Муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он

Фосила – ин сарҳадҳои қимати нишонаи тағйирёбанда.

Сарҳадҳои поёнӣ ва болоии фосила – мувофиқан қимати ҳадди ақал ва ҳадди аксари нишона дар фосила.

Бузургии фосила – фарқи байни сарҳадҳои болоӣ ва поёнӣ.

Намудҳои фосилаҳо:

    • баробар (агар қимати нишона баробар тағйир ёбад);
    • нобаробар (агар қимати нишона нобаробар тағйир ёбад):
    • прогрессивӣ баландшаванда,
    • прогрессивӣ пастшаванда,
    • махсусгардонидашуда

Бузургии фосилаи баробар аз рӯи формулаи зерин муайян карда мешавад:

муайян намудани бузургии фосила ва намудҳои он - student2.ru

ки дар ин ҷо h – бузургии фосила;

(Xmax - Xmin) – тағйирёбӣ баёни фосилаҳои каноравӣ.

Фосилаҳо инчунин кушода ва пӯшида мешаванд.

Фосилаи кушода ин фосилаҳое мебошанд, ки дар онҳо фақат як сарҳад ишора карда шудааст.

Фосилаҳои пӯшида ин фосилаҳоеанд, ки дар онҳо ҳарду сарҳадҳо ишора карда шудаанд.

Исмҳои ҷадвалҳои оморӣ, намудҳои он

Ҷадвали оморӣ -шакли ифодаи ҳақиқӣ ва аёнии тавсифоти рақамии ҳодисаҳои тадқиқшаванда ва қисмҳои ташкилдиҳандаҳои он.

Элементҳои асосии ҷадвалҳои оморӣ - мубтадо ва хабар

Мубтадо ин объекте, ки бо рақамҳо тавсиф карда мешавад.

Хабар системаи нишондиҳандаҳое, ки бо онҳо объекти омӯзиш тавсиф карда мешавад, яъне мубтадо.

Намудҳои ҷадвалҳои оморӣ вобаста аз сохти мубтадо:

    • ҷадвалҳои оддии оморӣ, ки дар мубтадои он дастаи оддии ягон объектҳо ё воҳидҳои ҳудудӣ дода мешавад;
    • гурӯҳӣчунин ҷадвалҳои оморианд, ки мубтадои онҳо гурӯҳбандии воҳиди маҷмӯъро аз рӯи як нишонаи миқдорӣ ва сифатӣ дар бар мегирад;
    • комбинатсионӣ чунин ҷадвалҳои омориро меноманд, ки мубтадои онҳо гурӯҳбандии воҳиди маҷмӯъро аз рӯи якчанд нишонаҳо дар бар мегирад.

Намудҳои ҷадвалҳои оморӣ вобаста аз сохти хабар:

    • ҷадвали омории бо коркарди оддии хабар (нишондиҳандае, ки онро муайян менамояд, ба зергурӯҳҳо тақсим намешавад);
    • ҷадвали омории бо коркарди душвори хабар (тақсимоти нишонаро, ки хабарро ба вуҷуд меорад, ба зергурӯҳҳо дар назар дорад).

Дарси сеюм: Гурӯҳбандӣ ва маҷмўи маълумотҳои оморӣ.Ҷадвалҳои оморӣ.

Масъалаи 1. Маълумотҳо оид ба ҳаҷми воридот ба Тоҷикистон аз давлатҳои Европа дар соли 1999 чунин оварда шудаанд.

Ҷадвали маълумотҳо:

№ давлатҳо Ҳаҷми воридот

Ин маълумотҳоро истифода намуда, қатори ҷобаҷогузории давлатҳоро аз рӯи ҳачми воридот ба Тоҷикистон ба 4 фосилаи пӯшида тақсим намуда, тартиб диҳед.

Ҳал:

Ин маълумотҳоро истифода бурда, ҷобаҷогузории давлатҳои Европа бо ҳачми воридот ба Точикистонро, ба 4 гурӯҳи фосилаи пушида тақсим мекунем. I=(Xmax-Xmin)/n=(1627-111)/4=379

Ҷадвали корӣ:

Фосилаҳо №давлатҳо Ҳаҷми воридот
111-490 2,3,4,7,8,11,12,17,18,19 184,176,311,323,209,345,250,245,400,111
 
490-869 5,6,15 761,614,539
 
869-1248 1,10,13,16 979,946,1002,896
 
1248-1627 9,14,20 1596,1611,1627
 
Хамаги

Ҷадвали гурӯҳбандӣ:

Фосилаҳо Миқдори давлатҳо Ҳачми воридот
111-490
490-869
869-1248
1248-1627
  Ҳамагӣ

Масъалаи 2. Маълумот оид ба фаъолнокии донишҷӯён аз фанни омор дар нимсолаи якум бо маълумотҳои зерин тавсиф карда мешаванд: 2,3,4,6,8,4,2,5,2,2,3,2,5,2,8,10,8,9,5,7,5,6,5,2,3,5,10,9,6,8,2,3,4

Донишҷӯёнро аз рӯи фаъолнокиашон гурӯҳбандӣ намоед.

Ҳал:

Ҷадвали корӣ:

Балл Миқдори донишҷӯён

Ҷадвали гурӯҳбандӣ:

нишондиҳандаҳо фаъол ғайрифаъол
миқдори донишҷӯён

Наши рекомендации