзиши гумрукии мол њангоми шубња намудани маќомоти гумрук ба дурустии он исбот намояд;
2) њангоми зарурати аниќ намудани арзиши гумрукии арзшуда моли декларатсияшавандаро бо шарти пешнињод намудани таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз тибќи нархгузории анљомдодаи маќоми гумрук гирад. Њангоми зарурати аниќ намудани арзиши гумрукии арзнамудаи моле, ки аз он бољњои гумрукї ва андоз ситонида намешаванд, моли декларатсияшавандаро дар сурати ўњдадор будан ба пешнињоди њуљљатњои дахлдор дар мўњлати муќаррарнамудаи маќомоти гумрук гирад;
3) аз маќомоти гумрук эзоњи хаттии сабаби ќабул нашудани арзиши гумрукии молро талаб намояд;
4) дар сурати розї набудан бо ќарори маќоми гумрук нисбати муайян намудани арзиши гумрукии мол аз ин ќарор мувофиќи тартиби муайяннамудаи санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон шикоят пеш оварад.
5) аз маќомоти гумрук нисбати арзиши гумрукии моле, ки аз сарњади гумрукии Љумњурии Тољикистон, бо тартиб ва шартњои пешбининамудаи моддањои 41 - 44 њамин Кодекс интиќол дода мешавад, ќарори пешакї гирад.
2. Декларант вазифадор аст:
1) арзиши гумрукии молро арз намояд ва маълумоти дахлдори муайянкунандаи онро, ки ба маълумоти дуруст ва миќдоран муайян ва бо њуљљатњо тасдиќгардида асос ёфтааст, пешнињод намояд;
2) њангоми зарурати тасдиќи арзиши гумрукии арзшуда мувофиќи талаби маќоми гумрук ба он маълумоти зарурии тасдиќиро пешнињод намояд;
3) тамоми харољоти иловагии аниќ намудани арзиши гумрукии арзкардаи худ ё харољоти ба маќоми гумрук пешнињод намудани маълумоти иловагиро ба зимма гирад.
Моддаи 365. Њуќуќу вазифањои маќоми гумрук љињати муайян намудани арзиши гумрукии мол
1. Маќоми гумруки барасмиятдарорандаи мол њуќуќ дорад:
1) дар бораи раво будани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол, ки декларант интихоб намудааст ва дурустии муайян намудани арзиши гумрукии мол аз тарафи декларант дар асоси њуљљатњо ва маълумоти пешнињоднамудаи декларант, њамчунин дар асоси маълумоти дар ихтиёри худ доштааш, ки барои муайян кардани арзиши гумрукї истифода мешавад, ќарор ќабул кунад;
2) ба таври хаттї аз декларант њуљљату маълумоти иловагиро талаб намояд, ба шарте ки њуљљатњо ва маълумоти пешнињоднамудаи декларант барои ќабули ќарор оид ба арзиши гумрукии арзшуда нокифоя бошанд ва барои пешнињод намудани онњо мўњлати кифояро муќаррар намояд. Дар айни њол талаби њуљљатњои иловагї барои ба ќайд нагирифтани декларатсияи гумрукї ва иљозати мол асос шуда наметавонад;
3) њангоми набудани њуљљату маълумоте, ки дурустии муайян намудани арзиши гумрукии арзнамудаи декларантро тасдиќ мекунанд ё њангоми мављуд будани асоси он ки маълумоти пешнињодкардаи декларант боэътимод ва кофї нест, арзиши гумрукии моли декларатсияшавандаро мустаќилона бо истифодаи пайдарњамии усулњои муайян кардани арзиши гумрукии мол, ки њамин Кодекс муќаррар намудааст, дар асоси маълумоти дар ихтиёрдоштааш (аз љумла маълумоти нархгузории моли шабењ ва њамљинс) мувофиќи њамин Кодекс тасњењ карда, мустаќилона муайян намояд;
2. Маќоми гумрук вазифадор аст бо дархости хаттии декларант маълумоти зеринро пешнињод намояд:
1) маълумот дар бораи тартиб ва усули муайян намудани арзиши гумрукии мол њангоми муайян намудани он аз тарафи маќомоти гумрук;
2) шарњи сабабњое, ки арзиши гумрукии арзнамудаи декларантро маќомоти гумрук ќабул карда наметавонад.
Моддаи 366. Иљозати шартии мол бо истифодаи маълумоти нархгузории маќомоти гумрук
1. Њангоми ѓайриимкон будани усули муайян намудани арзиши гумрукии мол тибќи нархи муомилоти моли воридотї аз сабаби набудани њуљљатњои тасдиќкунандаи арзиши гумрукї, инчунин њангоми зарурати муайян кардани арзиши гумрукии арзнамудаи декларант маќоми гумрук њуќуќ дорад иљозати шартии молро анљом дињад, ба шарте ки пардохти бољњои гумрукї ва андоз дар асоси нархгузории мол тибќи маълумоти нархгузории дар ихтиёрдоштаи маќоми гумрук таъмин шуда бошад.
2. Маълумоти нархгузории дар ихтиёри маќомоти гумрук буда аз тарафи маќоми ваколатдор оид ба масъалањои фаъолияти гумрукї бо истифодаи маълумоти омории декларатсияњои бори гумрукї, ки дар асоси маълумоти дуруст, миќдоран муайяншуда ва бо њуљљатњо тасдиќшуда ба расмият дароварда шудаанд, ташаккул меёбад.
3. Мўњлати амали таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз аз рўзи иљозати мол 60 рўзи таќвимї аст, ба истиснои њолатњое, ки њуљљатњои пардохт бояд ба сифати њуљљатњои тасдиќкунанда пешнињод шуда бошанд ва тибќи шарти муомила мўњлати пардохт аз мўњлати мазкур зиёд бошад.
4. Баъди аз тарафи декларант пешнињод шудани њуљљатњои тасдиќкунандаи арзиши гумрукии арзшуда таъмини пардохти бољњои гумрукї ва андоз мувофиќи боби 46 њамин Кодекс бо пур кардани намунаи вараќаи тасњењи арзиши гумрукї баргардонида ё ба њисоб гирифта мешавад.
5. Њангоми пешнињод нашудани њуљљатњои зарурии тасдиќкунандаи арзиши гумрукии мол, баъди гузаштани мўњлати муќарраршуда маблаѓи пардохти бољњои гумрукї ва андоз, ки бо истифода аз нархи шартии мол њисоб карда шудааст, бо роњи аз тарафи шахси мансабдори маќомоти гумрук пур кардани намунаи вараќаи тасњењи арзиши гумрукии мол, ки ќарори нињої нисбати арзиши гумрукии мол мебошад, ба буљети давлатї гузаронида мешавад.