Асдан содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї

Агар шахси њуќуќвайронкунии маъмуриро содиркарда хусусияти зиддињуќуќї доштани кирдори (амал ё беамалии) худро донад, оќибати зарарноки онро пешбинї карда, чунин оќибатро хоњад ё дидаю дониста ба содиршавии он роњ дода бошад, њуќуќвайронкунии маъмурї ќасдан содиршуда эътироф мегардад.

Аз беэњтиётї содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї

Њуќуќвайронкунии маъмурї ба шарте аз беэњтиётї содиршуда эътироф мегардад, ки шахси онро содиркарда эњтимоли оќибатизарарноки кирдори (амал ё беамалии) худро пешакї донад, вале бе асосњои кофї, бепарвоёна ё худбоварона ба пешгирии чунин оќибатњо умед бандад ё эњтимоли ба вуќўъ пайвастани чунин оќибатропешбинї накарда бошад, њарчанд мебоист ва мумкин буд онропешбинї намояд, инчунин ѓайриќонунї будани кирдори худро бояд медонист.

Зарурати нињої

1. Кирдори шахс ба шарте њуќуќвайронкунии маъмурї эътироф карда намешавад, ки онро аз ноилољї содир карда бошад.

2. Зарурати нињої, расонидани зарар барои рафъи хавфест, ки бевосита баманфиатњои ќонунан њифзшавандаи давлат, љамъият ва шахс тањдид мекунад, яъне дар ин њолат бо дигар тарзу восита рафъион хавф имконопазир гардад ва зарари расонида нисбат ба зарари бартарафшуда камтар бошад.

3. Агар зарари аз љониби шахс дар њолати зарурати нињої ё ночорї ва ё дар њолатипарешонњолї, вањму тарс содиршуда зарари баробар ё нисбатан бештар расида бошад, чунин њаракатњо ѓайриќонунї дониста намешаванд.

Таваккали асоснок

1. Њангоми таваккали асоснок расонидани зарар ба манфиатњои тибќи Кодекси мазкур муњофизатшаванда љињати ноил шудан ба маќсади барои љомеа фоиданок њуќуќвайронкунии маъмурї њисоб намеёбад.

2. Таваккал дар њолате асоснок эътироф мешавад, ки ноил шудан ба маќсади мазкур бо амал (беамалии) ба таваккал марбутнабуда имконнопазир бошад ва шахсе, ки таваккал кардааст, боядбарои пешгирии зарар ба манфиатњои тибќи Кодекси мазкур муњофизатшаванда тамоми чорањои заруриро андешида бошад.

3. Таваккал кардан ба њаёт ва саломатии одамон манъ аст. Агар таваккал бараъло бо фалокати экологї ё офати љамъиятї алоќаманд бошад, асоснок эътироф карда намешавад.

2. МАФЊУМ ВА НАМУДЊОИ ЉАЗОИ МАЪМУРЇ

Љазои маъмурї чораи маљбуркунии давлатї буда, тибќи Кодекси мазкур аз љониби судя, маќомоти ваколатдори давлатї (шахси мансабдор) нисбат ба шахсони воќеї, мансабдор ва њуќуќї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї татбиќ карда мешавад.

1. Љазои маъмурї бо маќсади дар рўњияи риояи бечунучарои ќонунњо тарбия кардани шахси содиркунандаи њуќуќвайронкунии маъмурї, инчунин пешгирї намудани њуќуќвайронкунии нави маъмурї њам аз љониби худи њуќуќвайронкунанда ва њам аз тарафи шахсони дигар татбиќ карда мешавад.

2. Љазои маъмурї наметавонад ба маќсади тањќири шаъну эътибори шахси содиркунандаи њуќуќвайронкунии маъмурї, расонидани ранљу озори љисмонї ё рўњї, тарсонидан, њама гуна табъиз ё тањќири шаъну эътибори инсонии шахси воќеї ва ё расонидани зарар ба шўњрату эътибори кории шахси њуќуќии содирнамудаи њуќуќвайронкунии маъмурї истифода гардад.

1. Барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї љазоњои маъмурии зерин муќаррар ва татбиќ карда мешаванд:

- огоњї;

- љаримаи маъмурї;

- боздошти маъмурии амали иљозатнома барои машѓул шудан ба намудњои муайяни фаъолият;

- мањрум кардан аз иљозатнома барои машѓул шудан ба намудњои муайяни фаъолият;

- мањрум кардани шахси воќеї аз њуќуќи махсус;

- боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият;

- бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ё объекти бевоситаи он мебошад;

- мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ё объекти бевоситаи он мебошад;

- бо роњимаъмурї аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон берун кардани шањрванди хориљї ва шахси бешањрванд;

- њабси маъмурї.

2. Дар њаќќи шахси њуќуќї љазоњои маъмурие татбиќ мегарданд, ки дар сархатњои дуюм, сеюм, чорум, шашум, њафтум ва њаштуми ќисми якуми њамин модда пешбинї шудаанд.

3. Љазоњои маъмурии пешбининамудаи ќисми якуми њамин модда танњо тибќи Кодекси мазкур муќаррар карда мешаванд.

Наши рекомендации