Дарси якум: фан, усул ва вазифаҳои фанни омор.
Калимаи «статистика» аз калимаи лотинӣ (status - ҳолат) пайдо шудааст. Дар асрҳои миёна омор маънои ҳолати сиёсии давлатро дошт. Ба илм ин мафҳум дар асри 18 аз тарафи олими немис Гортфрид Ахенвал дароварда шуд.
Баробари тараққиёбии илми омор бо васеъшавии соҳаи амалии корҳои амалӣ мазмуни мафҳуми «омор» ҳам тағйир меёфт. Дар замони ҳозира мафҳуми «омор» бо 3 маънӣ кор фармуда мешавад:
1) оморро ҳамчун соҳаи фаъолияти амалӣ, ки ба бадасторӣ, коркард ва таҳлили маълумотҳои оммавӣ оид ба ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ равона карда шудааст, мефаҳманд.
2) оморро маводи рақамӣ меноманд, ки он барои тавсифи ягон соҳаи ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ё тақсимоти ҳудудии ягон нишондиҳанда хизмат менамояд.
3) омор ин соҳаи илм, фанни махсус ва мувофиқан фанни таълимӣ дар мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус мебошад.
Фанни омор– тадқиқоти ҳодисаҳои оммавии ҳаёти иҷтимоӣ - иқтисодӣ, тарафҳои миқдории ин ҳодисаҳоро бо алоқамандии маънои сифатии онҳо дар шароитҳои мушаххаси ҷой ва вақт меомӯзад.
Шаш хусусиятҳои асосии фанни омор:
· омор фактҳои алоҳида не, балки ҳодисаҳои оммавии иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҷараёнҳоро тадқиқ менамояд, ки дар намуди маҷмӯи фактҳо баромад намуда, дорои аломатҳои инфиродӣ ва ҳам умумӣ мебошанд;
· объекти омӯзиши омор – маҷмӯи оморӣ, яъне маҷмӯи унсурҳои, ки дорои оммавият, якхела будан, яклухтии муайян, боҳамалоқамандии ҳолати элементҳои алоҳида ва мавҷудияти тағйирёбии аломатҳо мебошад;
· омор тарафҳои миқдории ҳодисаҳои ҷамъиятӣ ва ҷараёнҳоро дар шароитҳои мушаххаси ҷой ва вақт меомӯзад. Яъне фанни омор андозаҳо ва таносуби миқдории ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва қонуниятҳои тараққиёти онҳо мебошад. Тавсифоти миқдориро омор ба воситаи нишондиҳандаҳои оморӣ, ки натиҷаи ченкунӣ дар воҳидҳои маҷмӯъ ва умуман дар худи маҷмӯъ инъикос менамояд;
· омор сохтори ҳодисаҳои ҷамъиятиро тавсиф менамояд, яъне сохтори дохилии маҷмӯи оморӣ, ҳангоми ин гурӯҳбандии оморӣ истифода бурда мешавад;
· омор на фақат сатҳ ва сохтори омории ҳодисаҳоро тадқиқ менамояд, балки тағйирёбии сатҳ ва лағжиши сохтории маҷмӯи оморӣ, ки дар вақт ба вуҷуд меояд, яъне динамикаи ҷараёнро дида мебарояд.
· омор инчунин алоқаҳои сабабӣ-натиҷавиро (ҳамалоқамандӣ) дар ҷараёнҳои гузаранда (ҷоришаванда) ошкор мекунад ва меомӯзад.
Маҷмӯи равишҳое, ки бо ёрии онҳо омор предмети худро тадқиқ менамояд, усули оморро ташкил медиҳад.
Се гурӯҳи усулҳои омориро ҷудо намудан мумкин аст:
1) Усули мушоҳидаи оммавӣ. Маълум аст, ки марҳилаи якуми ҳар кадом тадқиқоти оморӣ ин мушоҳидаи оморӣ мебошад. Он дар ҷамъкунии маводи омории якуминдараҷа дар бақайдгирии ҳамаи фактҳои назаррас, ки ба объекти дидашаванда дахл дорад, имконият медиҳад.
2) усули гурӯҳбандӣ, дар назар дорад, ки факту рақамҳои дар натиҷаи мушоҳидаи омории умумӣ ҷамъоварӣ карда шудаанд, танзим ва таснифот карда мешаванд.
3) усули нишондиҳандаҳои ҷамъбастӣ, тавсифи ҳодиса ва ҷараёнҳои омӯхташавандаро бо ёрии бузургиҳои оморӣ (мутлақ, нисбӣ, миёна) бо мақсади муайян намудани алоқамандӣ ва миқёсҳои ҳодисаҳо, қонуниятҳои тараққиёти онҳо ва додани баҳои пешбинишударо имконият медиҳад.
Дарси дуюм: Мушоҳидаи оморӣ
Се марҳилаи тадқиқоти оморӣ
Методологияи оморӣсистемаи роҳҳо, тарзҳо ва усулҳо, ки ба омӯзиши қонуниятҳои миқдорӣ равона карда шуда, дар сохтор, инкишоф ва алоқамандии ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ифода мегарданд. Методологияи оморӣ асоси тадқиқоти оморӣ мебошад.
Марҳилаҳои тадқиқоти оморӣ:
· мушоҳидаи оморӣ, ё ҷамъ намудани маълумот (ахборот);
· ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) ва гурӯҳбандии натиҷаҳои мушоҳидаи оморӣ, ё коркарди маълумот (ахборот);
· таҳлили маълумоти бадастовардашуда.
Мушоҳидаи оморӣ -ҷамъоварии илмӣ ташкилии маълумотҳо оид ба ҳодисаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии омӯхташаванда, бо ёрии усули мушоҳидаи оммавӣ.
Ҷамъбасткунӣ (натиҷабардорӣ) –маҷмӯи амалиётҳои пайдарпайоид ба ҷамъбандии маълумотҳои мушоҳидаи оморӣ барои тавсифи маҷмӯи оморӣ дар яклухтӣ (бутунӣ) ва қисмҳои алоҳидаи он (ҳисоби натиҷаҳои мобайнӣ ва умумӣ).
Гурӯҳбандӣ- ҷудо намудани маҷмӯи оморӣ ба воҳидҳои сифатан якхела.
Таҳлилё ин ки тадқиқи моҳияти ҳодисаҳои омӯхташаванда марҳилаҳои зеринро дар бар мегирад:
· исботи далелҳо ва баҳодиҳии онҳо;
· муайян намудани хусусиятҳои хос ва сабабҳои ҳар як ҳодиса;
· гузориши як ҳодиса бо дигар (аз он ҷумла бо эталон).
· маънидодкунии гипотезаҳо, хулосаҳо ва пешниҳодҳо.
Масъалаҳои барпошавии мушоҳидаи оморӣ
Барномаи мушоҳидаи оморӣдастаи аломатҳоеро дар бар мегирад, ки ба бақайдгирӣ мусоидат мекунад (яъне саволҳои мушаххасе, ки ба онҳо бояд ҷавобҳо дар варақаҳои оморӣ дода шаванд), намуд ва усули гузаронидани мушоҳидаи омориро асоснок менамояд.
Талаботҳо ба барномаи мушоҳидаи оморӣ:
· барнома бояд тарзи гузориши мақсад ва вазифаҳои аниқи мушоҳидаи омориро дошта бошад;
· барнома бояд нишонаҳои муҳим, тавсифи шакл, хусусиятҳои асосии хоси ҳодисаҳоро дар бар гирад;
· дохил накардани нишонаҳои дуюмдараҷа ё душвормуайяншаванда;
· масъалаҳои барнома бояд аниқ ва якмаъно бошанд;
· бояд на фақат таркиб, балки пайдарҳамии масъалаҳоро низ муайян кард;
· Саволҳои назоратиро дохил намудан мақсаднок аст.
Варақаи оморӣ -ҳуҷҷати намунаи ягона, ки барнома ва натиҷаи мушоҳидаи омориро дар бар мегирад (ҳисобот, варақаи бақайдгирӣ, пурсишнома).
Олотҳои мушоҳидаи оморӣин варақаи оморӣ ҷамъи дастурамал оид ба тартиби гузаронидани мушоҳидаи оморӣ ва пуркунии варақаи оморӣ мебошад.
Объкти мушоҳидаи оморӣ –маҷмӯи оморие, ки дар он ҳодиса ва ҷараёнҳои тадқиқшаванда ба вуҷуд меояд.
Воҳиди мушоҳидаи оморӣ -унсури таркибии объекти мушоҳидаи оморӣ ки дорои нишона аст ва ба бақайдгирӣ тааллуқ дорад.
Воҳиди ҳисоботӣсубъекте, ки аз он маълумот оид ба воҳиди мушоҳидаи оморӣ бармеояд.
Интихоби ҷои гузарониданимушоҳидаи оморӣ аз мақсади он вобаста аст.
Лаҳзаи критикии мушоҳидаи оморӣин рӯз ва соати мушаххас, ки дар он бояд бақайдгирии нишонаҳо аз рӯи ҳар як воҳиди мушоҳидаи оморӣ гузаронида шавад.
Давраи гузаронидани мушоҳидаи оморӣ, вақте ки дар рафти он пуркунии варақаи оморӣ ба вуҷуд меояд.
Масъалаҳои ташкилии мушоҳидаи оморӣ
· интихоби ҳисобкунакҳо, бақайдгирандагон ва таълими онҳо;
· гузаронидани семинарҳо барои ташкилкунандагони мушоҳидаи оморӣ;
· гузаронидани корҳои оммавии тавзеҳӣ (дар ВАУ, дар объекти мушоҳидаи оморӣ);
· тартиб додани нақшаи тақвимии корҳо оид ба мушоҳидаи оморӣ;
· нусхабардории ҳуҷҷатҳо.
Хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
Саҳеҳии мушоҳидаи оморӣдараҷаи мувофиқати қимати ягон нишондиҳанда, ки бо роҳи ченкунии оморӣ муайян карда шуда, бузургии ҳақиқии он мебошад.
Хатогии мушоҳидаи оморӣ -ба ҳам мувофиқат наомадани байни қимматҳои ченкардашуда ва ҳақиқии бузургии омӯхташаванда.
Ду усули тафтиши маълумотҳои мушоҳидаи оморӣ чунинанд:
· назорати ҳисобӣ тафтиши натиҷаҳо ва ҳисоби санҷишии нишондиҳандаҳо (мавҷудияти хатогӣ аниқ муайян карда мешавад);
· назорати мантиқӣ муқоисаи маълумотҳои бо дигар нишонаҳои маълум, нишондиҳандаҳо оварда шудааст.
Намудҳои хатогиҳои мушоҳидаи оморӣ
Хатогиҳои ногаҳонӣбо бедиққатӣ, беэҳтиётии бақайдгиранда ва аниқ набудани асбобҳои ченкунӣ алоқаманд аст.
Хатогиҳои мунтазам хатогиҳои яклухткунии синну сол ва суммаҳо, азхотирбарории «хароҷотҳои дуюмдараҷа» аст.
Хатогиҳои ногаҳонии намояндагӣ(репрезентативности) – хатогиҳо аз сабаби пурра дар бар нагирифтани маълумот.
Хатогиҳои мунтазами намояндагӣ - хатогиҳо аз сабаби тамоили сохтори маҷмӯаи интихобӣ ва генералӣ бавуҷудомада.
Хатогиҳои ғаразноки навъи якум– аз сабаби истифодабарии тарзҳои номувофиқ ҳангоми мавҷудияти тарзҳои мукаммал.
Хатогиҳои ғаразноки навъи дуюмаз сабаби истифодабарии схемаҳои ташкилотии номукаммали гузаронидани мушоҳидаи оморӣ (масалан, хатогиҳои мушоҳидаи дохилӣ) пайдо шудаанд.
Дарси сеюм: «Фан, усул ва вазифаи фанни омор. Мушоҳидаи оморӣ.»
Супориш: Гузаронидани мушоҳидаи оморӣ бо ёрии сохтани анкетаи пурсиш.