Мавзуи 2. Бахисобгирии бухгалтери хамчун низоми иттилооти

1. Шаклхои ташкилоти тичорати.

2. Вазъи молияви ва муодили баланси.

3. Пешниходи иттилооти бухгалтерии тавассути хисоботи молияви.

4. Макоми бухгалтер дар идоракуни ва асосхои одоби касби.

Мувофиқи Консепсияи СБҲМ, максади ҳисоботи молиявӣ аз пешниҳоди маълумот оиди вазъи молияви натиҷаҳои фаъолият ва тагйирот дар вазъи мвлиявии ширкат иборат аст. Қарорҳои иқтисодии аз ҷониби истифодабарандагони ҳисоботи молиявӣ кабулшаванда, баҳодиҳиро нисбати кобилияти ширкат оиди бунёди воситаҳои иулӣ ва муодили онҳо, ҳамчунин саривақтӣ ва устувории ин амалро талаб мекунанд.

Вазъи иқтисодии ширкат аз захираҳои иқтисодии мавҷудбуда, сохтори молиявии он бозоргири (ликвидность) ва қудрати пардохт доштани он, ҳамчунин ба шароити муҳит шудани он вобастагй дорад. Маълумот оиди захираҳои иқтисодй барои пешгӯии кобилияти ширкат вобаста ба бунёди воситаҳои пулӣ ва муодили онҳо дар оянда муфид аст.Маълумот оиди сохтори молиявӣ барои пешгӯии талаботи минбаъда ба воситаҳои қарзй ва таксимоти фоидаи дар оянда ба дастоянда байни мулкдорон зарур аст. Маълумот оиди сохтори молияви барои пешгӯии талаботи минбаъда ба воситахои карзи ва таксимоти фоидаи дар оянда ба дастоянда байни мулкдорон зарур аст. Маълумот оиди дарачаи бозоргири ва кудрати пардохткуни барои пешгуии иктидори ширкат дар ичроиши саривактии ухдадорихо зарур аст.' : '■'

Вазъи молиявӣ (финансовое положение) - ин мавҷудияти захираҳои иқтисодии ба ширкат тааллуқ дошта ва тамоми сармояи ба онҳо мукобилгузашта аст.

захираҳои иқтисоди = кулли сармоя

захираҳои иқтисоди = сармояи чалбшуда + сармояи худй

активхо =ӯҳдадориҳо + сармояи худи

Дар баҳисобгирии бухгалтерӣ захираҳои иқтисодиро активхо ва сармояк ҷалбшударо -ӯҳдадориҳо меноманд.

Баробарии дар боло овардашуда ҳамчун муодилаи балансй маълум аст3.

Аз рӯи ақидаи Хендриксен Э.С. ва Ван Бреда М.Ф. «активҳо ноқилони даромаданд ӯҳдадориҳо бошанд ба онҳо муқобил гузошта шудаанд ва ин иқтидорро паст мекунанд. Захираҳо ва ӯҳдадориҳо дар он ҳолат эътироф мешаванд, агар онҳо ченшаванда, релевант» ва боэътимод бошанд».

Мувофиқи консепсияи СБХМ, ҳисоботи молиявӣ натиҷаҳои молиявии амалиёт ва дигар ҳодисаҳоро инъикос карда, онҳоро ба категорияҳои васеъ - элементҳо (ҷузъ, унсур' мувофиқи хусусиятҳои иқтисодиашон муттаҳид менамояд. Элементҳои бевосита ба баҳодиҳии вазъи молиявӣ алоқаманданд - активҳо, ӯҳдадориҳо ва сармоя мебошанд, ки дар баланси бухгалтерӣ (тавозуни мусоҳибӣ) пешниҳод мешаванд. Элементҳое, ки бевосита бс баҳодиҳии натиҷаҳои фаъолият алоқаманданд - даромад, хароцот, фоида ва ё зарар буда, дар; ҳисобот оиди фоида ва зарар (ҳисобот оиди натиҷаҳои фаъолияти молиявӣ - хоҷагӣ пешниҳод мешаванд.

Активҳо - ин захираҳои аз цониби ширкат назоратшавандаеанд, ки натицаҳои ҳодисот в( амалиёти давраҳои пешин буда, дар худ фоидаҳои иқтисодии минбаъдаро тацассум менамоянд.

Активҳо дар баланс ба тариқи зайл нишон дода мешаванд:

> қиматҳои пулӣ (монетарй) - воситаҳои пулӣ, маблағгузорӣ ва ӯҳдадориҳои қарзш харидорон ва дебиторон;

> қиматҳои моддӣ (ғайримонетарӣ) - захираҳои моливу моддй ва воситаҳои асосӣ;

> активҳои ғайримоддӣ.

Уҳдадориҳо - қарзҳои ширкат мебошанд, ки камшавии потенсиалии актив ва даромадрс пешбинӣ намуда, аз воқеа ва амалиёти давраҳои пешин ба миён омадаанд. Уҳдадориҳо дар баланси бухгалтерй дар намуди қарздории кредитории воқеӣ, ҳисобкардашуда баҳододашуда ва шартӣ пешниҳод карда мешаванд.

Сармояи худй - ин ҳиссаест дар активҳои ширкат, ки баъди пардохти ҳамаи ӯҳдадориҳо боқи мондааст. Сармояи худй дар баланс бо намуди сармояи гузошташуда (саҳҳомӣ), сармоя замшуда, фоидаи тақсимношуда ва сармояи захиравии аз он ташкилшаванда пешниҳо карда мешавад.

Муодилаи балансии тагйирёфта сармояи худиро чунин муайян мекунад:

Сармояи худи = Активҳо - Уҳдадорихо

Сармояи худӣ активҳои соф - «нархи ширкат»-ро нишон медиҳад.

Пешниҳоди маълумоти бухгалтерӣ тавассути ҳисоботи молиявӣ

/Ҳисоботи молиявӣ (financial statement) - модели воҳиди хоҷагидорист. Гарчанде он тасвири пурра ва ҳаққонии вазъи корро пешниҳод намекунад, натиҷаи беҳтарин саъю кӯшиши бухгалтер дар ин самт мебошад.

Хисоботи молиявии аз чониби шркат тахияшаванда ба le гурух таксим мешавад: хисбобот барои санаи аник ва хисоботи даврави.

Мутобики СБХМ, хисоботи молияви аз хуччатхои зерин иборат аст:

1. Хисобот оиди вазъи моликияти – баланси бухгалтери, и барои таърихи мушаххас тахия шуда, дорои маълумот оиди активхо, ухдадорихо ва бузургии сармояи худист. Баланси бухгалтери хамчун «акси суратгирии» вазъи молиявии ширкат дар таърихи муайян маълум аст.

2. Хисобот оиди натичваи фаъолияти молиявию хочаги – хисобот оиди фоида ва зарар, ки маълумотро оиди фаъолияти вобаста бо бунеди фоида е худ воситахои бадастомада ва харчшуда дар давраи муайян дар бар мегирад. Максади асосии хар кадом ширкат – новобаста аз ном ва фаъолияти ширкат ба даст овардани фоида е худ зиеда кардани боигарист. Бинобар ин, хисобот оиди фоида ва зарар бисер мухим аст. Чунки вай натичахои фаъолияти молияви – хочагии ширкатро нишон медихад.

3. Хисобот оиди харакати сармояи худи – хисоботест, ки дар он тагфиребии воситахои аз чониби сохибмулк гузошташуда ва бозпас гирифташуда, е худ дар натичаи фаъолият тули давраи муайян ба даст омадаро нишон медихад.

4. Хисобот оиди фоида таксимношуда – хисоботест, ки натичахои фаъолияти ширкатро барои тамоми давраи мавчудияти он ва самтхои истифодабарии фоидаро нишон медихад.

5. Хисобот оиди харакати воситахои пули – хисоботест, ки таъсири фаъолияти амалиети, молияви ва сармояузории ширкатро ба вазъи воситахои пули дар давраи муайян нишон медихад.

Маълумоти хамаи хисоботи номбаршуда байни худ алокаманданд. Фоидаи софи дар хисобот оиди фоида ва зарар нишондодашуда, фоидаи таксимношударо дар хисобот оиди фоидаи таксимношуда зиед мекунад, бакияи нихоии фоидаи таксимношуда бузургии сармояи худиро fapey намуда, бузургии сармояи худи дар баланси бухгалтери инъикос мегардад.

Наши рекомендации