Азоњои маъмурии асосї ва иловагї
1. Огоњї, љаримаи маъмурї, њабси маъмурї, мањрум кардани шахси воќеї аз њуќуќи махсус, боздошти маъмурии амали иљозатнома, мањрум кардан аз иљозатнома, боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият танњо ба сифати љазои маъмурии асосї муќаррар ва татбиќ мешаванд.
2. Бо подош ситонидан ва мусодира кардани ашёе, ки олоти содир намудан ё объекти бевоситаи њуќуќвайронкунии маъмурї мебошад, инчунин бо роњимаъмурї берун кардани шањрванди хориљї ё шахси бешањрванд аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон ба сифати љазои асосї ва њам љазои иловагї муќаррар ва татбиќ мешаванд.
3. Барои як њуќуќвайронкунии маъмурї љазои асосї ё љазои асосї ва иловагии маъмурї аз љумлаи љазоњои пешбининамудаи моддањои ќисми махсуси Кодекси мазкур таъйин карда мешавад.
Огоњї як намуди љазои маъмурї буда, дар шакли хаттї ва бо тартиби муќаррарнамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур ба шахси содиркардаи њуќуќвайронкунии маъмурї дода мешавад.
1. Љаримаи маъмурї намуди љазои маъмурї буда, ба тарзи ситонидани пул ба фоидаи давлат сурат мегирад ва аз тарафи судя, маќомоти ваколатдори давлатї (шахси мансабдор) нисбат ба шахси содиркардаи њуќуќвайронкунии маъмурї бо тартиби муќаррарнамудаи Кодекси мазкур таъйин карда мешавад.
2. Андозаи љаримаи маъмурї ба њисоби фоиз ва ё карат вобаста ба инњо муќаррар карда мешавад:
- нишондињанда барои њисобњо, ки дар рўзихотима ёфтан ё пешгирии њуќуќвайронкунии маъмурї, барои њуќуќвайронкунии маъмурии давомнок аз рўзи ошкор карда шудани он муќаррар гардидааст;
- аз арзиши ашёи њуќуќвайронкунии маъмурї, ки дар ваќти хотима ёфтан ё пешгирии њуќуќвайронкунии маъмурї муќаррар гардидааст, барои њуќуќвайронкунии маъмурии давомнок аз рўзи ошкор шудани он;
- аз маблаѓи пардохтнашудаи андозњо ва дигар пардохтњои њатмї ё амалиёти асъории ѓайриќонунї, ки бояд пардохта шаванд, дар рўзихотима ёфтан ё пешгирии њуќуќвайронкунии маъмурї, барои њуќуќвайронкунии маъмурии давомнок дар рўзи ошкор шудани он муќаррар гардидаанд;
- аз арзиши корњои иљрошуда.
3. Андозаи њадди аќалли љаримаи маъмурї, ки аз шахси воќеї ситонида мешавад, бояд аз нисфи нишондињанда барои њисобњо, барои шахси мансабдор аз як нишондињанда барои њисобњо ва барои шахси њуќуќї аз дањ нишондињанда барои њисобњо кам набошад.
4. Андозаи њадди нињоии љаримаи маъмурї аз шахси воќеї набояд аз сад нишондињанда барои њисобњо, аз шахси мансабдор аз дусад нишондињанда барои њисобњо ва аз шахси њуќуќї аз як њазор нишондињанда барои њисобњо ва ё аз дусад фоизи маблаѓи андозњо ва дигар пардохтњои њатмии пардохтнашуда зиёд бошад,
5. Парвандаи њуќуќвайронкунии маъмурие, ки дар он андозаи љарима аз сесад нишондињанда барои њисобњо зиёд аст, аз тарафи судя баррасї мешавад.
6. Маблаѓи љаримаи маъмурї ба буљети љумњуриявї гузаронида мешавад.
1. Боздошти маъмурии амали иљозатномаи машѓул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки маќомоти ваколатдор ба шахси воќеї ва ё њуќуќї додааст, њангоми аз љониби иљозатномадор риоя накардани шарту талаботи иљозатнома танњо дар њолатњои пешбининамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур татбиќ карда мешавад.
2. Мўњлати боздошти маъмурии амали иљозатномаи машѓул шудан бо намуди муайяни фаъолият бояд аз шаш моњ зиёд набошад.
3. Љазои маъмуриро маќомоти иљозатномадињанда дар намуди боздошти маъмурии амали иљозатномаи машѓул шудан бо намуди муайяни фаъолият таъйин менамояд.
1. Мањрум кардан аз иљозатнома барои машѓул шудан бо намуди муайяни фаъолият, ки аз тарафи маќоми ваколатдори давлатї ба шахси воќеї ё њуќуќї дода шудааст, барои мунтазам аз љониби иљозатномадор риоя накардани талабот ва шартњои иљозатнома танњо дар асоси њолатњо ва тартиби пешбининамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур татбиќ карда мешавад.
2. Љазои маъмурї дар намуди мањрум кардан аз иљозатномаи машѓул шудан бо намуди муайяни фаъолият аз тарафи судя таъйин карда мешавад.
1. Шахси воќеї аз њуќуќи махсус (њуќуќи идора кардани воситањои наќлиёт, шикор, нигоњ доштан, бо худ гирифта гаштани яроќи оташфишон, истифодаи воситањои радиоэлектронї ва ё дастгоњњои баландбасомад, истифодаи ќитъаи замин ва ѓайра), ки ба ў дода шудааст, барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї дар њолатњои муќаррарнамудаи Ќисми махсуси Кодекси мазкур бинобар даѓалона ё ба таври мунтазам риоя накардани ќоидањои истифодаи он мањрум карда мешавад. Мањрум кардан аз њуќуќи махсусба мўњлати аз ду моњ то ду сол муќаррар карда мешавад.
2. Љазои маъмуриро судя дар намуди мањрум кардан аз њуќуќи махсус таъйин мекунад.
3. Мањрум кардан аз њуќуќи махсус дар намуди њуќуќи идора кардани воситањои наќлиёт наметавонад нисбат ба шахсе татбиќ гардад, ки воситаи наќлиётро бо сабаби маъюбиаш истифода мебарад ё воситаи наќлиёт манбаи асосии даромади ин шахс мебошад, ба истиснои њолатњои идоракунии воситаи наќлиёт дар њолати мастї, итоат накардан ба талаботи ќонунии корманди милитсия ва худсарона тарк намудани љойи њодисаи садамаи наќлиёт, ки ў иштирокчии он аст.
1. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият аз ќатъшавии муваќќатии фаъолияти шахси воќеї, ки фаъолияти соњибкориро бе таъсиси шахси њуќуќї анљом медињад, аз фаъолияти шахси њуќуќї, филиалњо, намояндагињо, сохторњои таркибї ва ќитъањои истењсолии он, инчунин истифодаи таљњизот, объектњо, иморату иншоот, амалї намудани намудњои муайяни фаъолият, кор ва хизматрасонї иборат мебошад.
2. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият дар њолатњои тањдид ба њаёт ва саломатии одамон, рух додани эпидемия, эпизоотия, зањролудшавии (ифлосшавии) объектњои тањти карантин ќарордошта тавассути объектњои карантинї, сар задани садамањои радиатсионї ё фалокати техногенї, расонидани зарари љиддї ба њолат ва хусусияти муњити зист ё њангоми содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї дар соњаи муомилоти маводи нашъадор, воситањои психотропї ва прекурсорњои онњо, истењсол ва муомилоти спирти этилї, машрубот, мањсулоти спиртдор, инчунин мањсулоти тамоку ва дигар њолатњои бевосита пешбининамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур татбиќ карда мешавад.
3. Боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият ба мўњлати то се моњ муќаррар гардида, аз тарафи маќомоти ваколатдор танњо дар асоси њолатњо ва тартиби пешбининамудаи моддањои дахлдори Ќисми махсуси Кодекси мазкур таъйин карда мешавад.
4. Маќомоти ваколатдор тибќи дархости шахси воќеї, мансабдор ё њуќуќї иљрои љазои маъмуриро дар намуди боздошти маъмурии намуди муайяни фаъолият пеш аз мўњлат ќатъ менамояд, ба шарте, ки бартараф карда шудани њолатњои пешбининамудаи ќисмњои якум ва дуюми њамин модда, ки барои таъйини ин љазои маъмурї асос гаштаанд, муќаррар карда шавад.
1. Бо подош ситонидани ашёе, ки олоти содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ё объекти бевоситаи он мебошад, аз маљбуран гирифтану фурўхтани он ва ба соњиби пештарааш додани арзиши њамин ашё бо баровардани харољоти фурўши ашёи гирифташуда иборат аст.
2. Тартиби бо подош ситонидани ашё ва номгўйи ашёњои гирифташаванда тибќи Кодекси мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешавад. Бо подош ситонидани ашёро танњо судя таъйин мекунад.
3. Бо подош ситонидани ашё бояд ба хусусияти њуќуќвайронкунии маъмурии содиршуда мутобиќат намояд.
4. Моликияти шахси сеюм, ки ба њуќуќвайронкунанда тааллуќ надорад, танњо дар њолате бо подош ситонида мешавад, ки аз маќсади шахси њуќуќвайронкунанда њангоми ба даст овардани он огоњ будани шахси сеюм исбот карда шавад.
1. Мусодираи ашёе, ки олоти содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ё объекти бевоситаи он мебошад, аз маљбуран ва ройгон ба моликияти давлат гузаронидани њамин ашё иборат аст. Мусодираи ин ашё танњо аз љониби судя таъйинкарда мешавад. Танњо ашёе боядмусодира гардад, ки моликияти шахси њуќуќвайронкунанда аст, ба шарте ки дар санадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистон тартиби дигар пешбинї нашуда бошад.
2. Мусодира бояд ба хусусияти њуќуќвайронкунии маъмурї мутобиќат намояд.
3. Аз соњибияти ѓайриќонунии шахси содирнамудаи њуќуќвайронкунии маъмурї маљбуран гирифтани олоти содиркунї ё объекти бевоситаи њуќуќвайронкунии маъмурї мусодира њисобида намешавад, ба шарте ки он:
- мутобиќи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон бояд ба соњиби ќонуниаш баргардонида шавад;
- аз муомилоти гражданї гирифта ё бо дигар сабабњо тањти соњибияти ѓайриќонунии шахси содирнамудаи њуќуќвайронкунии маъмурї ќарор дошта, дар ин асос бояд ба моликияти давлат гузаронида ё нобуд карда шавад.
4. Ашёе, ки олоти содиркунї ё объекти бевоситаи њуќуќвайронкунии маъмурї гардидааст ва ба њуќуќвайронкунанда тааллуќ надошта, балки моликияти шахси сеюм аст, танњо ба шарте мусодира мегардад, ки аз маќсади шахси њуќуќвайронкунанда њангоми ба даст овардани он пешакї огоњ будани шахси сеюм исбот карда шавад.
5. Тартиби татбиќи мусодира ва номгўйи ашёе, ки мусодира карда намешавад, тибќи Кодекси мазкур ва дигар санадњои меъёрии њуќуќии Љумњурии Тољикистон муќаррар карда мешаванд.
1. Бо роњи маъмурї аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон берун кардани шањрванди хориљї ва шахси бешањрванд њамчун љазои маъмурї аз маљбуран берун кардани шањрванди хориљї ва шахси бешањрванд аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон иборат буда, дар њолатњои зерин татбиќ мешавад, ба шарте ки:
- кирдори (амал ё беамалии) онњо бархилофи манфиати таъмини амнияти љамъиятї ва давлатї ё бархилофи манфиати њифзи тартиботи љамъиятї бошад;
- ин чора барои њифзи саломатї ва маънавиёти ањолї, њимояи њуќуќу манфиатњои ќонунии шањрвандони Љумњурии Тољикистон ва шахсони дигар зарур бошад;
- онњо талаботисанадњои ќонунгузории Љумњурии Тољикистонро риоя накарда бошанд.
2. Бо роњи маъмурї аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон берун кардани шањрванди хориљї ва шахси бешањрванд бо роњи маљбурї ва тањти назорат тавассути Сарњади давлатии Љумњурии Тољикистон аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон берун кардани шахсони зикргардида њангоми аз љониби онњо риоя накардани тартиби будубош дар Љумњурии Тољикистон, вале дар дигар њолатњои бевосита пешбининамудаи ќонунгузории Љумњурии Тољикистон, бо роњи ба таври назоратшаванда мустаќилона аз Љумњурии Тољикистон баромада рафтани шањрванди хориљї ва шахси бешањрванд амалї гардонидамешавад.
3. Бо роњи маъмурї аз ќаламрави Љумњурии Тољикистон берун кардани шањрванди хориљї ва шахси бешањрванд њамчун чораи љазои маъмурї нисбат ба ин шахсон аз љониби судя ва њангоми аз љониби онњо зимни воридшавї ба Љумњурии Тољикистон содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї бошад, аз љониби маќомоти ваколатдори давлатї ва ё шахси мансабдори ваколатдор таъйин карда мешавад.
1. Њабси маъмурї њамчун љазои маъмурї аз муваќќатан мањрум кардани шахс аз озодї барои содир намудани њуќуќвайронкунии маъмурї ва бо роњи маљбуран љалб кардани ў ба мењнати фоиданоки љамъиятї тибќи шартњо ва тартиби муайяннамудаи Њукумати Љумњурии Тољикистон иборат аст.
2. Њабси маъмурї људо нигоњ доштани њуќуќвайронкунанда аз љамъият буда, ба мўњлати аз як то понздањ шабонарўз ва барои риоя накардани низоми вазъи фавќулодда то сї шабонарўз муќаррар гардида, аз тарафи судя таъйин карда мешавад.
3. Њабси маъмурї танњо дар њолатњои истисно барои намудњои алоњидаи њуќуќвайронкунии маъмурии бевосита пешбининамудаи моддањои ќисми махсуси Кодекси мазкур муќаррар ва таъйин карда шуда, нисбат ба зани њомила, зане, ки тањти тарбияаш кўдаки то чордањсола дорад, шахси ба синни њаждањ нарасида, маъюбони гурўњњои 1 ва 2, инчунин нисбат ба шахсе, ки ба синни нафаќа расидааст, татбиќ карда намешавад.
4. Мўњлати боздоштимаъмурї ба мўњлати њабси маъмурї дохил мешавад.